logo

фарҳанг

Ӯ ҲАМОНЕСТ, КИ БУД

Чанде қабл дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти устоди маъруфи илму ҳунар Ҷӯрабек Назриев баргузор гардид. Кохи муҳташам пур аз тамошобин ва ба қавли мардум «ҷои сӯзан задан набуд». Маълум буд, ки ҳозирин ташнаи шунидани суруди хубанд ва баъди муддатҳо омадаанд, ки ҳунару ҳунарманди асили дӯстдоштаашонро бибинанду бишунаванд.

Зеро ҳамин Ҷӯрабек Назриев  буд, ки солҳои ҳафтоду ҳаштоди қарни гузашта «Ман тарабам, тараб манам», «Менигарему меравем», «Модари ман», «Подшаҳи хубон» мегуфту бо ҳунари волояш ҳамаро ба ҳайрат мегузошт. Бемуҳобо, ташрифи тамошобинони имрӯзӣ манзараи ҳамон нишастҳои гарму гуворои пешинро ба ёд меовард. Чеҳраҳои гарм, ханда дар чашмҳо, табассум дар лабҳо, ҳама табиӣ,  гӯё як навъ иди илму фарҳанг бошад.
Онҳое, ки устод Ҷӯрабек Назриевро аз наздик мешинохтанду бо ҳунару истеъдодаш хуб ошноӣ доштанд, дар ин бовар буданд, ки ӯ метавонад ҳар лаҳза сухани чун дурру гуҳару гарму гуворои худро бигӯяд. Ва буданд нафароне ҳам, ҳатто баъзе аз мухлисону шефтагони  сурудаш, ки  гузашти  айёму  синну соли ин марди ҳунарро пеши назар оварда, ба ин анҷуман ба дидаи шубҳа менигаристанду аз худ мепурсиданд, ки оё устод ҳамоне ҳаст, ки буд,  ҳамоне ҳаст, ки дар ҷамъомаду нишасту консертҳояш бо қомати расо ва оҳанги шӯрангезу суруди пурмаъниву садои муборакаш шунавандаро волаву шайдои ҳунари хеш месохту ба дунёи зебоӣ мебурд. Имрӯз чӣ, чӣ мехонад, чӣ гуна? 
Дар ҳақиқат, то ҷое медонем, чанд сол аст, ки ин хунёгари донову тавоно аз саҳнаи бузург худро канор гирифтааст, ҳарчанд гоҳ-гоҳ аз тариқи телевизион ва дар тӯю тамошо ва суҳбатҳои хоси  дӯстони наздикаш бо хоҳиши ҳозирон тор ба даст мегираду шунавандагонро ба  дуриҳои дур, диёри ҳунари асил мебарад, ҳарфи хуби хешро мегӯяд, ҳарферо, ки  ба дилҳо шодию сурур мебахшад
Парда боз шуд. Ровӣ Ортиқ Қодиров рӯи саҳна, бо лаҳни  ба худ хос ва суханҳои пуртароваташ ҳамаро хайра мақдам гуфту анҷуманро ҳусни оғоз бахшид ва устод Ҷӯрабек Назриро  ба саҳна даъват кард. Ӯ оҳиста-оҳиста пеши баландгӯяк омад. Дар толор ба эҳтиромаш  аз ҷой хестанд ва гарму самимӣ истиқболаш гирифтанд.
Суруди аввал «Меҳан» бар матни  устод Лоҳутӣ буду дигар ашъори ирфонии Мавлонову Ҳофизу Камолу бузургони пешин. Ҳама ором вориди олами зебои суруду мусиқӣ гашта буданд.
Баъди анҷоми барнома дар атрофи сурудҳои устод бо муҳаббат изҳори назар мекарданд, тавони ӯро дар ҳунари суруду мусиқӣ васф менамуданд.
Саттор ҶАЛИЛОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 374

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед