logo

сиёсат

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ...

Бист сол муқаддам дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон гардиши куллӣ ба амал овард. Ин санади муҳими таърихӣ бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ки тоҷикон аз азал мардуми сулҳхоҳ, ватандӯст, тамаддунофар ва равшанзамир ҳастанд. Николай Павлов таърихи тоҷиконро омӯхта чунин хулоса намудааст; «Дар ҷаҳон кам миллате вуҷуд дорад, ки бо вуҷуди зарбаҳои сахти зиёд,  мисли тоҷикон зинда монда бошад. Баъди чунин зарбаҳо бо тоҷикон андак фурсат кофист, ки аз нав эҳё гарданд».
Бо талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами давлат бинои созиш ва сулҳу субот тадриҷан ба як кохи бегазанд мубаддал гашт, ки  аз ғояи ваҳдати миллӣ оғоз ва мустаҳкам гардид.
Ин марди содиқ ба миллату сарзамин дар он лаҳзаҳои тақдирсоз тавонист,  ки ба хотири ояндаи миллату давлати тоҷикон ҷон дар кафи даст борҳо ба минтақаҳои даргир ва кишварҳои алоҳида сафар намуда, мардумро сарҷамъ намояд. Ба эътидол овардани вазъият кори осон набуд. Ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол давом карданд, самараи дурахшон ба бор оварданд.
Мо аз ин воқеаю ҳодисаҳои ба сарамон омада сабақ гирифтем. Сабақи устуворӣ, дурандешиву меҳрубонӣ ва ваҳдатофарӣ. Мусаллам аст, ки ваҳдати миллии тоҷикон ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ назир надоранд. Пояи устувори давлат ва бақои миллат аз якдилӣ ва ҳамбастагӣ сарчашма гирифтааст. Таърих зӯроварӣ, кинаварзӣ, беадолатии тоҷиконро нисбат ба дигарон ёд надорад ва ин халқ пеши душмани худ дар ягон давру замон сар хам накардааст. Ба гуфтаи Шоири халқии Тоҷикистон, Лоиқ Шералӣ:
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар
накашидаст...
Таърих басо дида, ки андар раҳи
паймон
Тоҷик даме пеши адӯ сар нафикандаст.
Ҷон канда басо, лек
З-ояндаи пирӯзи худ уммед накандаст.

Оре, хушбахтии мо маҳз дар он аст, ки ноумед нашудем. Хиради азалиамон боло гирифт. Бовар доштему муваффақ гардидем. Амният ва осудагии Ватани азиз аз дигар манфиатҳо болотар гузошта шуд. Бо барқароршавии сулҳу оромӣ дар як муддати кӯтоҳ кишварҳои ҷаҳон бо Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро дар шакли нав ба роҳ монданд. Иштироки фаъолонаи давлати ҷавони мо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар ниҳодҳои молиявии минтақавию байналмилалӣ имкон дод, ки заминаҳои воқеии пешрафту тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шаванд.
Инак, бист сол аст, ки миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик дар фазои сулҳу субот ва оромии комил ба сар бурда, баҳри рушди устувори ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саъю талош дорад.
Сафаралӣ  СОБИРОВ,
мудири шуъбаи  маорифи ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2017    №: 137    Мутолиа карданд: 329

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед