logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗИНДАГИИ БАЪД АЗ МАРГ

Дигаргуниҳои куллии ибтидои асри гузашта дар Тоҷикистон рухдода натиҷаи фаъолияти пурсамар, вале хеле кӯтоҳи сиёсӣ ва давлатии Нусратулло Махсум ва ҳамсафони ӯ дониста мешаванд.

Вақте моҳи октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт, бо пешниҳоди раиси КИМ - Нусратулло Махсум як қатор қарорҳои муҳим, мисли «Дар бораи сохтмони Вахш» ва «Дар бораи муҳоҷир намудан ба Вахш» қабул шуданд. Дар натиҷа ҳукумати вақти Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони Вахшро ба қатори сохтмонҳои зарбдори мамлакати паҳновар  дохил намуд ва барои бунёди он маблағҳои зарурӣ ҷудо кард.
Ба муҳоҷирони ихтиёре, ки ба водии Вахш меомаданд, имтиёзҳои зиёде муқаррар шуда буд. Бинобар ин, одамон на фақат аз Бадахшону водии Қаротегин, Кӯлобу Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), Конибодому Ашт, балки вилояти Фарғонаю дигар мавзеъҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин водӣ кӯч бастанд. Дар як муддати кӯтоҳ корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, деҳаю шаҳракҳои нав арзи ҳастӣ карданд. Ҳисоботи оморӣ нишон медиҳад, ки ҷамъоварии пахта ба зиёда аз 500 ҳазор сентнер расид ва қариб 14 ҳазор хоҷагии муҳоҷирони дохилӣ дар водии Вахш муқимӣ шуданд.
Нусратулло Махсум ба дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуд. Сохтмони неругоҳи «Варзоб», соли 1926, роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе ва ба Душанбе омадани аввалин қатора, соли 1929, бо роҳбарии олими машҳури рус Евгений Павловский ташкил намудани шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС, соли 1931, бунёди аввалин Донишкадаи муаллимтайёркунӣ (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, соли 1932), дар шаҳрҳои Душанбею  Хуҷанд сохтани комбинатҳои бофандагӣ, бунёди роҳу пулҳо, беморхонаю муассисаҳои таълимӣ, клубу китобхона ва дигар иншооти ҳаётан муҳим натиҷаи талошу заҳматҳои ин фидоии миллат ва роҳбарияти ҳамонвақтаи мамлакат буданд.
Давлати тозабунёди тоҷикон таҳти роҳбарии Нусратулло Махсум рӯз ба рӯз ободу зебо мешуд, обрӯю эътибори худи ӯ дар байни аҳолӣ баланд мегардид. Нотавонбинҳо бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекарданд, ки Нусратулло Махсумро аз саҳнаи роҳбарӣ дур намоянд. Ва дар ниҳояти кор ба мақсадашон расиданд. Моҳи декабри соли 1933 Нусратулло Махсум аз вазифааш озод ва барои таҳсил ба Академияи банақшагирии шаҳри Маскав фиристода шуд. Ба ин қаноат накарда, онҳо ба идораҳои дахлдор менавиштанд, ки Нусратулло Махсум сарватманд, заминдори калон буда, хонаю дари боҳашамат дорад. Дар асоси ҳамин туҳмату буҳтонҳо фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсумро моҳи октябри соли 1937 ба ҳабс гирифта, соли 1938 ба қатл расонданд.
Баъди касби соҳибистиқлолӣ ба хизматҳои Нусратулло Махсум баҳои воқеӣ дода шуд. Ҷамоати деҳоти Қазноқи ноҳияи Рашт ба номи Нусратулло Махсум гузошта шуда, нимпайкарааш қомат афрохт.  Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  27 июни соли 2006, ҳангоми бардоштани парда аз рӯи ин нимпайкара гуфта буданд: «Кӯшишу талошҳои Нусратулло Махсум, пеш аз ҳама, дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохтани миллати тоҷик беназир аст».
Бегмат МАҲМАДОВ,
сокини ноҳияи Тоҷикобод, нафақахӯр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 408

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед