logo

иқтисод

ФАРХОР. ҚАРЗ БИСЁРУ ОБ КАМ

Аксари сокинони ноҳия ба парвариши пахта, гандум, шолӣ, боғу токзор  ва зироати дигар машғул буда, дар таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегиранд. Аммо солҳои охир бар асари муътадил ҷараён нагирифтани таъмини об дар  мавсими киштукор меҳнати  пахтакорону ғаллакорон барбод рафта, шумораи зиёди  саҳмдорон табдили шуғл мекунанд. Бо ин сабаб майдони заминҳои бекорхобида меафзояд, ки он боиси ташвиш аст.
Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳия, наздики 50 дарсади заминҳои кишт тавассути пойгоҳҳои  обкашӣ бо об таъмин карда мешаванд.
Хоса дар ҷамоатҳои деҳоти 20 - солагии Истиқлолият, Ватан, Дарқад, Деҳқонариқ, Гулшан ва Ғайрат самари заҳмати деҳқонон ба фаъолияти ин пойгоҳҳо вобастагии сахт дорад.
Ҳомиддин Одинаев, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва  обёрии ноҳия, иброз дошт, ки сабаби асосии норасоии об ин  аз ҷониби хоҷагиҳо сари вақт пардохт накардани  ҳаққи хизматрасонӣ мебошад.
- Имсол аз ҳисоби хоҷагидорон пардохти ҳаққи об ҳамагӣ 15 дарсад иҷро шуд, ки нишондиҳандаи ниҳоят паст аст. Қарзи хоҷагиҳо дар назди идораи хоҷагии об  4 миллиону 474 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад, – иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Нуриддин Азаматов, иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати кишоварзии ноҳия, маҳз бо сабаби камбуди об деҳқонон соли гузашта аз майдони 1385 гектар пахта 13 - сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, ки ин хеле кам буда,  ҳатто хароҷотро намепӯшонад.
Ҳомиддин Одинаев изҳор дошт, ки дар ноҳия 4 пойгоҳи обкашӣ бо 32 агрегат мавҷуд аст.
- Соли гузашта 13 агрегат фаъолият дошт ва имсол мо теъдоди агрегатҳои фаъ-олро ба 23  расондем. Тасмим гирифтем, ки дар мавсими имсола  хоҷагиҳоро сари вақт бо об таъмин намоем ва деҳқонон барои аз як замин ду ҳосил рӯёндан имкон пайдо намоянд. Ҳоло идораи мо 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ аз андоз ва 1 миллиону 929   сомонӣ аз қувваи барқ қарздор мебошад. То истифодабарандагони об қарзҳоро напардозанд, мо имкони додани қарзҳои худро надорем.
 Дар ҳолате, ки таъминкунандагону истифодабарандагони об айбро ба гардани якдигар бор мекунанд, имсол деҳқонон дар майдони беш аз 1700 гектар пунбадона коштаанд. Тақдири замин ва ҳосили имсола чӣ мешуда бошад? Суолест, ки аз масъулон посух мехоҳад.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2017    №: 137    Мутолиа карданд: 364

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед