logo

иқтисод

МОҲИПАРВАРӢ. РӮ БА БЕҲБУДӢ

Диёри сероби Тоҷикистон дорои 64 намуди моҳист. Дар дарёҳои кӯҳӣ бештар намудҳои ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, сагмоҳӣ (гомс) ва лақачаи туркистонӣ вомехӯранд. Ин гурӯҳи моҳиҳо ба шароити обҳои тоза ва сероксиген мутобиқ шудаанд. Дар обанбори Норак 15 намуди моҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 5 – 6 намуди онҳо пурмаҳсуланд. Ҳоло соҳибкорон бештар ба парвариши моҳиҳои пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва амури сафед, ки намудҳои сермаҳсул маҳсуб меёбанд, ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд.
Солҳои 90 – уми асри гузашта дар натиҷаи бесарусомониҳо соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба таназзул овард. Дар обанбори Норак бархе шаҳрвандон аз беназоратӣ истифода бурда, ба шикори ғайриқонунии намудҳои ғизоии моҳӣ даст заданд. Ин амалҳои номатлуб, хусусан моҳидорӣ ба воситаи истифодаи таҷҳизоти худсохти барқӣ ва тӯрҳои калони моҳигирӣ, боиси нестшавии  намудҳои нодири моҳӣ дар обанбор гардида, чунин ҳолати ногувор дар бисёре аз кӯлу дарёҳои дигари мамлакат низ ба чашм расид. Номуътадилии сатҳи оби обанбор дар мавсими тухмгузории моҳиҳо омили дигари ба нестӣ рафтани баъзе аз намудҳо шуд.
Хушбахтона, солҳои охир дар қатори дигар соҳаҳои муҳим моҳидорӣ низ аз нав эҳё гардида ва рӯ ба тараққӣ ниҳод. Қабул гардидани як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, хусусан оид ба рушди соҳа, барои ривоҷу равнақи моҳипарварӣ такони хуб бахшид. Айни ҳол мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара моҳипарвариро аз самтҳои афзали бахши кишоварзии иқтисоди мамлакат дониста, корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии шикори ғайриқонунии моҳӣ ва корҳои биотехникиро пурзӯр менамоянд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2013 Муассисаи давлатии  парваришгоҳи  «Баҳри Норак» таъсис дода шуд. Он дар тобеияти худ 7000 гектар замини зериобӣ дорад. Бо мақсади парвариш ва афзун намудани намудҳои моҳӣ дар асоси шартномаи тарафайн соли гузашта ба парваришгоҳ аз хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 200 ҳазор моҳича ба обанбори Норак сар дода шуд.
Қобил ТАВАРОВ, Асомуддин АЗИЗОВ,
ноҳияи Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 438

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед