logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ

Субҳи 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд. Сарвари давлатро дар даромадгоҳи шаҳр сокинони он бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Пас аз пазироии гарму самимӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои 20 - ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд. Ин бинои муҳташам аз 270 хонаи якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ иборат аст. Корҳои сохтмонӣ дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ моҳи августи соли 2015 аз ҷониби ҶДММ «Комил-2010» шурӯъ шуда, дар давраи сохтмон наздик ба 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин буд.
Иншоот бо маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якум марказҳои хизматрасонию савдо, ошёнаи дуюм маркази саломатӣ ва ошёнаи сеюм маркази омӯзиши касбу ҳунарҳо ташкил карда мешаванд. Ин бинои хуштарҳ аз таҳхонаи дуошёна барои 42 адад мошини сабукрав, ҳамчунин, аз ду даромадгоҳ иборат мебошад. Ин имкон медиҳад, ки боз 80 нафар дар ин ҷо бо ҷои кори доимӣ таъмин гардад.
Дар ин ҷо Роҳбари давлат нахуст дар тӯйи арӯсию домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 дӯстрӯяк аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои иншооти мазкур, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои бунёд намудани боз 4 адад ҳамин гуна бинои баландошёна ва кӯдакистону дармонгоҳ, ки аз тарафи ҶДММ «Комил-2010» дар шафати ҳамин бино дар назар аст, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода додани бинои 20 - ошёнаи истиқоматӣ бо буридани лентаи рамзӣ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдатро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино бо маблағи умумии 8 миллиону 970 ҳазор сомонӣ бо ҷалби 60 нафар сохтмончии маҳаллӣ давоми се сол бунёд ёфтааст. Санги асоси ин биноро ҳанӯз 6-уми сентябри соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд ва инак, дар рӯзи таҷлили Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ он аз ҷониби Роҳбари давлат ба кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат туҳфа карда шуд.
Иншооти мазкур бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 2 ҳазору 518 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Пудратчии асосии иншоот Корхонаи давлатии сохтмону васлгарии №2-и Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба корҳои алоҳидаи иншоот ҶДММ “Насби Нур”, ҶДММ “НЕКО” ва ҶДММ “Сохтмони Кӯлиён” низ ҷалб шудаанд.
Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он толори маҷлис барои беш аз 100 ҷойи нишаст, ошхона, толори машқ, 50 ҳуҷраи корӣ, мошинсаро барои нигоҳдории 4 техника ва биноҳои ёрирасон, таваққуфгоҳ барои 18 автомашина ҷой гирифтааст.
Зимни боздид аз бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони мақомотро ба иҷрои содиқонаву софдилонаи вазифаҳои бар уҳда доштаашон даъват карданд.

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар деҳаи Шаҳдбори Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов бо вазъи истифодабарии заминҳои президентӣ шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Дар намоишгоҳи кишоварзӣ Сарвари давлат нахуст бо вазъи истифодабарии заминҳои президентӣ шинос шуданд. Пешвои миллат ҳангоми мулоқот бо соҳибони ин қитъаҳои замин иброз доштанд, ки ба сокинони кишвар додани заминҳои президентӣ дар ду давра - солҳои 1995 ва 1997 роҳандозӣ гардид ва ҳамин иқдом дар шароити мушкили он замон барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум имконияту шароити мусоид фароҳаи овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз заминҳои президентӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳамчун хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ шаҳрвандон бояд самараноку оқилона истифода намуда, дар ин кор деҳқонони ботаҷриба ва олимони соҳаи кишоварзӣ ба хотири рӯёндани ҳосили фаровон бо онҳо ҳамкорӣ намоянд.
Воқеан, сокини деҳаи Шаҳдбори шаҳри Ваҳдат Танзира Одинаева дар қитъаи замини президентӣ, ки масоҳати 6 садякро дар бар мегирад, пас аз гирифтани ҳосили якум дар кишти такрорӣ қариб 20 номгӯи зироат коштааст. Ӯ бо қаноатмандӣ аз дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки маҳсулоти бадастовардааш аз замини президентӣ на танҳо барои захираи яксолаи оилаашон кифоят мекунад, балки ҳосили изофиро ба бозорҳо низ мебароранд.
Сарвари давлат дар ин ҷо аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорон  дидан намуданд. Дар ин намоиш намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолии деҳқонон, аз қабили гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лӯбиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабуи ошӣ, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу, гелос, зардолу, шафтолу ва қулфинай ба маърази дид гузошта шуда буданд. Имсол кишоварзон дар майдони 7 ҳазор гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузаронда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 52 - сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳо кишти такрорӣ бомаром идома дорад.
Тибқи дурнамо дар шаҳри Ваҳдат дар майдони 730 гектар картошка кишт шудааст. Нашъунамои он хуб буда, новобаста аз он ки ҳосилғундорӣ то ҳанӯз идома меёбад, деҳқонон умед доранд, ки ҳосили фаровон мерӯёнанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили дилхоҳ ҳидоят намуданд.
Таъкид шуд, ки шаҳри Ваҳдат бо меваҳои шаҳдбораш на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам машҳур мебошад. Ҳамасола боғдорони шаҳр ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳазорҳо тонна меваи тару хушк содир менамоянд. Ба мақсади таъмини иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» дар шаҳри Ваҳдат дар майдони 51 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз ин 32 гектараш боғи интенсивӣ мебошад. Роҳбари давлат ба масъулон дастур доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз меваю сабзавотро барои содирот бештар намуда, шумораи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро дар шаҳр дучанд намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат як корхонаи доимоамалкунандаи консервбарорӣ ва як коргоҳи мавсимии коркарди меваю сабзавот фаъолият мекунад. Вале бо сабаби он ки ҳамасола хоҷагиҳои ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз иқтидори солонаи ин ду корхона маҳсулоти бештар истеҳсол мекунанд, қисме аз ин маҳсулот дар шакли табиӣ истифода мешавад.
Соҳаи моҳипарварӣ низ дар шаҳри Ваҳдат рушд кардааст. Гулмоҳиҳое, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, дар ҶДММ "Форел", ки дар дараи зебоманзари Ромит воқеъ аст, парвариш мешаванд. Ин моҳӣ яке аз нодиртарин намудҳои моҳӣ ба ҳисоб рафта, дар обҳои мусаффо ва ҷоришаванда зиндагӣ мекунад. Дар маҷмӯъ дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳр ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва афзоиши он 22,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар намоиш, инчунин, маҳсулоти занбӯри асал пешкаш гардид, ки таъму мазаи он аз асалҳои дигар минтақаҳои кишвар фарқ дорад. Занбӯри асал дар шаҳри Ваҳдат асосан дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит парвариш карда мешавад. Ин аст, ки асали дар ин минтақа истеҳсолшуда таъми лазиз дорад ва ба садҳо намуди беморӣ шифо мебахшад. Зикр шуд, ки талабгорони асали шаҳри Ваҳдат берун аз Тоҷикистон низ хеле зиёданд.
Пешвои миллат аз пешрафти бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати шабонарӯзии барзгарон изҳори хушнудӣ карда, иброз намуданд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастархони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт, торафт бештар мегардад.

Фаъол шудани корхонаи истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт
Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори шаҳри Ваҳдат корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиётро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маркази таъмири нақлиёт аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Шамсулло Саъдуллоев бунёд шудааст. Масоҳати корхона 3 гектарро ташкил медиҳад. Дар сехи шарбатбарорӣ ва қитъаи заминҳои корхонаи мазкур наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шудааст.
Зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона ҳамарӯза иқтидори коркарди 2,5 то 3 тонна маҳсулоти кишоварзиро дорад. Барои фаъолияти пурсамари корхона ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» 27 гектар қитъаи замин барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷудо карда шудааст, ки дар ин заминҳо кишти помидор, бодиринг, карам, қаланфури булғорӣ, пиёз ва дигар намуди маҳсулот барои консервбарорӣ ба роҳ монда мешавад. Ҷамъияти мазкур ба коркарди сабзавоту меваҷот низ машғул буда, аз он қариб 10 намуд консерв, обҳои нӯшокӣ, афшураҳо ва шириниҳо истеҳсол мекунад.
Дар назди корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз», ҳамчунин, як маркази таъмири нақлиёт сохта шудааст, ки дар он 60 нафар бо ҷойи кор таъмин аст. Дар марказ дар як вақт ба 25 адад мошини сабукрав ва нақлиёти хурди боркаш хизмат расонда мешавад, ки дар як сол тахминан имконияти таъмири 6500 адад автомобилро дорад.
Соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллоев уҳдадор шуд, ки аз ҳисоби даромади корхона оянда боз фаъолияташро васеъ карда, коргоҳу корхонаҳои нав, 4 адад сардхона - ҳар кадоме бо ғунҷоиши то 250 тонна ва як маркази таъмири мошинҳои калони боркаш бунёд менамояд.
Баъди шиносоӣ бо шароити коргоҳҳои мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва иқдоми обод кардани як гӯшаи диёр арзи сипос намуда, ба онҳо комёбиҳо орзу намуданд.

Тақдими Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба”
27 июни соли 2017 дар рафти таҷлили 20 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба бо Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба” сарфароз гардиданд.
Нишонро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков тақдим намуда, нақши Сарвари давлатро дар рушду пешрафти кори соҳа муҳиму назаррас арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати ояндадору дурбинона ва хайрхоҳонаи худ ҳамеша ба масъалаи беҳдошти шароити кору зисти меҳнаткашон аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳамин талошҳову тадбирҳои созандаи Пешвои миллат буд, ки дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоии коргарон беҳтар гардида, мардум зери сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором кору зиндагӣ менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, ба ин нишони олӣ сарфароз мегардад.

Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71
Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 иштирок намуданд.
Муассисаи таълимӣ, ки аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва имконияту шароити муосири таълиму тарбия назир надорад, дар доираи  дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории ширкати чинии «ТВЕА» бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ки дар он асосан аҳолии синни мактабии маҳаллаи 20-уми деҳоти ба номи Бозорбой Буронови шаҳри Ваҳдат ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Корҳои сохтмонӣ дар муассиса моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзи таҷлил аз 20 - умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби мазкур барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ  шуда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ «Диаман-К» дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расондаанд.
Бинои асосии мактаб, ки аз чор ошёна иборат аст, дорои 28 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон мебошад.
Синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳоти мазкур метавонад нақши калон дошта бошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз хонандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла  рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ба таъкиди Пешвои миллат ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаби нав, ки дар солгарди навбатии Ҷашни Ваҳдати миллӣ рост омад, барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамаи синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст ва дар ин баробар ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон кабинетҳои лингафонӣ бунёд шудаанд,  ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
 Мактаб дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ барои 150 нафар, толори зебои маҷлис бо 380 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзишӣ мебошад.
Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.
Дар мактаб як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда сохта ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда имконият дорад, ки дар фасли сармо мактабро бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намояд.
Ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71, ки 2,6 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзишӣ, аз қабили футболи хурд, баскетбол, волейбол ва теннис бунёд гардида, барои гузарондани дарсҳои амалии омодагии ҳарбӣ як майдончаи замонавӣ низ сохта шудааст.
Лоиҳаи сохтмони муассисаи мазкур бо назардошти дурнамо таҳия гардида, оянда дар ин ҷо боз як бинои нави таълимии чорошёна бунёд мегардад.

Маросими ифтитоҳи сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон
Бегоҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон  дар шаҳри Ваҳдат иштирок варзиданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди варзишгоҳи муҳташами навбунёд бо баландии 50 метр қомат рост кард. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Пешвои миллат бо парафшон кардани Парчам ин рамзи давлатдориро дар маркази шаҳри Ваҳдат расман ифтитоҳ намуданд.
Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Некзод» устувор шуд. Аснои ба истифодадиҳии иншоот зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии сохтмон 1 миллиону 650 ҳазор сомонӣ буда, маблағ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо шудааст. Назди Парчами давлатии Тоҷикистон сарсабзу хуррам буда,  як гулгашти дилписанду дилнишинро мемонад.
Атрофи саҳни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат гулзор карда шуда, фаввораҳо фаъол ва муҳити он чароғон гардонда шудааст, ки дили ҳар бинандаро мерабояд. Изҳори эътимод карда шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд ва болафшонии Парчами давлатӣ дар назди варзишгоҳи навбунёд ифтихори миллии ҳар бошандаи шаҳри Ваҳдатро боло ва ҳисси меҳандӯстии сокинонро тақвият мебахшад.

Чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии шаҳрро бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Барои сохтмони варзишгоҳ 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардида буд.
Варзишгоҳ аз 6 қисм иборат буда, дар он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва бинои маъмурӣ бунёд гардидаанд. Ҳамчунин оянда дар атрофи варзишгоҳ сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ, сохтмони маҷмааи “Ваҳдати миллӣ”, кохи ақди никоҳ ва бинои амфитеатр пешбинӣ шудааст, ки бояд то соли 2018 бунёд гарданд.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди варзишгоҳ 28 августи соли 2014 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Ҳамон вақт Сарвари давлат супориш дода буданд, ки ҳамаи корҳои бунёдӣ ва ободонии атрофи варзишгоҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ анҷом ёфта, иншооти мазкур дар рӯзи Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шавад.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авлиёхӯҷа” ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Алянс Сомон” иҷро гардидаанд. Дар корҳои сохтмону таҷҳизондани варзишгоҳ коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Мунис-С”, “Ҳамсафар”, “Насби Нур”, “Салмон-Сохтмон”, “Фаридун”, “Темурҷон”, “ИМО” ва “Нури Ҳамадон” саҳм гузоштаанд.
Пас аз ифтитоҳи варзишгоҳ дар иншооти наву замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Барои иштирок дар ин тадбири муҳим ва таҷлили ботантанаи санаи таърихӣ меҳмонони зиёд аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аҳли зиёи кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва сокинону фаъолони шаҳри Ваҳдат ҷамъ омаданд.
Нахуст Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷашнвора ва дар шахси онҳо кулли шаҳрвандони мамлакат, инчунин ҳамватанони бурунмарзиро бо 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз роҳи пуршарафи тайкардаи миллати сулҳофари тоҷик давоми 20 сол андешаронӣ карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарӣ, ки таҷассумгари дастовардҳои 20 - соли Ваҳдати миллӣ буд, пешкаши иштирокчиёни ҷамъомади идона карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 539

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед