logo

иқтисод

ВАҲДАТ ВА ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Муроҷиати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992, ки дар он ба барқарорсозии фаъолияти тамоми субъектҳои иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои бозаргонӣ дар кишвар  даъват шуда буд,  омили  ташаккули иқтисоди конститутсионӣ дар кишвар гардид.  Сарвари давлат  дар Форуми дувуми тоҷикони ҷаҳон (8  сентябри соли 1993) чунин  таъкид карда буд: «Мо зимни ташкили бахшҳои давлатӣ ва хусусии иқтисод баробарии тамоми шаклҳои моликиятро таъмин карда, ният дорем, ки бад - ин тартиб  фазои озод ва мусоидро барои рушди  саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо фароҳам оварем».  Дар солҳои минбаъда  иқтисодиёти Тоҷикистон  маҳз  дар  заминаи пойдории  ваҳдати миллӣ  рушд намуд.
Бо  талошҳои  пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи фаъоли шаклгирӣ ва рушди асосҳои иқтисодиёт дар мамлакат минбаъд ҷанбаи комилан нави сифатиро гирифт.  Агар даромади буҷети давлатӣ ба сари ҳар нафар аҳолии кишвар  соли 1997 ҳамагӣ 19, 8 сомониро ташкил  мекард, пас он дар соли 2015 - ум 1880 сомониро ташкил дод. Музди миёнаи як коргар дар мамлакат  нисбат ба соли 1997-ум  қариб 200  баробар зиёд гардида, ҳоло  зиёда аз 880 сомониро ташкил медиҳад. Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба таври назаррас коҳиш дода шуд, ин нишондиҳанда назар ба соли 1997 се маротиба паст  мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ба куллӣ афзуд.  Имрӯз аз ҳаҷми умумии маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ қариб 3,5 миллиард сомонӣ ба  маблағгузориҳои давлатӣ,   беш аз 3,3 миллиард   ба  сармояҳои хориҷӣ ва 2301,5 миллион сомонии  он  ба дигар манбаъҳои маблағгузорӣ рост меояд.
Баъд аз қабул ва амалисозии «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» ҷумҳурӣ дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ,  ҳуқуқӣ, дунявӣ,  воҳид ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Дар ин давра  рушди  иқтисодии устувор дар сатҳи миёнаи 7 дарсад таъмин гардида, даромади аҳолӣ хеле боло рафт,  имконияти манёври буҷетӣ низ афзоиш ёфт ва  маблағи бештар ба неруи инсонӣ  чун сарчашмаи бунёдии рушди минбаъдаи иқтисодиёт равона гардид.
Имрӯз кишвари мо дар марҳилаи нави рушд қарор дорад.  Ҳукумати ҷумҳурӣ  Консепсияи рушди кишварро барои то  соли 2050 ва  «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро  ба тасвиб расонд, ки заминаи воқеии ин ҳуҷҷатҳои стратегиро  рушди минбаъдаи иқтисодиёт ташкил мекунад. 
Ҳоло зарур аст,  ки коҳишдиҳии  осебпазирии иқтисодиёти кишвар  аз таҳдидҳои эҳтимолии беруна, ҷустуҷӯ ва таҳияи механизмҳои самаранок ва сарчашмаҳои дохилии рушди устувору босуботи иқтисодӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул, дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ дар меҳвари сиёсати иқтисодӣ бошад. Иқтидори иқтисодии кишвар бояд ҳамчун заминаи моддии амнияти миллӣ арзёбӣ гардад. Чунки дар даҳсолаи наздик давраи нави технологӣ, иқтисодӣ ва сиёсии хоҷагии ҷаҳонӣ оғоз меёбад, ки он суръати афзоиши иқтисодии ҷаҳониро то нимаи асри ХХI тадриҷан суст мегардонад. Мо бояд барои дарки дурусти ин раванд омода бошем ва аллакай самтҳои модели афзоиши ояндаро нишон дода,  хусусиятҳои сифатии онро муайян карда тавонем.  Дар ин робита истифодаи оқилонаи сармояи инсонӣ ва табиӣ, аз ҷумла таҳкимбахшии потенсиали институтсионалии рушд дар самти баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ,  рушди индустриалии ояндаро муайян  месозад ва гузаришро аз иқтисоди аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ таъмин мекунад.
Лутфулло САИДМУРОДОВ,
директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2017    №: 132    Мутолиа карданд: 506

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед