logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН – НЕРУИ БУЗУРГ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Мо худ шоҳидем, ки ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои иртиҷоии «Толибон», «Ал-қоида», «Давлати исломӣ» ва амсоли инҳо дар зери пардаи дини мубини ислом дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла  Афғонистон, Сурия, Яман ва Ироқ, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ниятҳои нопоки худро амалӣ созанд. Бар асари амалиётҳои ҷангӣ ва террористии онҳо ҳазорҳо нафар ба ҳалокат расидаву миллионҳои дигар бе хонаву дар ватанашонро тарк кардаанд.
Халқи тоҷик  аввали солҳои 90 - ум ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хуб ба ёд дорад. Маҳз чунин гурӯҳҳои худхоҳ буданд, ки кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва ягонагии мамлакат зери хатар қарор гирифт. Ва танҳо ба шарофати талошҳои пайваста ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки  дар кишвар сулҳу субот пойдор гардад ва халқи тамаддунофари тоҷик  ба созандагиву бунёдкорӣ рӯ оварад.
Ба ин хотир, мо – ҷавонон бояд  пайрави ғояҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами худ бошем, аз гаравиш ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо дурӣ ҷӯем ва чунон ки Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ҳарчанд муқовимат бар зидди терроризму экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратист, вале алайҳи ин вабои аср муборизаи дастаҷамъона мебояд. Ва дар сафи пеши он бояд ҷавонон қарор дошта бошанд. Зеро маҳз насли наврасу ҷавон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа шинохта шудааст ва ояндаи неки ҳар давлату миллат дар дасти онҳост.
Ҳ. ДАВЛАТОВА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 558

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед