logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Худоӣ Шарифзода аз олимони шинохта ба шумор рафта,  дар давоми фаъолияти сермаҳсули хеш тавонистааст дар таҳаввулу ташаккули илми адабиётшиносии тоҷик саҳми арзанда гузорад.
Устод тӯли  фаъолияти бисёрсолаи илмию омӯзгории хеш тавонистанд, ки дар ҳалли як қатор масоили умдаи илми филология шарафёб гардида, бо таълифи рисолаҳо, дастуру китобҳо ва мақолаҳои илмиву оммавӣ дар рушди бемайлони соҳаи адабиётшиносӣ нақши бориз гузоранд. 
Нисфи зиёди умри бобаракати худро устод дар синфхонаҳои факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таълиму тадрис гузарондаанд. Дар баробари таълиму тадрис тавонистанд таҳқиқоти арзандаеро дар ин роҳ ба сомон расонанд. Китобҳои сершумори таълифнамудаи устод аз пуркориву заҳматҳои шабонарӯзиашон дарак медиҳад. Намунаи дастовардҳои илмии ӯ дар асарҳои «Каломи бадеъ», «Назмшиносӣ», «Назарияи наср», «Озурдагон ва умедворон», «Балоғат ва суханварӣ», «Сухан аз адабиёти миллӣ», «Сездаҳ мақола», «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» гирд оварда шудаанд. Ин асарҳо барои донишҷӯёни соҳаи филология ва кулли  дӯстдорони каломи бадеъ ҳамчун китобҳои рӯимизӣ тавсия шудаанд. Заҳматҳои хастанопазираш буд, ки устод дар илми адабиётшиносии тоҷик шохаҳои наверо ба вуҷуд орад. Ҳамчунин, бо ташаббуси устод фанҳои тахассусие, ки дар тарбияи мутахассисони ҷавон  хеле муҳим ҳастанд, роҳандозӣ гардиданд.  Аз ҷумла, дар ҷорӣ намудани фанҳои «Балоғат ва суханварӣ», «Сарчашмашиносӣ», «Сабкшиносӣ» ва ғайра саҳми Х. Шарифзода муҳим аст. Дигар аз ибтикороте, ки устод бо талошҳои пайваста дар амалӣ намудани он ба натиҷаи дилхоҳ расиданд, ҷорӣ намудани ихтисоси «Мероси хаттӣ» дар назди факултети филология мебошад.  
Талошҳои пайвастаи устод дар ҷодаи илм эшонро ба қуллаҳои баландтарини маърифат расонданд ва натиҷаи пажӯҳишҳои пайвастааш дар макотиби олии берун аз ҷумҳурӣ низ истифода мешавад. Дар тамоми кишварҳои форсизабон Х. Шарифзодаро ҳамчун мунаққиду донишманди соҳаи адабиёт мешиносанду эътироф менамоянд.
Худоӣ Шарифзода устоди соҳибмактабанд  ва ба муҳаққиқони зиёде ҳаққи устодӣ доранд. Шумораи муҳаққиқоне, ки зери роҳбарии устод рисолаҳои номзади илмро дифоъ намудаанд, ба 32 нафар мерасад. Ҳамчунин, 9 нафари дигар зери мушовараи устод рисолаҳои докторӣ дифоъ намудааст.  
Устод Худоӣ Шарифзода инсоне ҳаст, ки ҳамеша кӯлбори андешааш пур аз суханҳои тоза аст. Навовару навофаранд, куҳнагӯиро намеписанданд ва ба мавзӯъҳое дахл мекунанд, ки касе ба онҳо даст назада бошад. Ин ҳама аз ботини саршор аз муҳаббаташ ба адабиёту Ватан сарчашма мегирад. Устод имрӯз ҳам барои пешрафти ин сарзамину адабиёт ҳамеша дар ҷустуҷӯ аст. Шарофати ҳастии чунин абармарди саъдахтар, ки умри бобаракати худро барои равнақи илми тоҷик бахшидааст, сафои рӯҳу равон буда, ҳаётро ҷилодор мекунаду умедро барои фардо поянда.
Гулрухсор НОЗИМОВА,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30,06,2017    №: 137    Мутолиа карданд: 885
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед