logo

фарҳанг

КИТОБ. ДАР ҶАЛБИ КӮДАКОН ФАЪОЛТАР БОШЕМ!

Имрӯз  аз  китоб  дур  будани  хонандагон ҳамаро ба ташвиш овардааст. Аксар одамон гуноҳро ба сари  таълимгоҳҳо, омӯзгорон  ҳавола мекунанд. Ҳол он ки кӯдак дар муассиса  чанд  соати муайян буда, бештари  вақт  дар ихтиёри  волидон  мебошад.  Магар беҳтар он нест, ки падару модарон бо фарзандони худ ба ҷои планшету ҳар гуна суратгиракҳо  китобҳои дарсӣ ва  бадеӣ харанд? 

Баъзе падару модарон  барои харидани  телефонҳои қиматбаҳо, бозиҳои компютерӣ ва ҳар гуна сарулибоси қимат маблағ меёбанд, аммо барои  харидани китоб маблағ ёфта  наметавонанд. Мо бояд нағз дарк  намоем, ки фарзанди  тарбияи бад гирифта  на фақат зарари падару модар, балки  ҷомеа низ аст.
Ба фикрам,  барои ба мақсад расидан робитаи  устувори падару модарон бо  омӯзгорон, шахсони  донишманд лозим мебошад. Зеро ба ин  восита онҳоро бештар ба китобхонӣ,  илму маърифат ҷалб кардан мумкин  аст.
Дуруст аст, ки дар асри ХХI  надонистани технологияи иттилоотӣ барои  ҳар шахс айб ҳам маҳсуб мешавад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ  интернет, ки хонандагон бештари  вақти қимати худро ба он  сарф мекунанд, ҷои китобро  гирифта наметавонад. Танҳо китоб дар ташаккули шахсияти комил нақши муҳим  гузошта, фазои оиларо мунаввар гардонда метавонад.
Фикр  мекунам, як роҳи хуби ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ ба фаъолияти худи калонсолон  вобаста аст. Агар китобхонӣ як қисми муайяни  фаъолияти ҳаёти калонсолон бошад, пас кӯдак низ ба волидон пайравӣ намуда, ба ин амал рӯ меорад.
Афсона барои тарбияи инсон, бахусус кӯдакону наврасон,ҷавонон нақши муҳим дорад. Агар инсон аз хурдсолӣ  афсона шунавад, хонад  ва  донад, зиндагии ӯ  дар оянда низ зебо  ва  гуворо  хоҳад   шуд. Чунки афсона барои  инсон, барои амалӣ  намудани   орзуҳои  рангину ширинаш  ёрӣ мерасонад   ва шахсро хирадманду ҳушманду меҳрубон  месозад.
Аз ин рӯ, ҳамагон бояд дар нақши таълиму тарбияи дурусти фарзандон кӯшиш  дошта бошем.  Саъй ба  харҷ диҳем, то онҳо бо дониш, ақлу заковат  ин кишвари соҳибистиқлолро  ба  ҷаҳониён беҳтару хубтар  муаррифӣ  карда тавонанд.
Фирӯза ШАРИФОВА,
сармураббии боғчаи  № 1, ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 378

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед