logo

фарҳанг

УСТОД АЙНӢ ВА КИТОБИ ЗИНДОНИИ Ӯ

Яке аз асарҳои машҳури устод Садриддин Айни «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», ки ибтидои солҳои 20 - уми асри ХХ эҷод шуда буд, 70  сол рӯи чопро надид. Чаро ин китоб дар ин муддат  зиндонӣ буд?  Чӣ тавр он пайдо гардид?

Устод Айнӣ дар раванди бунёди мактабҳои нав, ташаккули афкори тараққихоҳона нақши ҷаридаҳоро хеле пурарзиш арзёбӣ кардааст. Дар боби «Таъсиси арзиши ҷаридаҳои Бухорои Шариф» ва «Тӯрон» менависад: «Тараққихоҳон ва маорифпарварон дер боз орзуи нашри як ҷаридаро дар Бухоро доштанд, лекин назаран аз аҳволи Ҳукумати Бухоро вусул ба ин орзу мутаассир буд». Хулоса, ӯ чун дигар равшанфикрони он айём, яке аз роҳҳои аз буҳрони маънавӣ баровардани мардумро дар таъсиси рӯзномаҳо ва мактабҳои нав медид. Бо кӯшиши Мирзо Муҳиддин, Мирзо Сироҷи Ҳаким дар мувофиқа бо элчихонаи Рус аз Насрулло Қушбегӣ барои таъсиси рӯзномаҳои «Бухорои Шариф» ва «Тӯрон» иҷозат пурсиданд ва ин нашрияҳо чоп шуданду дар раванди инқилоби фикриву илмии тараққихоҳони Бухоро, зиёиёни кишвар, толибилмон, мударрисон нақши бузург бозиданд. Ҳукумати Бухоро бо дасисаи элчихонаи Рус аз бедории андешаҳои мардум ба ҳарос афтода, баъди 10 моҳ, яъне соли 1912 ҷаридаҳои мазкурро бастанд. Таассуроташро устод Айнӣ аз ин воқеаи ҷонсӯз чунин баён кардааст:
Эй тарҷумаи ҳоли дил,
эй сафҳаи Тӯрон,
То маҳв шудӣ, монд ба дил
доғи фаровон.
Чун баъди 6 моҳи ташкили мактаби Мирзо Абдулвоҳид шогирдон хатнавису хатшинос шуданд, ҳисобро ёд гирифта, бо ҷасорат дар назди аҳли маҷлис-имтиҳонкунандаҳо сарбаланд гаштанд, мактаб шуҳрат пайдо кард, ҳарифон ба таҳлука афтоданд. Аввалин касе, ки бар хилофи ин мактаб афтод, мулло Қамари Қазоқии мударрис буд. Ӯ аз ихтилофҳои ҷадиди кишвари Русия каму беш огоҳӣ дошт. Вай аз мутаассибони машҳур ва марди фасодпеша буд ва бо мулло Низом Собити тотор, ки пуштибони ин навҷӯиҳо буд, ихтилоф меварзид.
Устод Айнӣ ба рағми ҳамаи ин монеаҳо ҷаҳд дошт, ки мактаби наву талабаи нав рушд кунад. «Ислоҳи аҳволи  талаба ва мударрисро ба наҳҷе кардан лозим аст, ки умри талаба дар мадраса абас нагузарад ва тариқи таълимро ба вазъе таъсис кардан лозим аст, ки ба таъсири он талаба муҳиби илм, ошиқи маориф ва ҳариси мутолаа шавад». Аммо бо вуҷуди ин ҳама талошҳо суде набахшид. 10 - уми моҳи Рамазони шарифи соли 1327 - и ҳиҷрӣ маъмурон аз тарафи қушбегӣ ва қозикалон амри бастани мактаби навро имзо карданд.
Андешаҳои нависандаи борикбин, нуктасанҷу дурандеш дар асар моро талқин мекунад, ки «ҷомеае, ки  дониш надорад, аз асли воқеа ноогоҳ аст, мутавфиқ нахоҳад шуд ва соҳиби суботу оромӣ нагашта ва ба фараҳмандиҳо нахоҳад расид» ва устод шарти асосиро дар такмили маориф ва иттилоъёбии мардум мебинад.
Ба ислоҳотхоҳии кӯр - кӯронаи тараққипарварони Бухоро устод Айнӣ муқобил буд. Бо тағйири баъзе сохтор, равишҳои ислоҳотхоҳии ҳукумат беҳбудие нахоҳад шуд, зеро барои қабули ин дигаргуниҳо мардум тайёр нестанд, - мегуфт устод. Ба  дӯсташ Мунзим, ки аз ҳақиқат огоҳӣ надошт, зид баромада мегӯяд: «Шумо аз аҳволи раия хабар надоред, муомилоти қузоту ҳукаморо намедонед. Дар гӯшаи мамлакат раияи муштипар дар дасти чанд нафар бедодгар гирифтор аст, ирзу номусашон дар марази талаф, молу ҷонашон дар мавқеи  тороҷ ва яғмост, барои зироат об нест, барои тиҷорат роҳ нест, барои табобат ҳаким, дорухона ва бемористон нест, барои айтому аҷоза дорулайтом ва дорулаҷоза нест».
Муаллифи китоб менигорад, ки ҳукумат роҳи ислоҳоти танвири афкори умумро мебаст, махсусан аз ривоҷи мактабҳои ибтидоӣ метарсид. Аз он ки Султон Абдулҳамид дар Туркия мактабҳои нави алифбохониро роиҷ кард ва боиси сарнагуншавии сохти куҳна ва эҳёи ҳукумати нав гардид, аз такрори ин ҳодиса дар кишвари Бухоро метарсиданд.
Устод Айнӣ, ки  дар асараш «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» аз сабаби мушкилоти ташкили дабистонҳои нав, зиддияти душманони забони тоҷикӣ, чун забони давлатӣ аз байн рафтани он, нуфузи забони туркӣ, муқобилияти мутассибони динӣ, хурофотпарастон ошкор сухан мегӯяд, боиси кинаи давлатдорон  мегардад. Аз ин рӯ, ҳини даргириҳои Инқилоби Бухоро устод Айнӣ ва ҳамфикри ӯ Мирзо Назруллоҳро бегуноҳ ба муҷозот кашида, 75 чӯб зада, ба зиндон андохтанд.
Дар арафаи Инқилоби Бухоро бо сабаби нуфузи туркзабонҳо асар ба забони ӯзбекӣ баргардонӣ шуд. 2 - юми сентябри соли 1920 Инқилоби Бухоро ғалаба кард. Бо хиёнати душманони миллат забони тоҷикӣ мавқеи давлатӣ нагирифт. Ба хотири пойдории асар устод Айнӣ  бо маслиҳати дӯсташ Шоиқ Афандӣ онро ба забони ӯзбекӣ гардонд.
«Дар Бухоро ду хонавода буданд, аз пайравони барномаи ҷадид ва аз таҷаддудхоҳони давлатӣ дар кишвар, ки аз ҷониби мутаассибон ба қатл расиданд. Инҳо дӯстони ман буданд ва фарзандони навҷавони онҳо бо кӯшиши ман дар ҳайати муҳассилини бухорӣ ба Олмон рафтанд ва пас аз таҳсил ба Бухоро баргашта, ба давлат ҳамкорӣ доштанд ва он се писар ба ҷиҳати донистани забони модарӣ (форсӣ - тоҷикӣ), туркӣ ва олмонӣ дар бойгонҳои вижаи Бухоро, Тошканд, Маскав адои вазифа мекунанд. Падарам фармуд, ки чун замони муносиб фаро расад, аз тариқи онҳо метавонӣ нусхаи нодири маро пайгирӣ кунӣ.  Ин васияти маро дар ёд дошта бош: «Таърихи  инқилоби фикрӣ дар Бухорои Шариф» китоби 5 - ум  («Ёддоштҳо») – С.Ҳ.) хоҳад буд» - менависад писари устод Айнӣ - Камол Айнӣ.
Ҳамин тавр, устод орзуи дарёфти нусхаи аслии китоби мазкурро ба он дунё бурд.
Тақдири асари дигари устод «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» низ чунин аст. Аммо устод умед доштанд, ки вазъи мамлакат тағйир мекунад ва аз яке аз бойгониҳои давлатӣ ё шахсӣ он нусхаи нодир пайдо хоҳад шуд.
Баробари фурӯпошии Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ дарвозаҳои оҳанини бойгониҳои давлатӣ кушода гардиданд. Бо кӯшиши ду шогирди устод ин нусхаи нодир ёфт шуд. Он нусха айни ҳол ба тариқи таҳриршуда дар Пажӯҳишгоҳи Абурайҳони Берунии Тошканд маҳфуз аст. Сабаби асосии чоп нашудани асарро устод Камол Айнӣ дар пешгуфтори ҷилди 14 - уми «Куллиёт» чунин шарҳ медиҳад: «… Касоне аз мақомоти Ҷумҳурии Бухоро буданд, худро қаҳрамони Инқилоби Бухоро медонистанд ва мехостанд, ки дар сафҳаҳои таърих нақши даст дошта бошанд». Яъне заҳмату ранҷи мардуми зодбум, адибону рӯшанфикрони асили тоҷик бояд паси парда монад ва на ба туркӣ чоп шавад на ба тоҷикӣ.
Садриддин ҲАСАНЗОДА,
нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2017    №: 136    Мутолиа карданд: 711

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед