logo

иҷтимоиёт

ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ

Соҳибкорон вохӯрии худро бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи ноябри соли 2011 баргузор шуда буд,  хуб дар хотир доранд.

Маҳз ҳамин мулоқот ва ҳидоятҳои пурарзиши Сардори давлат, ки дар он баён гардиданд,  дар замири соҳибкорони ватандӯст ҳисси баланди масъулият ва ифтихори миллиро тақвият бахшида, онҳоро ба корҳои созандагиву ободонӣ раҳнамун сохтанд.
Тоир Ҳукуматов аз зумраи даҳҳо  соҳибкоронест, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат амалҳои хайр анҷом дода, дар беҳбуди зиндагиву рӯзгори садҳо нафар аз сокинони ин Ватани азиз беғаразона саҳм мегирад. Ин соҳибкори муваффақ дар арафаи Ҷашни 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар қатори амалҳои зиёди хайре, ки анҷом дод, ҳамчунин, ҷиҳати таъмири роҳҳо камари ҳиммат баст. Дар ин самт корро аз пойтахти кишвар оғоз намуд ва дар навбати аввал роҳи марказии маҳаллаи Пахтакорро ба масофаи  1,5 километр асфалтпӯш кард.
Ҳамчунин, дар обод намудани роҳҳо дар  кӯчаҳои Юсуф Вафо, Алишер Навоӣ ва маҳаллаи Навободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе саҳм гузошт. Аз ҷумла, бо ташаббуси ӯ таъмири роҳҳои гузаргоҳи якуми кӯчаи Айнӣ ба анҷом расонда шуд.
Тоир Ҳукуматов, ки акнун бо мақсади тавсеаи фаъолияташ дар ин самт корхонаи махсус таъсис додаву беш аз 15 нафарро ба кор ҷалб сохтааст, тасмим дорад, ки дар таъмиру азнавсозии роҳҳои кӯчаҳои Шамсӣ ва ба номи Асадулло Ғуломов низ саҳм гирад.
- Ман аз  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят сипосгузорам, ки ба фаъолияти соҳибкорон таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир менамоянд. Хизмат ба халқу Ватан на танҳо кори хайру савоб, балки оини ҷавонмардӣ ва қарзи фарзандии ҳар кадоми мост. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар рӯз мо бояд дар пеши виҷдони худ ҳисобот диҳем, ки барои халқу Ватан чӣ кори хубе кардем», - мегӯяд Т. Ҳукуматов.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 319

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед