иҷтимоиёт
НИШОНИ САДОҚАТ Ё СИПОСНОМАИ МАРДУМИ БАДАХШОН БА САРВАРИ ДАВЛАТ
Сокинони заҳматкашу сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз фазои сулҳу осоиштаи Тоҷикистони азиз шукргузорӣ намуда, бо нишони садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои роҳбарияти давлату Ҳукуматро дар самти корҳои ободонию созандагӣ самимона дастгирӣ менамоянд.
Ризо Раҳматшоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ мегӯяд, ки ҷавонони Бадахшон хизматҳои шоистаи Сарвари давлатро, ки тамоми донишу неруи худро баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистон сарф намуда истодаанд, бо чашми сар дида, шукрона мекунанд, ки чунин Пешвои қавиирода ва ғамхору меҳрубон доранд. Мисраъҳои зер нишони арзи садоқати қалби пурмеҳри онҳо нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд:
Қуллаҳои саркашамро зери поят
мекунем,
Гар замин сахтӣ кунад, дар дида
ҷоят мекунем.
- Сарвари давлат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳавои барфу боронӣ, ки парвози тайёра ва чархбол ба Бадахшон ғайриимкон буд, ба назди сокинони вилоят омада, мардумро ба ояндаи фирӯз бовар кунонданд. Маҳз бо талошҳои ин шахсияти ҷаҳонӣ бунёди шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб – Кулма, ки дар гузашта тасаввурнопазир буд, анҷом ёфт. Ин амали мондагору таърихӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшида, дар беҳбуди рӯзгори мардум низ таъсири чашмрас гузошт. Гузашта аз ин, дар вилоят неругоҳҳои барқи обии «Помир -1», «Ширг-1», «Ширг-2», «Ванҷ-2», «Андарбак», Савноб» ва даҳҳо корхонаҳои саноатӣ сохта шуданд, ки ба рушди иқтисоди вилоят такони тоза бахшиданд.
Маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ, ки солҳои шӯравӣ ҳамагӣ чанд бинои чорошёна, ду - се корхонаи саноатӣ ва як бозорча дошт, ҳоло ба шаҳри ободу зебо ва маркази бузурги маъмуриву тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Дар водиҳои Вахё, Ванҷи Боло, Язгулом, Бартанг, Ғунду Шохдара ва Вахон, Аличуру Қароқӯл мардум аз хонаҳои гилин ва бобоӣ ба манзилҳои аз ҷиҳати меъморӣ хуштарҳу замонавӣ гузаштанд, - изҳор дошт Ризо Раҳматшоев.
- Дар хусуси ҷасорат ва далерии як қатор роҳбарони кишварҳои мухталифи дунё бисёр хондаам ва шунидаам. Вале диловарӣ, ҷасорати бемисл, ҷоннисорӣ ва тамоми ҳастии хешро сарфи ободии кишвар ва саодатмандии мардум кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа аст. Чанд сол муқаддам Сарвари муаззами давлат дар ҳавои номусоид ба ноҳияи Мурғоб сафари корӣ анҷом доданд. Дар болои ағбаи Кӯҳтезак ва Булункӯли саросар яхбаста чархбол дигар имконияти давом додани парвоз надошт. Халлабонҳо пешниҳод карданд, ки ба шаҳри Хоруғ баргарданд. Вале ба мушкилу хатарҳо нигоҳ накарда, чархбол бо исрори Президенти мамлакат ба Мурғоб расид ва дар соҳили Булункӯли ноҳия ба замин нишаст. Сокинони Ҷамоати деҳоти Аличур аз хурд то бузург бо шодиву хуррамӣ ба соҳили Булункӯл шитофтанд ва Сарвари давлатро ҳар яке ба хонаҳои хеш даъват менамуданд. Баъди вохӯрии кӯтоҳмуддат бо бошандагони водии Аличур Президенти кишвар бо ягона мошини тамғаи «Нива» ба маркази ноҳия рафта, дар вақти муайяншуда бо сокинони ин минтақаи дурдасти Помири Шарқӣ мулоқот анҷом доданд. Ҳоло ин мошини «Нива»- ро писарони Ҷӯрабой Азимов чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд. Дар ҳоле ки сайёҳони хориҷӣ онро бо нархи гарон ҳамчун ёдгории нодири таърихӣ харидорӣ кардан мехоҳанд.
- Ҳоло дар ин минтақаи баландкӯҳ даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва садҳо манзили истиқоматӣ сохта шудааст, -изҳор дошт зимни суҳбат Султон Парманов, собиқ муҳаррири рӯзномаи «Сари кӯл» - и ноҳияи Мурғоб.
Ба гуфтаи Имат Бачабеков, сокини 96 - солаи ноҳияи Ванҷ, бо дастгирии Президенти мамлакат Ванҷи пурганҷ ҳам ба мисли дигар шаҳру навоҳии Бадахшон хеле ободу зебо гардидааст. Дар канори рӯдхонаи Ванҷоб неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 950 киловатт соат бунёд ёфта, сохтмони неругоҳи барқи обии деҳаи Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгулом босуръат идома дорад. Номбурда мегӯяд, ки солҳои сиюму чилуми қарни гузашта аз ҷониби ҷамъияти матлубот овардани чанд адад мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ пешравии намоён буд. Ҳоло бошад, дар деҳкадаҳои Ванвану Пои Мазор ва Жамагу Зайчии баландкӯҳ низ хонандагон бо компютер ва дигар асбобу анҷоми муосири таълимӣ таъминанд. Тавассути ғамхориҳои Президенти кишвар сокинони кӯҳистон низ мисли мардуми шаҳр хеле тозарӯзгоранд. Дар рустоҳои баландкӯҳ ҳам манзилҳои истиқоматии бисёрошёна месозанд. Мардум бо неруи барқи доимӣ таъмин буда, барномаҳои телевизиониро тариқи моҳвораҳо тамошо мекунанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.06.2017 №: 134-135 Мутолиа карданд: 432