logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

НАХУСТИН ГЕНЕРАЛБОНУИ ТОҶИК
Саодат Амиршоева нахустбонуи тоҷик аст, ки рутбаи генерал – майор дорад. Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ аст.  Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи коргузори суди халқии ноҳияи Фархор оғоз кардааст. Сипас, ба ҳайси нотариуси давлатии идораи 2 – юми нотариалии шаҳри Душанбе, сарнотариуси идораи 1 - уми нотариалии вилояти собиқи Кӯлоб, судяи суди халқии шаҳри Кӯлоб адои вазифа намудааст. Аз соли 1993 то соли 2008 сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон низ буд. Собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон ва дорандаи як қатор ордену медалҳо мебошад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


МОТСАРТ ВА СИМФОНИЯ
Яке аз ихлосмандони оҳангсози машҳур Волфганг Амадей Мотсарт аз ӯ мепурсад:
- Ҷаноби Мотсарт, мехоҳам симфония нависам, хоҳишмандам маслиҳат диҳед, ки аз чӣ оғоз намоям?
Мотсарт мегӯяд:
- Шумо медонед, ки симфония яке аз жанрҳои мушкилтарини мусиқист. Шояд аввал  аз навиштани пйеса шурӯъ намуда, баъдан ба эҷоди симфония даст занед.
Мухлис паст наомада чунин мегӯяд:
-Худи шумо дар ҳаштсолагӣ симфония навишта будед-ку.
-Дуруст, вале ман аз касе пурсуҷӯ накардаам, ки он чӣ хел эҷод мешавад!
Таҳияи Умари ШЕРХОН


ҶАРИМА БАРОИ ҲУНАР
Ҳунармандонро баъзан барои асарҳои волои офаридаашон низ бар ивази қадр мавриди муҷозот қарор медиҳанд.  Дар таърихи санъат чунин ҳодисаҳо на як бору ду бор рух додаанд. Дар бораи яке аз онҳо бароятон ҳикоят менамоем. Воқеа дар асри V пеш аз милод  ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар шаҳри Афинаи Юнони бостон шоири машҳуре бо номи Фриних зиндагӣ ва эҷод менамуд.  Мутаассифона, то замони мо асарҳои ӯ омада нарасидаанд. Аммо, чуноне ки  аз тазкираҳо бармеояд, Фриних дорои истеъдоди фавқулода буда, асарҳояш миёни мардум аз маҳбубияти хос бархӯрдор будаанд.
Аз асарҳои офаридаи Фриних фоҷиаи «Суқути Милет» на танҳо бо бадеияти баланди худ, балки бо воқеаи аҷиби ба сараш омада, миёни аҳли ҳунар фасона гардидааст. 
Он ба ҳодисаҳои начандон дури дар кишвараш рухдода бахшида шуда, аз ғалабаи шоҳи Форс - Дорои 1 бар урдуи Юнон  ва аз ҷониби қӯшуни ӯ ба хок яксон намудани шаҳри афсонавии Милет ҳикоят мекард.
Вақте фоҷиаро ба маърази тамошо гузоштанд, аз таъсири он мардум ба ҳоли шаҳри азизаш зор – зор мегирист. Дар он зебоиҳои Милет, фоҷиаи ба сари сокинонаш омада ва харобазори пас аз  муҳориба боқимондаи урдуи форс чунон устокорона ба қалам дода шуда буданд, ки касеро бетараф гузошта наметавонист.
Ин амал ба ҳокимони шаҳр хуш наомад. Барои ба хотири шаҳрвандони Афина овардани ин ҳодисаи нанговар шоирро 1000 драхм ҷарима бастанд. Бо ҳамин фармон «Суқути Милет» низ аз саҳна «бардошта» шуд.
Новобаста аз ин, исми Фриних ва асараш дар саҳифаҳои таърих ба таври абадӣ сабт гашт. 
Таҳияи Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ


СУХАНҲОИ «НАМАКИН»
Китобҳои худро ба ҳеҷ ваҷҳ ба касони дигар надиҳед, зеро дигар ҳеҷ гоҳ онҳоро нахоҳед дид. Масалан, дар китобхонаи ман, танҳо китобҳое боқӣ мондаанд, ки ман онҳоро барои хондан аз дигарон ба орият гирифтаам.
Анатол Франс
***
Наметавонам тамоми 24 соати шабонарӯз нобиға бошам. Ин тавр барои риштарошӣ вақт намемонад. 
Ҷорҷ Гордон Байрон
***
Маро ҳазорон бор таъриф кардаанд. Вале, ҳар дафъа, аз андешаи он, ки метавонистанд боз ҳам бештар таъриф намоянд,  сурх мешавам.
Марк Твен
Гирдоваранда М. ТАБАРӢ


ОМАДУ НООМАДИ КОР
Вақте ба худ омадам, сару танам сахт дард мекард. Чашмонамро кушодам, ҳамшираи шафқатро дидам, ки назди кати ман меистод.
- Ҷаноби Фуджима, шукр кунед, ки баъди бомбаборони Хиросима зинда мондед, - гуфт табассумкунон ҳамшира.
- Ман дар куҷоям? – пурсидам аз ӯ.
- Шумо дар ҷойи бехавфед, дар госпитал.
- Кадом госпитал?
- Дар Нагасаки…
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


ПИСАРИ  ҲАҚИҚӢ
Боре се зан аз чоҳ об мегирифтанд.  Ба назди онҳо писаронашон омаданд. Яке аз онҳо модарашро бӯсида, бирафт.  «Ту монда нашудаӣ»,- пурсид  дувумиву аз паси дӯсташ шитофт. Сеюмӣ чизе нагуфта, сатилҳои обро гирифт ва ба хона бурд. Ҳамин вақт аз назди онҳо пири хирадманде мегузашт. Модарон аз ӯ пурсиданд:
- Кадоме аз фарзандони мо хушрӯву боақл аст?
Пири хирадманд ҷавоб дод:
- Ин ҷо ман фақат як фарзандро дидам.
Таҳияи  М. ЗУВАЙДОВА


ИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД
Нафаре назди табиб мераваду арз мекунад, ки мардум маро содалавҳ мегӯянд.
- Ман ба шумо як савол медиҳам, - мегӯяд табиб.
- Майлаш.
- Капитан Кук се бор гирди Замин сайр кардааст. Дар яке аз ин саёҳатҳо Кук ин оламро падруд гуфт. Ана акнун гӯед, ки дар чандум саёҳаташ Кук мурд?
- Духтур, ман таърихро чандон хуб намедонам, дигар савол диҳед, - ошуфтаҳол мегӯяд он нафар.
***
Боре ҳамроҳи рафиқонам сайругашт доштем.
- Парандаи мурдаро бинед, - гуфт яке аз рафиқонам
- Канӣ? – ба осмон нигариста, пурсид рафиқи дигарам.
***
Нафаре ба ошхона даромада, питса мефармояд.
- Онро чор тақсим кунем, ё шаш? – мепурсад пешхизмат.
- Чор тақсим кунед бас, ман он қадар гурусна нестам, ки шаш қисмро хӯрам, - ҷавоб медиҳад мизоҷ.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


УМРИ ИНСОН.  22 СОЛ БАРОИ ХОБ
Олимон ҳисоб кардаанд, ки ба ҳисоби миёна агар умри инсон 70 сол бошад, пас ӯ 13 солашро ба сухан кардан, 6 солашро ба истеъмоли ғизою об ва 22 солашро бо хоб мегузаронад.
Дар ин муддат одам 100 тонна озуқа масраф мекунад. Агар тапиши дилаш дар як дақиқа 80 – 100 бор бошад, пас дар тӯли ҳаёт қалби ӯ 2 миллиарду 58 миллион дафъа хоҳад тапид. Дар як рӯз 20 ҳазор, дар як сол 7 миллион қадам зада, маҷмӯан, дар 70 сол масофаи гирди Заминро 9 маротиба тай мекунад.
Инсони болиғ 10 ҳазор рангро фарқ карда метавонад, вале тифли ҳанӯз таваллудношуда фақат рангҳои сиёҳу сафедро мешиносад.
Таҳияи Зокир ҲАСАН


ЧАРОҒАК ДАР ТАНГКӮЧА
Чароғакҳои раҳнамо одатан ҷиҳати  танзими ҳаракати  мошинҳо дар роҳҳо ва ҳамчунин, дар гузаргоҳи пиёдаравҳо насб мегарданд. Дар шаҳри Прага (Чехия)  бошад, чароғаки раҳнаморо дар кӯчае  гузоштаанд, ки автомобилҳо ҳаракат  намекунанд ва он чандон  ба кӯча ҳам монанд нест.
Аниқтараш он тарқиши байни девори ду биноро, ки арзи камтар аз 70 сантиметрро дорад, ба ёд меорад ва чароғаки раҳнамо дар он ҷо барои ба тартиб даровардани ҳаракати одамон, ки аз самтҳои  муқобил меоянд, зарур аст.
Гузаштани ду нафар дар як вақт аз ин кӯчача ғайри имкон мебошад, бинобар ин, одамонро лозим меояд, ки бо навбат аз он убур бикунанд.
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


БОВАР НОКАРДАНӢ, ВАЛЕ ҲАҚИҚАТ ДОРАД
Аввалин маротиба дар ҷаҳон маъюбе, ки аз ҳар ду дасти худ маҳрум гардида буд, аз ҷарроҳии насби ду дасти сунъӣ гузашт. Ҳар кадоми онро ӯ бо фикри худ идора карда, метавонад буғумҳояшро то 30 дараҷа ба ҳаракат дарорад.
Система дар озмоишгоҳи физикаи амалии Донишгоҳи Ҷонс  Хопкинс насб шуда, дар асоси электродҳо ба асаб пайваст шудааст. Инсон танҳо бояд интихоб кунад, ки кадом қисми дастро мехоҳад ҷунбонад. Ҳаракат хеле табиӣ мебарояд. Бояд зикр кард, ки ин намуд протезҳо пештар низ буданд. Вале ҳар дафъа олимон  протезҳоро такмил медиҳанд. Аммо, бо вуҷуди ин, онҳо ҳоло ҳам дар мағоза фурӯхта намешаванд…
Таҳияи Р. КАРИМОВ


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Асъори миллии Ботсвана «пула» мебошад, ки тарҷумааш борон аст.
* * *
Соли 1932 шаршараи Ниагара ба пуррагӣ ях баст.
* * *
Чакраи борон дорои витамини  нодир – В 12 мебошад.
* * *
Дар Африқои Ғарбӣ гиёҳе бо номи «кетемф» мерӯяд, ки ширинии он нисбат ба шакар 100 000 (!) мартаба бештар аст.
* * *
Барфи тозаву соф нисбат ба барфи ифлос дертар об мешавад.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


БАРХӮРДИ ТИМСОҲ БА ҲАВОПАЙМО
Дар шаҳри Орландои иёлати Флоридаи ИМА тимсоҳи дарозиаш семетра ба ҳавопаймо бархӯрд.
Воқеа дар фуруд-гоҳи Orlando Executive рух дод. Дар ин бора сарнишини маҳаллӣ Брэд Пирс дар саҳифаи Facebook – и  худ хабар додааст. Дар вақти ба фурудгоҳ нишастани ҳавопаймои хурд тимсоҳе ба хати парвоз баромада, ҷаҳида ба қаноти он бархӯрд.  Дар натиҷа тимсоҳ дар ҷои воқеа фавтида, қаноти ҳавопаймо осеб дид.
«Бо вуҷуди ҳамин қадар сол дар авиатсия кор карданам маротибаи аввал шоҳиди чунин ҳолати фавқулода шудам. Ба Флорида хуш омадед!», навиштааст  Пирс дар блоги худ.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


КАЛОНТАРИН ВА ГАРОНТАРИН ТЕЛЕВИЗОРИ ҶАҲОН
Ширкати австралиягии «C Seed» калонтарин 4К - телевизорро муаррифӣ намуд, ки он дорои диогнали 262 дюйм мебошад. «C Seed – 262» бо 10 баландгӯяк, системаи овозии 9.1, медиа маҳзани 4К, инчунин, пардаи муҳофизатӣ бо идоракунаки фосилавӣ дастрас мегардад. Ҳаҷми телевизор 6,5 метрро ташкил медиҳад.
Ин телевизор 539 ҳазор доллар, насбаш бошад, 38 500 доллар арзиш дорад.
«Эҳсосотеро, ки аз тамошо то ин дам берун аз кинотеатр дастрас набуд, дар кунҷи қасри худ ҷой диҳед», - омадааст дар рекламаи телевизор. Маълум мешавад, ки пеш аз харидани телевизор бояд, қасри шахсӣ дошта бошед. «C Seed» бояд ин тобистон ба фурӯш барояд.
Таҳияи  Лашкар ШАРИФ


ОЛИМОН ВА ҚУДРАТИ АҚЛИ СУНЪӢ
Таҳқиқгарони яке аз пажӯҳишгоҳҳои Донишгоҳи Оксфорд дар Британияи Кабир ва шуъбаи илмҳои сиёсии Донишгоҳи Йел дар ИМА муҳлати аз имкониятҳои ақли инсонӣ гузаштани ақли сунъиро арзёбӣ карданд. Бо натиҷаҳои он метавон дар китобхонаи электронии arXiv.org шинос шуд.
Тавре таҳқиқгарон дар назар доранд, ақли сунъӣ то соли 2024 дар тарҷумаи матнҳо аз як забон ба забони дигар аз имкониятҳои инсон мегузарад, то соли 2027 ронандагони мошинҳои боркашро  иваз мекунад, тахассусҳои бадеӣ соли 2049 аз байн мераванд, ҷарроҳон ба соли 2053 нолозим мешаванд.
Муаллифони тадқиқот эҳтимоли пас аз 45 сол аз ҷониби ақли сунъӣ иваз шудани инсонро 50 дарсад арзёбӣ мекунанд. 
Дар кори худ олимон ба пурсиши беш аз 350  коршиноси ҷаҳонии бахши ақли сунъӣ такя кардаанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ТАРКИШ ДАР ТУНГУС
Субҳи содиқи 30 июни соли 1908 дар фазои Сибири Марказӣ як ҳодисаи шигифтангезеро ба мушоҳида гирифтанд: аз ҷануби шарқӣ ба шимоли ғарбӣ бо суръати билониҳоя тез ва ғурриши гӯшкаркунанда кураи сафедранги дурахшон барқвор гузашта рафт. Аз куҷое, ки мегузашт, замин сахт такон мехӯрд, хонаҳо меларзиданд, асбобу анҷомҳо ба ҳар сӯ мепариданду меафтоданд, бисёриҳо гумон доштанд, ки қиёмат қоим шуд.
Кураи тобони пурасрор аз назари ҳазорҳо тамошобин дар паси уфуқ ғайб зад ва пас аз чанд дақиқа дар оғӯши тайга чор таркиши паиҳами гӯшхароши қуввааш ақлнопазир  шунида шуд. Садои даҳшатнок радиуси 750 километрро дар бар гирифт. Мавҷи таркиш бо суръати садо паҳн гашта, баъди як соат ба Иркутск, пас аз чор соат ба Потсдам, баъди ҳашт соат ба Вашингтон расид ва пас аз сӣ соат бори дуюм дар Потсдам эҳсос гашт, яъне мавҷи таркиш кураи Заминро чарх зад.
Дар Аврупо ва як қисми ҳудуди Русия аз 30 июн то 3 - 4 июл шабҳо чун рӯз равшан буданд, ки ҳатто рӯзнома хондан мумкин буд. Аммо таркиш, ки дар байни мардуми сайёра овозаҳои зиёдеро ба миён овард, ба аҳли илм таъсире нарасонд. Олимон ба ин воқеа таваҷҷуҳ зоҳир насохтанд. Танҳо соли 1921 олими геофизик Л. Кулик аз паи таҳқиқ шуд. Вай бо одамони зиёд вохӯрд, ҳатто гузориши сардори пулисро хонд, ки дар он гуфта мешуд: «30 июни соли 1908 аз болои деҳаи Кежемский, аз ҷануб ба шимол, ҳангоми равшан будани ҳаво, аэролити бузургҳаҷм бо садои ғулғулаафкан, ки ба гӯш чун тири тӯпхона мерасид, парида рафт». Соли 1924 геолог С. В. Обручев, ки бо супориши кумитаи геология тайгаро меомӯхт, дар наздикии шаҳраки Ванавара садҳо километр тайгаи сӯхтаро кашф намуд.
Имрӯз олимон баъди омӯзиши ҳаматарафа ба хулосае омаданд, ки метеорит ё худ ҷирми ношиноси кайҳонӣ ба атмосфераи Замин қарибии соати 7 субҳи 30 июни соли 1908 бо суръати 40 – 45 километр дар як соат ворид гаштааст. Вазнаш ба сад ҳазор тонна, қутраш ба сӣ метр мерасидааст. Таркиш шояд дар фазо дар баландии 5 – 10 километр рӯй додааст: ҷирм таркида – таркида масофаи камаш 20 километрро тай намудааст. Энергияи таркиш қариб 20 мегатон , яъне ҳазор маротиба зиёдтар аз бомбаи ҳастаии таркондаи амрикоиҳо дар Хиросима дар соли 1945 будааст. Зарбаи мавҷ дарахтони 2150 километри мураббаъ ҷангалзорро буридаву сӯзондааст. Ҳисобҳо аниқ карданд, ки агар метеорит чор соат дертар ба атмосфераи Замин дохил мешуд, он гоҳ ба Санк-Петербург бармехӯрд. 
Воқеан, ин чӣ буд: метеорит, киштии кайҳонии сайёраи номаълум, ядрои комета ва ё чизи дигар? Дар бораи таркиши Тунгус зиёд навистаанд, аммо то имрӯз ягон хулосаи амиқу дақиқ нест ва он яке аз асрори калони асри ХХ мондааст…
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


РАҚАМИ ФУТБОЛБОЗ. ОН ҲАМ МАЪНОИ ХУДРО ДОРАД
Анъанаи дар либосҳои футболбозон навиштани ном ва рақам аз Англия оғоз меёбад. Бори аввал 13 октябри соли 1928 дастаҳои «Арсенал» ва «Челси» муқобили «Уэнсдей»  ва «Суонси Таун» бо либосҳои рақамдор вориди майдон гардиданд. Баъдан Италия ва Олмон ба британиҳо пайравӣ намуданд, Анъанаи бо тартиб рақамгузорӣ кардани футболбозон аз 1 то 11, ки ба зудӣ дар ҷаҳон паҳн гардид, минбаъд ба як амали маъмулӣ табдил ёфт.
Дар аввал рақами футболбоз мавқеи бозиашро дар майдон муайян мекард. Масалан, рақамҳои аз 2 то 5 дар хати муҳофизат қарор мегирифтанд. Вале аз оғози солҳои 90-ум футболбозон новобаста ба мавқеи хати бозӣ дар интихоби рақам (аз 1 то 99) озод гаштанд.
Гузоштани рақам ба либоси футболбозон пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939) шурӯъ гардида, дар он давра либоси дарвозабонҳо рақам надошт. Онҳо одатан дар ҳайат соҳиби рақами 1 буданд. 
Ҳимоятгари канори рости майдон рақами 3 аст. Дар Италия соҳиби ин рақам дар баробари дифои дарвозаи худ, ба бозигарони хати ҳамла низ кумак мекунад. Дар Англия бошад, ҳимоятгари мавқеи марказӣ таҳти рақами 4 бозӣ мекард. Нимҳимоятгарон низ таҳти ин шумора ба майдон мебаромаданд. Дар футболи Испания ҳам рақами 4 баарзиш аст. Масалан, дар дастаи «Барселона» бо ин рақам Хосеп Гвардиола тӯли 11 сол бозӣ кардааст.
Таҳияи Р. КАРИМЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2017    №: 137    Мутолиа карданд: 389

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед