logo

иқтисод

ЛАХШ. ИТТИҲОДИ МО ИҚТИДОРИ МОСТ

27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ, санаи сарнавиштсози таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик, оғози расидан ба ормонҳои баландест, ки даврони пурошӯб орзу мекардем. Сокинони ноҳия низ ин ҷашни миллиро ҳамеша гиромӣ дошта, ба он арҷ мегузоранд. Ба истиқболи 20 - умин солгарди он аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардиданд.
Пайванди дӯстию бародарии тоҷикону қирғизҳо дар ноҳия ба туфайли талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан баъд аз пойдории сулҳу амонии сартосарӣ дар Ватан, боз ҳам таҳким ёфта, Лахш диёри дӯстиву бародарӣ, макони сарсабзу файзбор ва ободу зебо гардидааст. Рафоқат давраҳои пурфоҷиаю сангини таърихро паси сар намуда, устувор гардидааст. Тӯли зиндагии якҷоя хонадони зиёди тоҷикону қирғизҳо пайванди хешутаборӣ барқарор намуда, ду миллат бо ҳам хеле омезиш ёфтаанд. Аз ин лиҳоз, водии Лахшро тамоми мардуми гӯшаю канори кишвар бо меҳмоннавозии хос ва дӯстиву бародарии бесобиқа мешиносанд ва онро «диёри ошноӣ» низ ном мебаранд. Робитаҳои гуногунсамту доманадор дар ин давра бо кишвари дӯсту ҳамсоя - Ҷумҳурии Қирғизистон аз ин гувоҳӣ медиҳад. Ҳамасола зимни ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашнвораҳои дигари ҷумҳурӣ бародарони қирғизи мо аз ноҳияи Чон - Алайи кишвари Қирғизистон баҳри табрики дӯстони худ ба ноҳия ташриф меоранд ва дар чорабиниҳои идона иштироки фаъол доранд.
Дар доираи чорабиниҳои пешбинигардида барои истиқболи хотирмони Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳанӯз аз аввали сол дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳои пайваста бо сокинони маҳаллаҳо, хусусан ҷавонон, ба роҳ монда шуданд. Дар ин ҷамъомадҳои тантанавӣ таваҷҷуҳи ҳозирон ба аҳамияти таърихии ин санаи муқаддас, ки ҳамаи ободии диёр аз он маншаъ мегирад, ҷалб карда шуд. Ба муносибати иди миллӣ навсозии биноҳои маъмурию истиқоматӣ, иншооти хизматрасонӣ, корҳои ободонӣ дар кӯчаю роҳравҳо, аз ҷумла бунёди гулгашту буттазорҳо, бо маром идома доранд. Дар доираи амалҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия корхонаҳои истеҳсолӣ бо ҷойҳои кори муносиб ба истифода дода шудаанд. Ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои мевахушкунӣ, дӯзандагӣ бо тарҳи муосир дар маркази ноҳия ва парандапарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Янгишаҳр аз зумраи иншооти навбунёди ҷашнист.
Аз дастовардҳо бармеояд, ки бо таъмин гардидани субот дар кишвар дар ҳама бахшҳои зиндагӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ҳанӯз аз давраи аввали пойдории ваҳдати миллӣ тамоми соҳаҳои фалаҷгаштаи иқтисодиёти ноҳия – картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ барқарор гашта, рӯ ба беҳбудӣ оварданд. Дастовардҳо дар самти картошкапарварӣ назаррасанд. Истеҳсоли умумии он давоми солҳои пойдории ваҳдати миллӣ қариб ба 100 ҳазор тонна расонда шуд. Механизми хоҷагидорӣ таҷдид ёфт. Дар қатори хоҷагиҳои давлатӣ беш аз 1600 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ташкил гардид. Ҳамчунин, масоҳати боғоти ноҳия, саршумори чорво дар бахши давлатӣ ва ҳам хусусӣ зиёд шуда истодааст. Дар ин қатор соҳаи соҳибкорию тиҷорат ҳамчун асоси иқтисоди бозоргонӣ низ ба таври чашмрас пеш рафт.
Мардуми ноҳия 20 соли тинҷию амониро даврони гул - гулшукуфӣ, пешрафт ва созандагӣ маънидод намуда, ҳифзу арҷгузорӣ ба ин неъмати бебаҳо - оромии ҷомеаро вазифаи муқаддас медонанд. «Иттиҳоди мо - иқтидори мост» шиори сокинонаш мебошад. Муҳимтар аз ҳама раванди худогоҳиву худшиносӣ дар байни аҳолӣ густариш ёфта, эҳсоси ватандӯстӣ ба пояи баланд бардошта шуд. Моҳи июни соли 2008 мардуми диёр тавассути вакилони хеш пешниҳод намуданд, ки шаҳраки навтаъсиси маркази ноҳия ҳамчун нишони фарҳанги сулҳи тоҷикон ва шукргузорӣ аз пойдории сулҳу амонӣ «Ваҳдат» номгузорӣ карда шавад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии маркази ноҳия ва деҳаю маҳаллаҳои атрофи он Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат ташкил ёфт. Маркази ноҳия — шаҳраки Ваҳдат хеле зебову дилрабост. Солҳои охир биноҳои муҳташаму замонавӣ сохта, кӯчаҳои марказии шаҳрак мумфарш шуда, растаҳо бо дарахтони ороишӣ зинат ёфтаанд.
Ободии Ватан, ғамхорӣ дар ҳаққи табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, пиронсолон, модару кӯдак, ятимон ва бепарасторон, ҳадафҳои асосии сиёсати мардумсолории Ҳукумати кишвар мебошанд. Дар заминаи он саъй менамоем, ки меҳнати хешро баҳри ҳифзи пойдории ваҳдату бародарӣ, гулгулшукуфии диёр ва рафъи мушкилиҳои мавҷуда равона намуда, барои мардуми ноҳия шароити арзандаи зиндагиро муҳайё созем.
Файзулло БАРОТЗОДА,
раиси ноҳияи Лахш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 709

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед