logo

иҷтимоиёт

КАЙ СОҲИБИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ МЕШАВЕМ?

Чандин сол боз саъю талош, муроҷиату дархости мо – ҷавонони деҳаи Восеободи Хурд ба мақомоти дахлдор, шахсиятҳои ҷудогона ва маъруфи зодгоҳ бе натиҷаи дилхоҳ ба анҷом мерасад. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз як шарораи хурди умед дар дилҳоямон шуълавар боқӣ мемонад. Иҷрои ин як хоҳиш ё худ ҷомаи амал пӯшондани орзуи мо, фикр мекунам, ки ҳеҷ мушкиле надорад. Аммо намедонем бо чӣ сабаб онро нодида ва ҳам ношунида мегиранд. Албатта, вақте мебинему мешунавем, ки дар дигар ҷойҳо шумораи зиёди майдончаҳои варзишӣ  бунёд меёбанд, ба навъе аламамон тоза мешавад. Бо худ мегӯем: «Оё мо ҳам рӯзе ва ё моҳу соле соҳиби ин гуна майдонча мешавем»? Дар идомаи пурсишамон меафзоем: «Боз ба куҷо, ба кӣ, чӣ гуна муроҷиат бинамоем? Оё ин бор муваффақ мегардем ё не»? Охир посухи бисёр пурсишҳоро пешакӣ медонем ва ҳам эҳсос мекунем, ки корамон ба масал об дар ҳован кӯфтан аст. Бо чунин ҳол маҳол аст, он гуна ки мебояд, ҷавонони деҳаи мо рӯҳану ҷисман обутоб биёбанд. Ба ғайр аз ин, хавфи рӯ овардан ба амалҳои номатлуб дар ин сурат вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, зарур шумурдем, ки барои охирон бор бо нома ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» муроҷиат бинамоем. Шояд ба ин васила барои ҳалли мушкилоти мо масъулон камари ҳиммат мебанданд ва дар Соли ҷавонон соҳиби майдони варзиш мешавем.
З. АКРАМ, деҳаи Восеободи Хурди ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2017    №: 137    Мутолиа карданд: 342

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед