logo

фарҳанг

КОСАИ ЛАБРЕЗ АЗ ШАҲДИ ҲУНАР

Имрӯз Абдулҳамид яке аз нависандагони намоёни муосири  мост, ки асарҳояш метавонанд насри муосири моро дар кишвар ва  берун аз он намояндагӣ кунанд.
Аммо симои Абдулҳамид на фақат бо ҳунару истеъдоди нависандагиаш, бо асарҳои мондагораш, ки мисли ҳамон чашмасор, ҳамон гулгашти мусаффо ва ҳамон боғистони пурфайз ҳамеша дар чор фасли сол сарсабз ва  дар хидмати маънавии мардум хоҳанд буд, пазируфтанист, балки дурахши шахсияти хайрхоҳу ҳалиму некниҳоду хоксор ва батамкину фозили ӯ низ дили мо – дӯстонро тасхир кардааст. Ман, ки аз оғози донишҷӯӣ то имрӯз бо ӯ робитаи  дӯстӣ доштаам, метавонам бо далелҳои зиёд аз вижагиҳои барҷастаи инсонии ӯ сухан кунам, аммо ҳадафи ман аз навиштани ин мақола нишон додани вижагиҳои хоси ҳунарии Абдулҳамид аст. Дар бораи шахсияти инсонияш ҳамин қадар мегӯям, ки Абдулҳамид инсонест муаддаб,  хайрхоҳ, масъулияти баланди инсонӣ ҳамеша раҳнамои ӯст. Инсонест, ки Ватани худро муқаддас мешуморад ва миллати худро дӯст медорад.  Дар рӯзи сахтиву мусибати дӯстон ҳамеша бо онҳост.  Одоби баланди ӯро метавон дар гуфтору рафтораш мушоҳида кард. Мехоҳам илова кунам, ки Абдулҳамид пурмутолиа аст, огоҳии хуб аз адабиёти муосиру ҷаҳон ва ақли тезу расо  дорад.  Аммо , биёед, акнун дар бораи вижагиҳои нависандагии ӯ, ки  мӯҷиби шуҳрату ном баровардан, эътирофи ӯ ҳамчун адиб шудаанд,  сухан кунем.
Абдулҳамид Самад асарҳои бадеии зиёде навиштааст: Қиссаҳои ӯ: “Паррончакҳо”, “Баъд аз сари падар”, “Аспи бобом”, “Маҳбус ё достони фил”, романҳои “Косаи давр”, “Девбод” ва теъдоди зиёди ҳикояҳояш, ки ҳар яке хуҷастагиҳои худро доранд, дар байни хонандагони тоҷик машҳуранд.  Азбаски фаро гирифтану арзёбӣ  кардани ҳамаи асарҳояш корест сангин, банда қарор додам арзёбии худро дар асоси як асари ӯ - романи  “Косаи давр” амалӣ намоям, албатта, дар заминаи ҳама асарҳои дигаре, ки аз ӯ хондаам.
Аз хусусиятҳои хос ва ҷолиби асарҳои Абдулҳамид чизи аввале, ки мушоҳида мешавад, забони тоза ва фасеҳу равони ӯст. Агар ӯ ҷое гуфтори мардумиро  ба кор мегирад, хеле сабуку фаҳмо,  на ба ҳаддест, ки дур аз дарку қабули хонанда ва бемаврид  бошад. Забони Абдулҳамид равшану рехта аст, наметавон ба таносуби суханаш эрод гирифт. Услуби гуфтори ӯ шеваи мардумист, ки ба забони адабии имрӯзаи тоҷик  баён ёфтааст.
Қаҳрамонҳои Абдулҳамид, чунон ки  дар баъзе асарҳои имрӯзӣ мушоҳида мешавад, ҳама шабеҳи ҳамдигар нестанд ва ба як забон сухан намекунанд. Онҳо ҳар яке симо, забон, зоҳиру ботин,  рафтору кирдор ва хусусиятҳои хоси инсонии  худро доранд, чунон ки дар табиат ва зиндагӣ ҳаст.
Романи “Косаи давр” саршори тасвирҳо, муколамаҳо ва андешаҳоест, ки ҳусни бадеии онро афзун месозанд.  
Асарҳои Абдулҳамид Самад, хоса “Косаи давр”, аз ҳодисоту воқеоти рангин ва таваҷҷуҳангез саршоранд. Маҳз ҳамин услуб онро шавқангез ва хонданбоб кардаанд. Одоб, таомул, анъана, расму русуми мардуми кӯҳистон, одамгариву инсофу раҳму шафқат сифатҳое ҳастанд, ки дар асарҳои Абдулҳамид ҷавлон мезананд, онҳоро ширадор мекунанд, завқ, фарҳангу одоби хонандаро парвариш медиҳанд. Аслан Абдулҳамид нависандаи ҳунарманд аст. Эҷодиёти ӯ бар ҳунар,  санъатҳои лафзӣ, забони ширадори адабии халқӣ бунёд ёфтаанд. Сухани бадеии ӯ нишонрастар,  ихчаму рехта аст ва бидуни кашолагапӣ ба хонанда таъсир мекунад:
 Ин асарро хонда, дарк мекунед, ки инсон бо муҳаббат, бо меҳру эътиқод, бо бовар ба худ ва ба дигарон зинда  аст. Нангу номус, иззату эҳтиром, одамигарӣ... чароғоне ҳастанд, ки  ботини инсон ва роҳи зиндагии ӯро равшан мегардонанд, ба ӯ неруи зиндагӣ мебахшанд.
Дар роман ҳар персонаж симои зоҳирӣ ва ботинии худ-ро дорад. Абдулҳамид танҳо бо тасвири симои зоҳирӣ иктифо намекунад, ӯ бештар тавассути рафтор,  гуфтор,  ҳолатҳо симои ботинии персонажҳоро пеши назари мо меорад. Аслан  рисолати адиби ҳунарманд ҳам дар ҳамин аст. Дар асари Абдулҳамид ҳар персонаж бо сифате, хусусияте фарқ мекунад. Масалан,  сифатҳои нотакрори Латифи Осиёбон, тасвири рақс, баъзе одатҳои мароқангезаш. Ё қаҳрамонҳои дигар, худи Шоҳин бо симо ва хулқу хӯи хоси инсонӣ падидор мешаванд. Симои  зан-модари деҳотӣ Гулбону бо ҳама одоб, тамкин ва хуҷастагиҳо, муносибати хос бо шавҳар пазируфтанист.  Симои зан - модари фозили кӯҳистон Фазилат, ки ҳам ҷои модар ва ҳам ҷои падар фарзанд  мепарварад ва ба хотири ояндаи ягона писар ӯро ба хондан мефиристаду худ зору танҳо мемонад. Симои  ҷавонон, хулқу рафтори хосашон. Абдураҳмони муаллим, Мижгон, Шокир, Ҳошим,  даҳмардаҳо Насриддину Валӣ - ҳар яке сифатҳои хоси худро доранд. Чи қадар ҳар яке ибратомӯзанд.  Масалан,  Ҳошим як намунаи барҷастаи ҷавони кӯҳистонӣ, ки дар хулқу хӯ, дар мағзу хун одоб ҷавонмардиву  меҳру эҳтироми фарзандиро маҳфуз доштааст, то ҷойе, ки ҳозир аст барои падар, дастггири ӯ будан дар пирӣ аз баҳри зиндагии ороми деҳа гузараду пешаи гарони даҳмардагиро ба зимма  гирад. Нависанда бо тасвирҳои ҳунармандона ин симоҳоро дар дили хонанда ҷо мекунад. Дар роман ҳамчунин симоҳои манфиву манфуре чун Амир низ барҷаставу таъсирбахш нигошта шудааст,  ки нисбат ба разолату бадсириштиву бадандешиҳои як зумра нафрати хонандаро бедор мекунад ва ин ҳам барои тарбияи инсони комил бе манфиат нест.
  Тасвирҳои   Абдулҳамид Самад   ба мавриду    бадеӣ ва дар баъзе ҳолат шоиронаанд  ва қимати бадеии асрҳои ӯро меафзоянд. Тасвиргароии нависанда пайваста, дар ҳар саҳифаи асар  зоҳир мешавад:  дар мавриди тасвири рама, табиат, одамон, ҷонварон, маъракаҳо... Вақте ки  Абдулҳамид манзараҳои тӯйҳои суннатиро ба қалам медиҳад, хонанда як тассаввуроти хубе аз расму одоби маъракаҳои миллии мо мегирад. Хусусан он боби асар, ки дар он ба хонаи арӯс рафтани домод ва пешвозгирии арӯс дар хонаи шоҳмард тасвир шудааст.
Яке аз вижагиҳои ин асар дар он аст, ки аз оғоз дар он ду неру, мисли ин ки  хайр ва шар бо ҳам рӯ ба рӯянд ва гоҳ - гоҳ  аз мавҷудияти худ ба якдигар дарак медиҳанд. Зиддияти Шоҳини Ҳомид бо Амир, бо қавми Тоҳириҳо решаҳои авлодӣ дорад ва ин ду авлодро ҳамеша дунболагир аст, ки тафсилоташ дар асар оварда шудааст. Ин зиддиятро нависанда барои боз ҳам барҷастатару муассиртар баромадани нигоришу нигоштаҳои худ ҳунармандона истифода кардааст. Ғояти ин зиддият ва душманӣ дар фоҷиаи марги Мирзои човандоз, амаки Шоҳин (он замон Шоҳин кӯдак буд), тасвир мешавад.
Бояд гуфт, ки қиссаи Мирзои човандоз яке аз зеботарин ва муассиртарин қиссаҳост. Ин ҳикоят дар шакли як асари алоҳида ҳам метавонад хонандаро ба ваҷд орад. Дар нигориши ин ҳикоя боз ҳам вижагиҳои ҳунари адиб дурахшон аст.
Яке аз вижагиҳои барҷастаи ҳунари нависандагии Абдулҳамид огоҳии хуби ӯ аз олами вуҳуш аст. Дар асар ҳар ҷо тасвирҳои ҷонварон, хусусан асп, саг,  сирка, гургҳо ҳам ба маврид ва ҳам бо камоли огоҳӣ оварда шуда, ба асар ҳусну тобиши тоза мебахшанд:
Муносибати инсон бо ҷонварон дар нигоришҳои Абдулҳамид ҷолиб ва ибратомӯз аст:
Абдулҳамид, ба андешаи банда,  тавонистааст дар адабиёти бадеии муосири мо симоҳои то ин дам бад - ин бадеият ва барҷастагӣ тасвир наёфтаи мардуми кӯҳистон, хусусан мӯсафедон, кампиракон, даҳмарда,  ҷавонону тифлони деҳа, занону модарон, деҳқонон ва ғайраро биофарад. Ва ин ҳама тасвиру нигоришҳо дар перояи анъанаву маросимҳо, одобу фарҳанги мардумӣ, тобишҳои этнографӣ ҷаззоб ба тасвир омадаанд.
Камол НАСРУЛЛО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 437

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед