logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. АЗ ФАЙЗИ ВАҲДАТ ТО ШУКУФОӢ

Тоҷикобод ноҳияест, ҳамсоли истиқлолият, ки соли 1991 таъсис ёфтааст. Он вақт дар ҳудуди он ягон бинои хуштарҳу замонавии мақомоти маҳаллию маъмурӣ вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ камари ҳиммат бастанд. Вале, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надод, ки халқи заҳматкашу бунёдкори Тоҷикобод ҳадафу ниятҳои неки худро дар амал пиёда созад.
Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар мамлакат ба эътидол омад ва тадриҷан ин гӯшаи дурдасти диёр ба як шаҳраки ҳозиразамон табдил ёфт. Соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва маданию маърифатӣ рушд карданд. Махсусан, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. То имзои созишнома дар ноҳия ҳамагӣ 17 муассисаи таълимӣ буд. Имрӯз теъдоди онҳо ба 43  расидааст. Дар деҳаҳои баландкӯҳи Себистон, Пули Калон, Одилобод, Оби Сафед ва Зарнисор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вуҷуд надоштанд. Бо ҳамин сабаб, хонандагони деҳаҳои дурдаст дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ба таълим фаро гирифта мешуданд. Ҳоло дар ин деҳаҳо мактабҳои замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир фаъолият доранд.
Ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ масъалаи аз таҳсил дур мондани духтарон ҳалли худро ёфт. Барои онҳо дар деҳаи Ширинчашмаи Ҷамоати деҳоти Ширинчашма мактаб - интернати духтарона сохта шуд. Ҳоло хонандагони  муассисаҳои таълимии ноҳия иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он мебошанд. Зикри як нукта муҳим аст, ки то замони таъсисёбии ноҳия дар ҳудуди он ҳамагӣ як беморхона ва панҷ бунгоҳи тиббӣ вуҷуд дошт. Духтурони маълумоти олидор, махсусан духтурони амрози занона, намерасиданд. Айни замон дар Тоҷикобод як беморхонаи марказӣ, се беморхонаи минтақавӣ, се амбулаторияи сайёр ва 20 бунгоҳи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат расонда истодааст. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи духтарони маълумоти олидор бамаротиб афзуд. Ҳоло ба аҳолии ноҳия 60 духтури маълумоти олидор, аз ин 11 нафар духтури занона хизмат мерасонад.
Самараи дигари ваҳдати миллӣ ин бунёди роҳу пулҳои замонавӣ мебошад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат дар ноҳия 21 пули хурду калон сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Қомат афрохтани иншооти нави ҳозиразамон, ба монанди бинои ҷамоатҳои деҳот, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ, комиссариати ҳарбӣ, меҳмонхона ва варзишгоҳ барои шаш ҳазор ҷойи нишаст ба ҳусни шаҳрак қабои тоза зам намуданд. Сокинони сипосгузор ва заҳматқарини ноҳияи Тоҷикобод шукрона мекунанд, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз файзу баракати сулҳу ваҳдати миллист, ки бо талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст.
Зайналобуддин МУҲАДБЕКОВ,
сокини ноҳияи Тоҷикобод   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2017    №: 133    Мутолиа карданд: 427

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед