logo

фарҳанг

БОЗТОБИ ВАҲДАТ ДАР АДАБИЁТИ КЛАССИКӢ

Вожаи ваҳдат ҳазорсолаҳо пеш дар адабиёти пурбору куҳани тоҷикӣ ба кор рафтаву маънии ягонагиву иттиҳод ва ҳамгироиро  ифода намояд ҳам, танҳо ду даҳсола пеш ин вожа чун наҷотбахши тоҷикон моҳияти ҳастиву будани ин миллати куҳанро муайян кард. Замоне он умри дубора пайдо карду бар сари забонҳо афтод, ки дар ҷомеаи тоҷикон ниёзи шадиде ба ягонагиву якпорчагии миллӣ эҳсос мешуд.
Шояд ин панди фарзанди бузургу ҷаҳондида ва ҷаҳонгаштаи тоҷик - Саъдии родмард, ки чандин аср пештар дар бораи иттиҳоду ягонагӣ ва аҳамияти он гуфта буд, дар айни авҷи даргириҳо  ба имдод омад:
Мӯрчагонро чу бувад иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пӯст.
Имсол аз ин санад ва санаи воқеан таърихиву сарнавиштсози миллат 20 сол пур шуд. Бист соли ҳамдилӣ, бист соли сулҳу дӯстӣ, созандагиву бунёдкориҳои азимро мардуми тоҷик даст ба дасти ҳам дода, дар фазои ваҳдату якдилӣ пушти сар бигзоштанд.  Пас аз имзои ин санад бист сол мешавад, ки дар забони мардум дар радифи вожаи истиқлол вожаи муқаддаси ваҳдат ҳар лаҳза такрор мешавад ва гузашта аз ин, ин ду рӯйдоди бузург ба ҳайси ҷашнҳои бузурги миллӣ дар байни мардуми мо ва тоҷикони бурунмарзӣ ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Яке аз мунодиёни ваҳдату ҳамгироии миллии тоҷикон фарзанди шарофатманду таърихдони миллати тоҷик Абулфазли Байҳақист, ки ин паёми созандаву ҷонбахши ӯ аз қаъри асрҳо ҳанӯз ба гӯши ҷонамон мерасад:
Зи доно ту нашнидӣ ин достон,
Ки баргӯяд аз гуфтаи бостон.
Ки: «Гар ду бародар ниҳад пушт - пушт,
Тани кӯҳро бод  монад ба мушт».
Фирдавсии покзод, ки ягона ормони ҷовидонааш ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва ваҳдату ягонагии Ориёнои бузург будааст, ҳамеша ба ҳамиллатони худ «ҳампуштӣ» ва иттиҳоду «якзабонӣ» - ро талқин кардааст.  Мардумро хоса, ҳамқавмонашро ба ваҳдату ягонагӣ хондааст:
Чу ҳампушт бошеду ҳам якзабон,
Яке кӯҳ кандан зи бун метавон.
Саъдии бузургвор яке аз таблиғгарони ваҳдату ягонагии инсонҳост. Давлату дороии инсонро бархоста аз иттифоқу ягонагӣ ва ваҳдати комили инсонҳо медонад. Маънии давлат дар ин байти Саъдӣ моҳияти васеъ дошта, мазмунҳои дороӣ, саодату хушӣ, тандурустиву оромӣ ва дар маҷмӯъ амнияти рӯҳиву равонии шахс ва дар кулл як ҷомеаро нишони давлатмандӣ мехонад. Нифоқу ҷудоиро сабабгори бедавлативу бадбахтӣ ва нооромиву вайронии ҷамъият медонад:
Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.
Дар боби дарки моҳияти ваҳдату ягонагӣ адабиёти ғании форсии тоҷикӣ беҳтарин намуна ва улгӯ буда, ба мо ворисонаш паёми бедорию ҳушёрӣ медиҳад.
Яке аз шоҳсутунҳои бузурги фарҳангу адаби тоҷикӣ Абдураҳмони Ҷомӣ яке будану муттаҳидӣ хостан ва дар иттифоқу ҳамбастагӣ зистани инсониятро аз хислатҳои барҷастаи мардуми огоҳу зирак медонад:
Миёни ду кас маънии зиракӣ,
Бувад мояи иттиҳоду якӣ.
Ҳама зиракон з - он
ба ҳам дӯстанд,
Яке мағзро гашта сад пӯстанд.
Дар ин рӯзҳои ҷаҳонгароӣ ва шиддат гирифтани таҳоҷуми фарҳангҳои бегона яқинан зиракии мо ба ҳам будану иттиҳоди мост. Иттиҳоду ҳамгироии мо нишонаи зиракӣ ва ҳам зӯру тавони шикастнопазирии мост.
Дар натиҷаи иттифоқу ҳамдилӣ ва ягонагиву ҳамандешӣ шикастнопазиру пирӯз, зираку комёр ва бисёру бешумор  хоҳем буд. Бино ба қавли маъруф:
Чун ҷамъ шаванд панҷ ангушт,
Гарданд ба фарқи душманон мушт.
Ҳар панҷ зи ҳам ҷудо бимонад,
Ҳар тифл шикастанаш тавонад.
Дил мехоҳад, ки дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе марказе, созмоне ва ё пажӯҳишгоҳи алоҳидае дошта бошем, ки ба таҳқиқу омӯзиши илмии масоили ваҳдатсозӣ ва ҳамгироии тоҷикон машғул бошаду тадқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом бидиҳад ва ин таҷрибаҳои сулҳофару созандаро дар байни ҷомеа ва инсони сайёра ташвиқу тарғиб намояд ва густариш бидиҳад.
Анзурати МАЛИКЗОД,
ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2017    №: 136    Мутолиа карданд: 354

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед