logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МУҲАББАТ ва ҶАҲОЛАТ
Духтарчае дар мошини падараш хат менависад. Субҳ, вақти ба кор рафтан, падар доғи мошинро дида, ба ғазаб меояд. Ба хона даромада, ба дастони духтарча чунон сахт мезанад, ки… Духтарчаро маҷбур мешаванд ба беморхона баранд. Баъди интизории зиёд табиб назди волидони кӯдак баромада мегӯяд:
- Ҷарроҳӣ карда, дасти кӯдакро мебурем, дигар илоҷ надорем.
Баъди ба ҳуш омадани кӯдак падар ба палата медарояд. Духтарча падарашро дида хурсанд мешавад:
- Дадаҷон, дастам сабзида барояд, дигар ба мошинатон хат наменависам.
Мард худро дошта натавониста, бо овози баланд гирякунон аз палата мебарояд. Назди мошин омада, хати навиштаи духтарашро мехонад:
«Ман дадаҷонамро дӯст медорам!»
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


«ЛАЗЗАТ» - и РИШВА
Қозие назди шаҳриёр омад ва хоҳиш кард, ки ин дафтару девон аз ман бигир ва маро аз  масъулияти қозигӣ озод намо.
Шаҳриёр ҳайрон шуду сабаб пурсид. Қозӣ ҷавоб дод: «Ҳафтаи гузашта ду нафар бо мушкиле назди ман омаданд ва ҳар яке шоҳиду далеле бо худ дошт, ки боиси андеша буд. Онҳоро рад кардам ва вақт додам, ки ислоҳ шаванд. Яке аз онҳо шунида буд, ки ман хурморо меписандам. Аз ин сабаб, хурмои хушхӯре таҳия карда, тавассути ходимон ба ман овард. Чун чашмам ба хурмо афтод, дилам каме таҳ кашид, аммо ба хидматгузор гуфтам: «Ба соҳибаш баргардон!»
Имрӯз он ду даъвогар боз наздам омаданд. Дидам дар назари ман соҳиби хурмо муқаддаму муҳаббаташ ба ӯ бештар аст. Армуғони ӯро нагирифта ҳоли ман ин аст, пас аз пазируфтан чун шавад?!
Таҳияи Б. БАҲОДУР


ЗАМИН КУРАШАКЛ АСТ!  ПАС ЧАРО ОДАМОНИ ДАР «ПОЁН» БУДА НАМЕАФТАНД?
 Далели курашакл будани Замин бебаҳс аст. Донишмандон ҳанӯз чандин аср пеш онро собит намуданд. Аммо бисёриҳо сари он  меандешанд, ки  агар Замин курашакл бошад, одамони  дар «поён» буда чаро намеафтанд?  Дар воқеъ ин ба назар аҷиб менамояд.
Вақте олими асри III пеш аз милод Эратосфен андешаи курашакл  будани Заминро пешниҳод  кард, ба ӯ айнан чунин саволро  доданд. Ӯ, ки сабабашро намедонист, ҷавоб дода натавонист. Аз ин рӯ,  бисёриҳо ба ӯ бовар накарданд.
Чизе, ки  боиси наафтидани одамон мебошад, ин қувваи ҷозиба аст ва онро Нютон дар соли 1666 собит намуд.
Самти ҷозиба ба маркази Замин равона аст ва мо дар кадом нуқтаи сатҳи Замин қарор дошта бошем, «боло» гуфта мо болои сарамонро дар назар дорем, зеро поямон ҳамеша дар Замин қарор дорад.
Агар замин чунин қувва намедошт, одамони дар «поён» буда меафтоданду одамони дар «боло» буда  аз Замин канда шуда мерафтанд, кайҳоннавардон барои ба фазои кушод баромадан сӯзишвории зиёд харҷ карда, қувваи ҷозибаро бартараф намекарданд. Умуман, он вақт зиндагӣ дар рӯи Замин ба тарзи тамоман дигар ҷараён мегирифт.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


"МУРООТ"
Боре як зани навшуҳрати болоназар ба нависандаи маъруфи бритонӣ, муаллифи беш аз 90 романи детективӣ Ҷеймс Ҳедли Чейз «муроот» кард:
- Асари наватон бениҳоят ба ман писанд омад. Лутфан мегуфтед, ки онро кӣ ба ҷои шумо навиштааст?
Чейз худро гум накарда, бо як эҳтироми хос ба хонум бадоҳатан чунин посух медиҳад:
- Басо хурсандам, ки назари мубораки шумо ба асари хоксоронаи банда афтодааст. Пас мегуфтед, ки онро кӣ ба шумо хонда додааст?
Тарҷумаи М. ЗУВАЙДОВА


JIBO АФСОНА МЕХОНАД
Олимон роботи хонагии Jibo - ро ихтироъ карданд, ки метавонад ҷашни оилавиро расм гирад, шаб барои кӯдакон афсона хонад, аз ягон вохӯрӣ ёдрас кунад ва занги телефонии бепосухро ба соҳибаш хабар диҳад. Инчунин, қобилияти идора кардани дигар таҷҳизот, аз ҷумла рӯшан кардани чароғ ва телевизорро низ дорад.
Ба гуфтаи ихтироъкорон, робот метавонад ёрдамчии беминнат ва аъзои комилҳуқуқи оила бошад. Jibo ба соҳибаш дар тамиз кардани хона ё харид аз мағоза кумак карда наметавонад, аммо имкони суҳбат ва бо ёрии тасаввур эҳсосоти худро ифода карданро дорад.
Баландии қади Jibo наздики 33 сантиметр буда, вазнаш қариб 3 килограмм мебошад. Jibo-ро ба осонӣ аз як хона ба хонаи дигар бурдан ва вақти хоб онро болои чорпоя гузоштан мумкин аст.
Гурӯҳи созандагони Jibo-ро профессори Донишгоҳи технологии Массачусетси Синтия Бризил роҳбарӣ мекунад, ки бо таҳқиқоти худ дар ҷодаи роботтехника маъруф аст. Арзиши ин робот 499 долларро ташкил медиҳад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


9 ЗАН ИРОДАИ ҚАВӢ
Ин бор сухан аз заноне меравад, ки бо иродаи қавӣ тавонистанд ҳаёти худро тағйир дода, бо саъю кӯшишҳои пайваста қуллаҳои баландро тасхир кунанд.

Жанна БАРРЕ
Ӯ дар таърих аввалин занест, ки гирди оламро сайр кардааст. Барои ба мақсади худ расидан, ӯ либоси мардона пӯшида, ҳамчун ғуломи олими ботаника  тавассути киштӣ ба саёҳати олам мебарояд. Пас аз он ба Париж баргашта, ба Осорхонаи илмҳои табии 3 000 гиёҳи номаълумро тақдим намуд.  Шоҳи Фаронса ин хизмати Жанна Барреро ба инобат гирифта, ба ӯ нафақаи якумра таъйин намуд.

Гарриет Табмен
Ин бонуи ҷасур ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА ба ҳайси ҳамшираи шафқат, разведкачӣ ва нависанда фаъолият намуда, дар ислоҳоти иҷтимоии кишвар саҳми босазо гузоштааст. Корнамоиҳои Гарриет Табмен боис гаштанд, ки ҳазорҳо нафар аз ӯ пайравӣ намоянд.
(идома дорад)
Таҳияи Лола РИЗОЕВА


СУРЪАТ ЧАНД АҶОИБОТ
Дар оби ҷӯшидаистода молекулаҳо бо суръати 650 метр дар як сония ҳаракат мекунанд. Суръати парвози тӯб дар бозии голф бошад, то 270 километр дар як соатро ташкил медиҳад.
Суръати баландтарини ҳаракати инсон ба  39 897 километр дар як соат баробар аст. Ин бовар нокарданист, вале воқеият дорад. Онро кайҳоннавардони «Аполлон 10» дар баландии 122 километр аз сатҳи Замин амалӣ намудаанд.
Ронанда Ҳайн Вагнер бо автомобили «Mercedes - Benz SL65 AMG» бо суръати 322, 5 километр дар як соат ҳаракат карда, ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ворид шудааст.
Рекорди расмии суръати баланди хониш ба Ирина Иваченко тааллуқ дорад, ки 163 333 калимаро дар дақиқа дар бар мегирад. Ҳамзамон, ҳамаи калимаҳои қироат намудаи ӯ фаҳмо буданд. Рекорди ғайрирасмии суръати хониш - 416 250 калима дар дақиқа 9 сентябри соли 1989 ба қайд гирифта шуда, он ба Евгения Алексеенко тааллуқ дорад. 
Принтери «Inkjet Web Press» аз ширкати «Hewlett – Packard» 2600 саҳифаро дар формати А4 дар як дақиқа нусхабардорӣ мекунад.
Суръати баландтарини нақоразанӣ ҳам бақайд гирифта шудааст. Он 24 октябри соли 1991 аз ҷониби мусиқанавози англис Рори Блэквелл амалӣ шудааст. Ӯ дар як дақиқа  3 720 маротиба бо чӯбча ба нақора задааст, яъне дар як сония - 62 зарба.
Фридрих Балк муқаррар намуд, ки суръати ҳаракати сарпӯши шампон 40 километр дар як соат аст.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


БЕНЧЛИ ва КОНТР - АДМИРАЛ
Муаллифи романи оламшумули «Ашкдандон» («Челюсти») Питер Бенчли боре ҳангоми аз меҳмонхона баромадан ба марди низомипӯше бо чунин хоҳиш муроҷиат намуд:
- Мебахшед, шумо метавонед барои ман таксӣ даъват кунед?
Низомипӯш аз ин саволи ғайричашмдошт дар ғазаб омада, дағалона посух медиҳад:
- Ман ба шумо хидматгор («швейтсар») нестам. Ман контр – адмирали флоти баҳрӣ – ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоам.
- Олиҷаноб, пас, агар бе малол бошад, барои ман як киштии ҷангӣ даъват кунед.
Тарҷумаи М. ЗУВАЙДОВА


МУЪҶИЗА ПОЕЗД АЗ БАЙНИ БИНО МЕГУЗАРАД
Дар шаҳри Чунсини Чин, ки дорои 50 миллион аҳолӣ мебошад, нақлиёти шаҳрӣ проблемаи ҷиддист. Маъмулан ҷиҳати ҳаракати ин қадар одамони зиёд дар ҳудуди шаҳр аз ҳамаи васоити муосир истифода мебаранд, аз ҷумла аз роҳи оҳани ягона.
Ҳангоми сохтани як қитъаи ин гуна роҳ мутахассисон ба хулосае омаданд, ки бинои нуҳошёнаро вайрон ва кори худро мушкил накарда, роҳи оҳанро аз миёни бино бисозанд.  Проблема ба таври хеле осон ҳал гардид. Бидуни гардиши даври бино гузаргоҳро мустақиман аз байни он дар сатҳи ошёнаи шашум – ҳаштум сохтанд.
Оё  аз ин ҳол сокинони бинои бисёрошёна зарар диданд? На он қадар, ҳатто аз он бурд карданд, зеро дар бино истгоҳи роҳи оҳани ягона – Liziba мавҷуд аст, ки одамон аз манзили худ дур нарафта, ба қатора савор мешаванд.
Проблемаи садояшро ҳам ба воситаи таҷҳизоти махсус ҳал намуданд ва сатҳи садои қатора аз сатҳи садои мошини зарфшӯӣ баланд нест.
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


РЕКОРДИ ҶАҲОНИИ ЯК НОБИНО
Аз он ки мототсиклрон Стюарт Ганн чизеро намебинад, мушкиле нест. Стюарт аз ҳама мототсиклрони босуръати нобино дар олам маҳсуб мегардад. Ӯ савори «аспи оҳанин» - и худ то 270 километр дар як соат суръатро афзудааст. Падараш Ҷефф ҳамеша дар канори Стю-арт буда, бо гӯшмонак бо вай дар иртибот мешавад, барои аз масири муқарраршуда набаромадан, дар ҷойҳои лозим тормозро фаромӯш накардан ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаи нохуш бо писараш дар тамос мегардад.
«Ман мехоҳам ба тамоми оламиён исбот намоям, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат бар худ хати батлон накашанд. Агар рафту нобино ва ё маъюб гардидед, ҳеҷ гоҳ таслим нашавед. Ин ҳолат набояд ҳаёти шуморо тағйир дода, дар қолаби чаҳорчӯба дарорад», - мегӯяд Стюарт аз Эдингбург (Англия).
Тавре сомонаи бритониёии Metro хабар додааст, марди 39 – сола 11 сол муқаддам садамаи даҳшатбореро аз сар гузаронд ва дар натиҷаи он ду қисмати сутунмуҳра, чанд қабурғаву китфаш шикаст. Бар иловаи ҳамаи ин бадбахтиҳо, тарафи рости баданаш аз кор монд. Вай таҳти муолиҷаи тӯлонӣ боз тавонист «аспи оҳанинаш» - ро дубора зин бизанад. Пас аз ин вайро дигар боздошта намешуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
«КИШТИҲОИ КАЙҲОНӢ»: ТАБАҚЧАҲОИ ПАРРОН
«Воқеаи ногувори Росуэлл» - ро чи тавре ки шарҳ надиҳанд, як чиз далели қотеъ мемонад: аз охири солҳои 1940 башарият ба «эраи НЛО» (НЛО – неопознанный летающий объект - чизи номаълуми паррон, шайъи паррон, табақчаҳои номаълуми паррон) ворид гашт.
Шайъҳои паррон, ки тасаввуроти бинандаро тасхир месозанд, садсолаҳо боз ба чашми мардум бармехӯранд. Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ ҳодисаҳои зиёди осмонии ба ақл рост наоянда сабт ёфтаанд. Масалан, дар соли 215 то мелод дар фазои Рим «як чизи монанд ба киштӣ» - ро дидаанд.
Дар хусуси чизҳои номаълуми паррони ғайримеханикӣ дар тӯли садсолаи XIX зиёд гуфтаанд. Масалан, дар моҳи сентябри соли 1814 ва октябри соли 1915 дар осмони Фаронса абрпораҳои даврашакл пайдо шудаанд, ки бар муқобили шамол шино карда рафтанд. Солҳои 1908 – 1937 дар ҳудуди Аврупо «дастгоҳҳои шаффофи паррон» - и аҷоибро бисёр ба мушоҳида гирифта будаанд. Масалан, 4 ва 5 сентябри соли 1908 дар фазои шаҳри Крофордсвилли иёлати Индиана «мори сафеди шашметраи ҷилодоре» падид омад, «мори сурхи ҷилодор» - ро соли 1878 дар осмони Оклахома дидаанд, 4 январи соли 1991 дар Япония «ҷирми медузашакли сафеди паррон» пои як говро бурида рафтааст.  
Аз миёнаҳои солҳои 40 – уми асри ХХ олимон ба «табақчаҳои номаълуми паррон» таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд ва ба ин хулоса омаданд, ки 80 дарсади рӯйдод ба ҳодисаҳои табиат вобаста буда, танҳо 20% боқӣ чун асрор ба онҳо пӯшида мондааст.
Аз соли 1950 назарияе дар бораи он шакл гирифт, ки чизи номаълуми паррон (НЛО) дастгоҳи намояндагони сайёраҳои дигар аст. Гӯё одамон онҳоро дидаву суҳбат карда бошанд. Дар матбуот акси табақчаҳои парронро ҷой медоданд, ҳатто филмҳои ҳуҷҷатӣ ҳам мебардоштанд.  Масалан, 11 майи соли 1950 аккос Пол Трент чизи номаълуми аз назди хонааш паррон гузаштаро акс бардоштааст, ки ба «чатри парашути бебанд» монанд будааст. Суратгир муътақид будааст, ки он як намуди яроқи махфист. Имрӯз, дар асри компютер, суратҳои НЛО қимати худро гум карданд. Вале солҳои 1950 – 1960 ба воситаи радарҳо бисёр далелҳое пайдо гаштанд, ки мавҷудияти чизи номаълуми парронро тасдиқ месозанд. Аммо ҳоло ба ин ҳам боварӣ кам гаштааст. Вале, ба ҳар ҳол ягон кас набудани чизи номаълуми парронро тасдиқ намекунад, воқеан ҳам онҳо ҳастанд. Лекин табиати чизи номаълуми паррон чӣ гуна аст, ин ба мо пӯшидааст. Аз дигар сайёраҳост ё аз «дунёи мувозии яквақта?».
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


6 ТОННА ВАЗНИ ЯК МУСАВВАРА
Айни ҳол калонтарин мусаввараи олам дар Осорхонаи таърихии Чин, бо дарозии 618 ва паҳнои 2,5 метр, маҳфуз аст. Ин мусаввараи ғайриодиро рассомони тибетӣ наққошӣ карда, кӯшиш намуданд, ки дар он таъриху фарҳанг, санъату тиб ва тамоми равияҳои тибетиро тасвир намоянд.
Мусаввара чунон оливу нозук ҳаккокӣ шудааст, ки на ҳама тамошогар дар нигоҳи аввал сарфаҳми ин муъҷиза мераванд. Масалан, дар як қисмати он, ки 1,3 метри мураббаъ мебошад, 2480 расми одамон ва дигар ашёҳоро ҷой намудаанд. Барои офаридани ин асари машҳур 400 нафар рассомони тибетӣ муддати 4 сол заҳмат кашиданд.
Асари дигаре, ки бо бузургии худ бинандаро ба ҳайрат меорад, номи «Мавҷ» ва ба қалами рассоми машҳури хорватӣ Дидҷуро Сироглави тааллуқ дорад. Он ҳамчун калонтарин шоҳасари санъати рассомӣ эътироф шуда, шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» гардидааст. Вазни ин мусаввара 6 тонна буда, бо дарозии 6436 метр ва паҳноии 2 метр омода шудааст.
Айни замон, ин асарро ба қисматҳо ҷудо намуда, дар музоядаҳо ба фурӯш баровардаанд. Мақсади асосии муаллиф ин аст, ки маблағи бадастовардаро ба фонди хайриявии кӯдакони хорват ирсол намояд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


АВВАЛИН МУҲАРРИКИ АВТОМОБИЛРО КӢ ИХТИРОЪ КАРД?
Нахустин экипажи худҳаракаткунанда, ки дар асри XIX  сохта шудааст, буғӣ буд. Дар миёнаи соли 1880 муҳандисони олмонӣ Бенс ва Даймлер автомобилро ба муҳаррики бензинӣ мутобиқ карданд. Соли 1892 Рудолф Дизел муҳаррике  ихтироъ намуд, ки дизелӣ ном гирифт.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


БОНУФУЗТАРИН ФУРУДГОҲҲОИ ҶАҲОН
Ширкати «Air Help» рӯйхати бонуфузтарин фурудгоҳҳои ҷаҳонро интишор кард. Ҳамин тариқ, коршиносон фаъолияти 76 фурудгоҳро аз рӯи се намуд баҳогузорӣ намуданд. Сифати хизматрасонӣ, вақти корӣ ва андешаи мусофиронро оид ба фурудгоҳ низ ба назар гирифтанд. Аз рӯи натиҷаҳо, дар ҷойи аввал фурудгоҳи Чанги Сингапур қарор гирифт. Мақоми дуюмро Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Мюнхени Олмон ва ҷои сеюмро фурудгоҳи Ҳонконг касб карданд. Дар рӯйхати даҳгонаи беҳтарин бошад, фурудгоҳҳои Копенгагени Дания, Хелсинкии Финляндия, Тсинтсиннати Огайо, Барселона ва Мадриди Испания, Окленди Зеландияи Нав ва Франкфурти Олмон шомил шуданд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2017    №: 133    Мутолиа карданд: 517

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед