logo

туризм

САЙЁҲИИ ТАЪРИХӢ – ФАРҲАНГӢ. БА ОН ТАВАҶҶУҲИ ЗАРУРӢ ЗОҲИР НАМЕШАВАД

Сайёҳии фарҳангӣ яке аз навъҳои маъруф ва оммавӣ ба ҳисоб рафта, дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Кишвари мо дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ мебошад ва он диққати зиёди сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Инчунин, дар замонҳои қадим аз ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон яке аз шохаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим мегузашт, ки ин низ метавонад дар равнақу ривоҷи ин навъи сайёҳӣ нақш гузорад.
Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихӣ - фарҳангии Вазорати фарҳанг соли 2009 дар шаҳри Сеани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳашт ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва меъмории кишвар – ёдгориҳои асри миёнаи Панҷакенти Қадим, Бунҷикат, шаҳри Ҳисор, Тахти сангин, дайри баддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷамашҳад, шаҳри Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахум ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО пешниҳод гардид. Хушбахтона ҳамаи онҳо номнавис гардиданд. Мувофиқи рӯйхати пешакӣ, ки бо пешниҳоди мақомоти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси харитаи бостоншиносии навоҳӣ соли 2016 тартиб ёфтааст, дар кишвар 3047 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ мавҷуд аст. Вале  ин рақам ниҳоӣ набуда, бо назардошти иловаи ёдгориҳои бостонӣ шумораи онҳо меафзояд. Ин ёдгориҳоро  метавон барои рушди минбаъдаи ин навъи сайёҳӣ истифода бурд ва бо ин васила ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат кард.
Аммо, мутахассисон иброз медоранд, ки иқтидори мавҷудаи сайёҳии таърихиву фарҳангӣ дар мамлакат ба таври зарурӣ ба кор намеравад. Роҳбаладони соҳа дар бораи мавзеъҳои таърихии мамлакат, ки хеле ҷолибу диданианд, маълумоти кофӣ надоранд ва ба сайёҳони хориҷиву дохилӣ маълумоти муфассалу фарогирро манзур дошта наметавонанд. Баръакс, баъзан гидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд,  ба туристон дар бораи мамлакатамон маълумоти ҷолиб пешниҳод менамоянд. Ғайр аз ин, дар сомонаҳои ширкатҳои сайёҳӣ маълумот нав намешавад. Иттилои мавҷуда ниҳоят кам ва қонеъкунанда нест. Умуман, тамоми иқтидори сайёҳии таърихиву фарҳангӣ мавриди истифода қарор намегирад. Ин боиси аз инкишоф бозмондани на танҳо сайёҳии таърихӣ - фарҳангӣ, балки дигар навъҳои он низ мегардад.
Ба сайёҳии таърихӣ - фарҳангӣ ҳамчунин, туризмҳои маърифатӣ, омӯзишӣ ва этнографӣ дохил шуда метавонанд. Зеро сайёҳон дар баробари сайр дар мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳамзамон бо тарзи зисти мардуми маҳаллӣ, урфу одат ва анъанаҳои сокинон бохабар мешаванд.
Пурсишҳои иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки туризми таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон афзалияти бештар дорад. Барои рушди туризми таърихию фарҳангӣ мавҷудияти осори ғании ниёкони тоҷик, ҷойгиршавии ёдгориҳои зиёди сабтгардида ва онҳое, ки барои шомил гаштан ба феҳристи объектҳои ҳифзшавандаи ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд, мусоидат менамоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2017    №: 136    Мутолиа карданд: 1943

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед