logo

фарҳанг

"ИСТАРАВШАН. ЧАРО БОҒҲОИ ФАРҲАНГӢ БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ НЕСТАНД?"

«Ҷумҳурият», 30 майи соли 2017

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мақолаи дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чопшудаи хабарнигори махсуси нашрия Ҷовиди Аштиро дар мавриди боғҳои фарҳангии шаҳр мавриди баррасӣ қарор дод.
Боғи фарҳангӣ – истироҳатии ба номи «Муборак» ё худ «Се додарон» дар мавзеи Қӯрғончаи Ҷамоати деҳоти Зарҳалол ҷойгир шудааст. Ин макони фарҳангӣ мавзеи дӯстдошта ва дилхушии кӯдакон ва сокинони ин маҳал мебошад. Бо фаро расидани зимистон ин ҷо муваққатан баста шуда, дар фасли тобистон боз ба фароғату истироҳати сокинон омода мегардад.
Бояд зикр намуд, ки боғи истироҳатии ба номи Суҳайлӣ Ҷавҳаризодаи шаҳри Истаравшан солҳои 1970 - 1972 бунёд гардида, дар маҳаллаи Дилшоди Барно ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии он тибқи парвандаи инвентарӣ аз 3 августи соли 1972 беш аз 4665,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, қайд бояд кард, ки дар ҳудуди боғи номбурда бинои меҳмонхона бо масоҳати 0.05 га, ошхона - 0.034 га, чойхона - 0.20 га, маркази фарҳангӣ – тиҷоратии «Ветеран» - 0.13 га ва ошхона ба масоҳати 0.08 га, ҳамчун иншооти хизматрасонии бахши хусусӣ мавҷуд буда, фаъолият карда истодаанд.
Дар асоси қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 18 апрели соли 2007, № 260 боғи истироҳатии шаҳр ба номи С.Ҷавҳаризода аз тавозуни бахши фарҳанги шаҳр ба тавозуни КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Истаравшан» гузаронда шудааст.
Тибқи протоколи № 1 комиссияи озмун барои ба иҷора додани амволи давлатии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иншооти мазкур ба соҳибкор Парвина Бахтиёр ба иҷора дода шуд. Аммо аз ҷониби соҳибкор тибқи нақшаи пешниҳодкардааш баҳри барқарорсозии боғи мазкур - ободониву гулкорӣ, танзими атраксионҳо амалӣ карда нашуданд. Аз ин сабаб, 7 ноябри соли 2016 шартномаи иҷора аз ҷониби шаҳрдорӣ қатъ карда шуд.
Иншооти мазкур дар охири соли 2016, яъне баъди тасдиқи буҷет ба тавозуни хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр бе пешбинӣ намудани маблағгузории нигоҳдории он баргардонда шуд. Айни ҳол, аз рӯйи имкониятҳои мавҷуда дигар хизматрасониҳо ба роҳ монда шудааст
Идораи мазкур ҷиҳати таъмини нигоҳдории боғ тадбирҳои иловагӣ меандешад.
Дигар соҳибмулкони боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳр низ вазифадор карда шуданд, ки дар ин самт кор бурда, баҳри фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оранд.
Б. ИНОЯТЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2017    №: 136    Мутолиа карданд: 395

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед