иқтисод
ФАРХОР. ҲОСИЛИ САБЗАВОТУ ПОЛИЗӢ ФАРОВОН ШУД
Тайи ду – се соли ахир кишоварзони ноҳияи Фархор барои парвариши тарбузу пиёз аз тухмиҳои серҳосил ва кишти зери плёнка истифода мебаранд, ки самараи хуб дорад. Имрӯзҳо маҳсули дастранҷи онҳо баробари деҳқонони ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Қубодиёну Шаҳритуз пешкаши харидорон гардид.
Аз рӯйи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 июл кишоварзони вилояти Хатлон зиёда аз 50 ҳазор тонна пиёзу зироатҳои полизиро ба Қазоқистону Қирғизистон, Туркия, Афғонистон ва Покистон содирот намуданд, ки дар он ҳиссаи зироаткорони ноҳияи Фархор кам нест.
- Имсол кори кишоварзони ноҳияи мо омад кард. Ҳосили 390 гектар пиёз, аз он 240 гектар пиёзи майӣ ва 630 гектар тарбуз нағз шудааст. Деҳқонон аллакай қариб 1400 тонна маҳсулотро ба хориҷи кишвар содирот намудаанд, ки 1050 тоннааш пиёз ва 350 тоннаи боқӣ зироатҳои полизӣ мебошанд. Ноҳияи мо бо Афғонистони ҳамсоя доду гирифти доимӣ дорад. Рӯзи охирини моҳи июн нахустин корвони мошинҳои пурбор аз сарҳад гузашта, ба он ҷо тарбузу пиёз бурданд. Дар 12 ҳазор гектар ғаллазор, аз ҷумла 10870 гектар гандум, ҳосил фаровон аст. Дарави ғаллаи обӣ муташаккилона анҷом ёфт. Ғаллакорон аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 38 – сентнерӣ хирман бардоштанд. Дар 5720 гектар қитъаҳои ҳосилаш ғундошта кишти такрории пахта, шолӣ, ҷуворимакка барои дон, сабзавот, полизӣ, лӯбиёиҳо, офтобпараст ва зироатҳои хӯроки чорво кишт шудааст, - гуфт Насрулло Вализода, муовини аввали раиси ноҳияи Фархор.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.07.2017 №: 138 Мутолиа карданд: 882