logo

ҳуқуқ

ИДМ. МУБОРИЗАИ МУШТАРАК АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сохторҳои марбутаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир нақши фаъол дорад.
 
Ин нуктаро Владимир Колоколтсев, раиси Шӯрои вазирони корҳои дохилии  ИДМ, вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ, ки 28 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ташрифи ҳайати бонуфузро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳама гуна зуҳуроти номатлуб аз ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба маншаъ гирифта, дар ин самт ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи вазир, ин раванд имкон медиҳад, ки дар пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, назири терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, инчунин, вазирони корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Қазоқистон - Калмуханбет Қосимов, Беларус - Игор Шуневич, Қирғизистон - Улан Исроилов, Озарбойҷон - Рамил Усубов, Ӯзбекистон- Абдусалом Азизов, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова Олег Бабин, муовини сардори политсияи Ҷумҳурии Арманистон Вардан Егиазарян, директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Олег Коновалов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Конисбек Жусупбеков ширкат варзида, дурнамои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардидаи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ оид ба таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш оид ба таҳкими муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ, шеваҳои муассири мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, муқовимат алайҳи шомилшавии шаҳрвандони давлатҳои ИДМ ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, таҳияи феҳристи ташкилотҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои аъзо манъ шудааст, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Додоҷон РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2017    №: 137    Мутолиа карданд: 402

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед