logo

иқтисод

ОМОРИ НОДУРУСТ ВА НИГАРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТ

Дар   машварати  васеи  назди  раиси  ВМКБ ҷараёни  иҷрои  Қонуни   Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар  бораи  танзими  давлатии  истеҳсолу  муомилоти  спирти  этилӣ  ва  машрубот” баррасӣ гардид.
Қиличбек Қиличбеков, сардори раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, доир ба ин масъала гузориш дода, зикр намуд, ки айни  ҳол   дар  шаҳри  Хоруғ  15  нуқтаи  махсуси  фурӯши  машрубот, дар  ноҳияҳои   Дарвоз  4, Ванҷ 5, Рӯшон  6, Шуғнон 8, Роштқалъа 6, Ишкошим 7  ва   Мурғоб  4 нуқтаи  фурӯши  машруботи дорои литсензия амал  мекунанд. 
Мутахассисони  раёсат  дар  ҳамкорӣ  бо  сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ давоми соли гузашта ва 4 моҳи соли равон ҳамагӣ  276  намунаи  машруботро  ба  миқдори  11604  литр мавриди  санҷиш  қарор  доданд. Маълум  гардид, ки  аз  он  82  намуд  дар  ҳаҷми   3561  литр  ғайристандартӣ  мебошад. Муҳлати   литсензияи  баъзе  нуқтаҳои  фурӯши машрубот  гузаштааст
Ҷиҳати  риоя накардани талаботи  қонуни  мазкур  нисбати  34  соҳибкор  ба  маблағи  5010   сомонӣ  ҷаримаи  маъмурӣ  татбиқ   шудааст. Шодихон  Ҷамшед, раиси  вилоят,  аз  он  изҳори  нигаронӣ  намуд, ки    ҳисоботи  омории  муассисаҳои  марбутаи  вилоят  оид  ба истеъмоли  машрубот  ба  ҳам  мухолифанд. Рақамҳое, ки   дар  гузориши  сардори   раёсати  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва  нозироти  савдои  ВМКБ    садо  доданд, ба   ҳисоботи мақомоти  андоз, гумрук  ва  дигар  сохторҳои  дахлдори  вилоят  мувофиқ намеоянд.  Ин ҳолат  боиси  кам  шудани   бовариву  эътибор  ба  ин  гузоришҳо  мегардад.  Раиси  вилоят  изҳори  ташвиш  намуд, ки  машруботи  ғайристандартӣ   нисбати  дигар  минтақаҳо  ба Бадахшон  бештар  ворид мегардад. Ба  гуфтаи  раис, соле  дар  вилоят  ба андозаи  11  миллион  сомонӣ    машруботи  спиртӣ  истеъмол  мешавад. Ин  барои  вилояте, ки   наздики  200  ҳазор  нафар аҳолӣ  дорад,   маблағи  калон  аст.  Машруботи спиртӣ ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад ва  ин  аз касе  пӯшида  нест. Имрӯз  дар  вилоят  300  майзадаи  музмин  дар  қайди  расмӣ  қарор  дорад. Боз  майзадаҳои  зиёде низ  ҳастанд, ки   аз  қайд  берун  мондаанд. Тасаввур  кунед, он насле, ки аз онҳо ба  дунё меояд, чӣ  гуна  хоҳад  буд? 
Раиси  вилоят таъкид  кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои  вилоят на ҳамеша  талаботи  қонуни зикршуда   риоя  мегардад.  Дар  бозорҳои  шаҳр ва назди  муассисаҳои  таълимӣ  фурӯши   машрубот  манъ  аст, вале  дар шаҳри  Хоруғ  ва  деҳоти  алоҳидаи  вилоят  акси  инро  мушоҳида  мекунем.  Фурӯш  бе  қарори  дахлдору   бе  литсензия  ҳам  ҷой  дорад, ки  аз  назари  мақомоти   назоратӣ  берун  мондааст. Фурӯши машруботи  пастсифату  худсохт  дар  ҳамин  нуқтаҳо бештар  ба назар мерасад. Онҳо  бо  нархҳои  аз  3 то  5  сомонӣ  хеле бозоргиранд,  вақте дар  Душанбе  нархи  як  шиша  арақ  аз  10  сомонӣ  кам  нест.   Ин дар ҳолест, ки дар  вилоят  корхонаи  истеҳсоли  арақ  расман  вуҷуд  надорад. Таъкид гардид, ки  бо чунин     зуҳурот мақомоти дахлдор ва аҳли  ҷомеа бояд муборизаи беамон баранд.  
Раҳмони  ГУЛЗОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2017    №: 136    Мутолиа карданд: 637
09.04.2020


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ. ОБОДОНӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ КИШОВАРЗӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ БУЗУРГИ "ИСТИҚЛОЛ" ДАР ОҒОЗИ МАВСИМ

07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед