logo

иҷтимоиёт

НАШЪАМАНДӢ ТАНҲО МУШКИЛИ ЯК СОҲА НЕСТ

Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо сабаби дур будан аз варзиш ва тарзи ҳаёти солим, инчунин бекорию бенавоӣ, баъзе ҷавонон ба рафторҳои ноҷо, аз ҷумла фурӯш, интиқол ва истеъмоли моддаҳои нашъаовар машғул мешуданд. Он замон андеша намекарданд, ки мубталои бемории вазнини нашъамандӣ гашта, ҷони ҷавони хешро бо дасти худ ба доми марг месупоранд.
Тибқи омори Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ» - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ашхоси гирифтори бемории нашъамандӣ айни замон дар ҷумҳурӣ 7067 нафарро ташкил медиҳанд, ки 5756 нафарашон маводи сахттаъсири героин истеъмол мекунанд. Аз ин теъдод 4486 нафар (63,5 дарсад) ин навъи маводи мухаддирро тариқи сӯзандору истифода мебаранд.
Агар соли 2007 теъдоди истеъмолкунандагони маводи мухаддири сабтшуда 909 нафар бошад, пас соли сипаришуда ин нишондод 401 нафарро ташкил дод. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ тӯли 10 соли охир ин нишондиҳанда ду маротиба коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон, боз як мушкилоти дигар-тамаркузи сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни ашхоси гирифтори бемории нашъамандӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро яке аз роҳҳои асосии сирояти ин вирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сӯзандоруҳои сироятёфта, яъне тариқи тазриқӣ сурат мегирад. Миқдори ин гуна ашхос ба 3668 нафар расидааст, ки 40 дарсади омори расмии беморони ба вируси мазкур сироятёфтаро ташкил медиҳад.
Нашъамандӣ танҳо масъалаи мубрами соҳаи тандурустӣ нест, он ҳамчун бемории хислати иҷтимоидошта маҳсуб ёфта, истеъмоли маводи мухаддир мушкилоти ҷомеа ба шумор меравад. Чунин иқдомҳо дар радифи баландбардории сатҳи иттилоотонии аҳолӣ оид ба ин беморӣ асоси чораҳои пешгирӣ аст. Маҳз бо чораҷӯиҳои саривақтӣ метавон марги нобаҳангоми садҳо ҷавонро пешгирӣ кард.
Вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати давлатии зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пеш аз ҳама, бояд ба муборизаи беамон нисбат ба интиқол ва гардиши он, пешгирии бемории нашъамандӣ ва паст намудани сатҳи талаботи аҳолӣ ба маводи мадҳушкунанда равона гардад. Ба маврид аст суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳушдори ҷомеа хотиррасон намоем: «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили нигаронкунанда буда, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад».
Бо назардошти гуфтаҳои боло гуфтанием, ки дар ин самт корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро беш аз ҳар вақти дигар бояд пурзӯр намоем. Зеро ақли солим, тани солим ва рӯҳи солим зиндагиро рангин ва босаодат мегардонад. Дар ин сурат ҷавонон бо меҳнати ҳалол рӯзгорашонро пеш бурда, содиқона ба Ватан хизмат менамоянд, кишвари азизамонро ободу шукуфон мегардонанд ва миллати сарбаланди тоҷикро ба қуллаҳои мақсуд мерасонанд.
Рустам ТУРСУНОВ,
саркотиби илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии
тибби профилактикии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 374

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед