logo

иҷтимоиёт

КӮПРУКИ "МУАЛЛАҚ" ВА САРГАРДОНИИ СОКИНОНИ ВАХШУ БОХТАР

Баҳси “сангин”-и Вахшу Бохтар
Азнавсозӣ ва ҳатто таъмири нимкораи як кӯпруки садамавиро, ки барои мардуми Вахшу Бохтар муҳим арзёбӣ мегардад, бинобар дар тавозуни ин ё он идораи дахлдор қарор надоштан, ягон ниҳоди ноҳияҳои болозикр ба зимма намегиранд.
Ин кӯпрук фаротар аз ним аср роҳи беш аз 40 ҳазор сокини ҷамоатҳои шаҳраки Киров ва Бӯстонқалъаи навоҳии Вахшу Бохтарро ба роҳи Қӯрғонтеппа – Данғара пайваст мекард. Бо истифода аз он деҳқонон маҳсули дастранҷи хешро сари вақт ба бозорҳои мамлакат интиқол медоданд. Аммо тӯли чоруним соли ахире, ки равҳои оҳанинаш каҷу шикаста ва тахтасангҳояш дарҳам рехтаанд, таҷдиди он ба ёди масъулин намезанад.  

Баҳона бошад, масъулият даркор нест?
- Оё роҳи дигар надоред? - мепурсам аз Маҳмадулло Мирзохонов, истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш.
- Аз назди мактаби рақами 3 гузашта мешавад, аммо азбаски он роҳи борикро мардум худ сохтаанд, ба хотири зуд вайрон нашудан моро иҷозаи ҳаракат намедиҳанд, - мегӯяд ӯ. - Вале агар аз он истифода барем ҳам, роҳамон боз 3 километр дур мешавад. Охир, ин хеле бад аст, вақте нақлиёти мусофирбар сокинони даҳҳо деҳаро ҳамроҳи борашон гирдгардон ба манзил мерасонад.
Соҳибони мошинҳои гаронвазн чандин сол боз аз ин кӯпрук умуман истифода бурда наметавонанд. Гузашта аз ин, ҳаракати нақлиёти сабукрав низ аз болои он барои муддати тӯлонӣ мамнӯъ буд. Ин ҳолро дида ронандаҳои маҳаллӣ чуқуриҳои хурдтарро бо як - ду ароба сангу қум пур карда, ба истифодаи кӯпрук шурӯъ карданд. Ҳангоми суҳбат ронандаҳо Маҳмадулло Мирзохонов, Алишер Шарифов ва Парвиз Сафаров қойил шуданд, ки ҳаракат аз болои шохоби тезҷараёни Вахш тавассути ин кӯпруки акнун ларзонак аз хавфу хатар орӣ нест.
- Охир, касе ба додамон нарасид. Масъулони ноҳияи Вахш гуфтанд: “Дар тавозуни ноҳияи Бохтар аст. Дар Бохтар гуфтанд, ки “Не! Аз Вахш аст”. Аз ин баҳси ноҳиядорон ҳанӯз ҳам ҳайронем. Афсӯс, ки барои таъмираш маблағи зиёд зарур аст, вагарна тариқи ҳашар дурусташ мекардем, - изҳор намуд Маҳмадулло Мирзохонов.
Дар пайи муроҷиатҳои чандсолаи сокинон ба раисони навоҳии зикршуда ва роҳбари вилоят як дафъа ниҳодҳои ноҳиявию вилоятӣ дар ҳамдастӣ пули мазкурро таъмири сарсарӣ карда буданд, ки он зуд аз кор баромад.  
Воқеан ҳам, дар садади шикояти мардум давоми чоруним сол камина низ чандин карат бо роҳбарони дахлдор бобати таъмири куллии кӯпрук суҳбат карда будам. Ҳар дафъа раисони навоҳии Вахшу Бохтар ва идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қӯрғонтеппа ваъда медоданд, ки баробари хушк шудани оби наҳр тирамоҳ ё зимистон дастбакор хоҳанд шуд. Вале, мусалламан, далели “дар тавозуни ман нест” онҳоро аз харҷи маблағ ҳамеша боз медошт.    
Мутахассисони идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қӯрғонтеппа соли 2014 баршумурда буданд, ки барои азнавсозии ин пули дарозиаш 16 ва паҳнояш 6 метр 247 ҳазору 448 сомонӣ зарур аст. Назорати иҷрои ин амри хайрро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба зимма гирифта буд, аммо бо чӣ сабабе кор ба субут расонда нашуд.
Кӯпрук сараввал бояд ба тавозуни ягон идора ё ноҳия гузошта шавад. Ва дар мувозинаи куҷо гузоштани онро бояд вакилони мардум ҳал мекарданд.
Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни як суҳбати телефонӣ тасдиқ кард, ки аз масъала огоҳ аст, аммо барои тасмим гирифтан бояд мардум ба унвони ӯ мактуби муфассал ирсол доранд.

Роҳбарро ҳилм зебаду оқилӣ
Чаро роҳбарони масъули сатҳи ноҳиявию вилоятӣ дар мавриди таҷдиди кӯпрук қатъият зоҳир намесозанд? Баҳри дарёфти посух бо чанде аз онҳо муроҷиат кардем. Бархӯрдҳо гуногун буданд. Тоҳир Турсунов, раиси Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш, бо вуҷуди он ки моро худ иҷозаи вуруд ба кабинети кориаш дода буд, баробари шунидани суол тарзи норавои қабулро тағйир надода, бо зарба гуфт: “Аввал иҷозати раиси ноҳияро бигир, баъд назди ман даро! Журналист будаӣ, ҷонгир не-ку?! Ман проблемаҳои ҷамоатро бе ту ҳам медонаму ҳал карда метавонам. Баро аз кабинет!..”.
Посухи раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло низ кӯтоҳ буд: “Ман гуфта будам, ки он кӯпрук аз мо нест. Аз идораи оби вилоят пурсед. Дар баланси ҳамонҳост”.
Муовини сардори раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилояти Хатлон Шамсиддин Гадоев изҳор дошт, ки онҳо дар тавозунашон ягон иншоот надоранд, балки ҳамагӣ ба мувозинаи зерсохторҳои шаҳрию ноҳиявияшон гузошта шудаанд.
Муовини тозатаъйини раиси ноҳияи Бохтар Шариф Сафаров ғайриинтизор ба як суол бо чанд суол ин зайл ҷавоб дод: “Агар мардум ба шумо арз карда бошанд, аризаашон ку?... Оё пас аз санҷиш санад тартиб додӣ?... Чаро комиссия ташкил карда, моро ҳам ба ҳайаташ шомил накардӣ?... Барои ин мавзӯъро навиштан оё ягон мактуби расмӣ овардӣ?... Мақолаатро пеш аз чоп бояд ба ман нишон бидиҳӣ! Инро медонӣ?...”.
Раиси ноҳияи Бохтар Ҷаббори Ғаффор афзуд: “Он кӯпрук дар тавозуни ноҳияи мо нест. Мардуми ноҳияи Вахш истифодааш мебаранд... Мо таъмири пурраашро ба зимма намегирем, аммо ба қадри тавон ёрдам мекунем”.
Музаффар Холиқов - сармуҳандиси собиқадори идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қӯрғонтеппа, ки аз масъала хуб огоҳ аст, гуфт:
“Идораи мо  буҷетист. Ин гуна кӯпрукҳо дар вилоят бисёранд. Мо кадом яктои онро таъмир кунем?!”.

Барои ибрат
Муносибати мутасаддиён бо кӯпрукҳои валангор дар ҳама навоҳии вилоят чунин фориғболона нест. Мушаххасан, соли гузашта роҳбарияти навоҳии Ҷайҳун ва Шаҳритуз бо дастгирию ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонистанд роҳи азнавсозии кӯпрукҳоро ёбанд. Ҳоло дар ноҳияи Ҷайҳун 2 кӯпрук бо маблағи беш аз 80 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шуда истодааст ва ба қавли раиси ноҳия, сохтмонашон дар рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.
Пас, чаро пули Киров чоруним сол боз ҳатто соҳиб пайдо карда наметавонад? Ва мусалламан, дар ин росто идораҳои назораткунандаи вилоятӣ низ саҳлангории ҷиддӣ содир карда истодаанд.
***
Умедворем, ки пас аз нашри матлаб, роҳбарони ниҳодҳои дахлдори вилоятӣ ва вакилон соҳиби кӯпрукро муқаррар карда, ба таҷдиди зудтари он замина мегузоранд. Зеро нозеб аст, агар масъалаи мазкур фақат баъд аз дахли мустақими вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ роҳи ҳал пайдо кунад.
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2017    №: 136    Мутолиа карданд: 368

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед