logo

иҷтимоиёт

ШОҲСУТУНИ КОХИ ДАВЛАТ

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави созандагӣ ва тараққиёт ворид гардид. Дар иртибот ба ин рӯзи таърихӣ ва дастовардҳои бист соли ваҳдати миллӣ мусоҳибони мо андешаҳояшонро чунин баён намуданд:

Маърифат Зоирзода, раиси ноҳияи Балҷувон:
- Дар бист соле, ки дар кишвар сулҳу субот пойдор аст, дар ҳаёту зиндагии мардум дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ваҳдатро агар рамзи ободию бунёдкорӣ ва беҳбудии рӯзгори мардум унвон кунем, хато нахоҳем кард. Зеро маҳз ваҳдат шароит фароҳам овард, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат рӯ ба беҳбудӣ ниҳанд. Ҳар як сафари кории Сарвари давлат ба диёри бостонии Балҷувон шодию фараҳ ва шодмониҳои зиёд овардааст. Президенти мамлакат зимни мулоқот бо фаъолони ноҳия изҳор доштанд, ки Балҷувони бостониро ояндаи нек ва дурахшон интизор аст. Ин суханони Пешвои миллат мардуми ноҳияро рӯҳбалад намуда, ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар раҳнамун месозад.

Файз Одинаев, сардори муассисаи давлатии нақби оби Данғара:
- Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад. Файзу баракати Ваҳдати миллӣ буд, ки дар мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо кардааст. Бунёди садҳо муассисаи муҳими истеҳсолию фароғатӣ, роҳу пулҳо, нақбҳо, корхонаҳои саноативу иншооти энергетикӣ, афзоиши бемайлони истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ самараи ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мераванд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ шуд, мамлакат сол ба сол ободу зебо гардида, қадам ба қадам пеш рафта истодааст.

Сироҷиддин Гурезов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ:
- Мардуми тамаддунофари тоҷик ҳамасола 27 июнро ҳамчун рӯзи муборактарини миллат ва давлат ботантана ҷашн мегиранд ва талош бар он доранд, ки дар диёри азизамон сулҳу ваҳдат поянда монад.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2005 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризояти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоят сарфароз шуданд, ки дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин аст.
Шукрона мекунем, ки имрӯз фазои Тоҷикистон софу беғубор аст. Ин неъмати бебаҳо ва меваи шаҳдборро чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дорем ва ба ояндагон мерос гузорем.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2017    №: 133    Мутолиа карданд: 494

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед