logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚБИН

Дар арафаи таҷлилу баррасии дигарбораи қонуни танзим дар асоси пешниҳодҳои мардуму иҷрои он ва вобаста ба мушкилоти соҳа хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамсуҳбат шуд.


- Албатта, ҳадафи таҳия ва қабули қонуни танзим пеш аз ҳама ба низом даровардани маъракаю маросимҳои мардумӣ ба шумор мерафт. То кадом андоза дар ин самт муваффақ шудем?
- Як нуктаро бояд зикр намоям, ки қабули қонун як таҳаввулоти маънавӣ ба вуҷуд овард. Дар умум, қонун ба ҳадафҳои худ ҷиҳати камхарҷ баргузор намудани маъракаву маросимҳо ва аз ҳамин ҳисоб  беҳбуд бахшидани некуаҳволии шаҳрвандон хизмати шоиста намуд.   Маъракаҳои мо, аз ҷумла маъракаҳои хурсандиямон то қабули қонун ҳафтаҳо идома меёфт. Вобаста ба  тӯйи домодиву арӯсӣ даҳ маъракаи хурду калонро баргузор менамуданд. Маъракаҳои сарупобарон ва ё шаби никоҳ бо харҷҳои зиёд ва забҳи чорво доир мегардиданд. Пеши роҳи ин ҳама зиёдаравиҳо гирифта шуд. Ҳамин тавр, дар андешаи мардум тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омада, ба дахлу харҷи худ бештару беҳтар аҳамият медодагӣ шуданд ва маданияти маъракаороӣ боло рафт. Муҳимтар аз ҳама, қонун моро ба андешаи камхарҷ барпо намудани маъракаҳо бо тадбирандешиҳои дуруст водор намуд. 
 
- Агарчи каманд ва ба маросим табдил нагардидаанд, амалҳое ҳам ба мушоҳида мерасанд, ки аз доираи талаботи дин берунанд ва ба одоби миллии мо низ мувофиқат намекунанд. Ҷойи таассуф он аст, ки ин ҳама бидъат ё худ ихтирои бархе аз одамон мебошад. Мубориза бо он мураккабтар сурат мегирад. Ё чунин нест?
- То давраи қабули қонун теъдоди зиёди маъракаҳои азодорӣ махсусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо забҳи чорвоҳои хурду калон сурат мегирифтанд, ки аксари мардум онро фармудаи шариати ислом ва иҷрои онро фарз медонистанд. Барои мисол, маъракаи ҷумъагӣ бо иштироки 30 - 40 нафар сурат мегирифт, ки дар давоми сол 52 маъракаро ташкил мекард. Қонун ва тарғибу ташвиқи ҳақиқати масъала чашми мардумро кушод. Воқеият равшан гардид. Мардум огоҳ шуданд, ки азодорӣ дар ислом се рӯз аст, боқӣ баргузории ҳама ин маъракаҳо бо додани  таъом фармудаи ислом нест, урф асту одат, ки шояд аз дигар халқияту миллатҳо ба мо гузашта бошад. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам баъзе зиёдаравиҳо ба мушоҳида мерасанд, ки боиси ташвишу нигаронӣ  аст.  Дар баъзе ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб то ба хок супурдани майит аз ҷониби муллои маҳалла ва муридонаш  аз ҳисоби соҳиби майит маърака - «хатми  Қуръон» баргузор намуда, маблағ меситонанд. Зиёфат оростанро низ дар хонаи ҳампаҳлуи азодор ба ҳукми анъана даровардаанд. Ҳол он ки хуб медонанд, ки ин амал аз нигоҳи шариати ислом ноҷоиз аст ва  ақли солим онро қабул надорад. Мутаассифона, масъулон дар маҳалҳо ин амалро то ин дам нодида мегирифтанд. Кумита нисбати пешгириии чунин амалҳои номатлуб ҷиддан чораандешӣ намуда истодааст.

- Фикр мекунам, ки нисбат ба ҳамаи қонунҳои дигар ин қонун аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор дар миёни мардум бештар тарғибу ташвиқ гардид. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам қонуншиканӣ ё қасдан ва ё нафаҳмида рух медиҳанд. Инро чӣ тавр шарҳ додан мумкин аст?
- Дар ҳақиқат, қонун дар даҳ соли амали худ натиҷаҳои назаррасро касб намуд, ки дар ин раванд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бузург арзёбӣ  мегардад. Таъкидҳо, дастуру супоришҳо ва таваҷҷуҳи  пайвастаи Сарвари давлат дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳро  ба бор овард. Ба яқин, ҳар як шаҳрванд дар бораи қонун маълумоти заруриро дорад, ки дар ин кори хайру савоб дар баробари ваколатдорони соҳа, комиссияҳои доимиву ҷамъиятӣ, саҳми васоити ахбори омма зиёд аст. Вале то ҳол  баъзе қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шуда истодаанд. Дар давоми даҳ соли амали қонун аз рӯи маълумоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 3724 қонуншиканиҳо ҷаримабандӣ амалӣ шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  шаҳрвандон аксар дидаву дониста ба нақзи қонун даст мезананд, чунки вақте шаҳрванд маъракаи худро ба қайд мегирад, ваколатдор муҳтавои моддаи дахлдори қонунро фаҳмонда, ба шакли хаттӣ тавсиянома низ медиҳад, ки дар он  ҳуқуқ ва уҳдадориҳои  соҳибмаърака зикр мегардад. Зимни баррасии ин масъала маълум шуд, ки нақзи қонун бештар аз ҷониби соҳибкорон, сармоядорон ва соҳибмансабон сурат мегирад. Ҳаст ҳолатҳое ҳам, ки шахс аз ноогоҳӣ ба қонуншиканӣ роҳ медиҳад, вале бисёр кам.

- Чунин овоза ҳаст, ки бархе аз масъулони назорати қонуни мазкур аз соҳибони маърака маблағи муайян меситонанд. Пас аз ин талаботи қонунро дур аз мадди назар мегузоранд. Агар ин овоза ҳақиқат дорад,  чӣ гуна метавон онро аз миён бурд?
- Оид ба ин масъала бояд зикр намоям, ки чунин нигарониҳо ҳастанд. Ваколатдор пайваста масъалаи мазкурро пайгирӣ ва ҷиҳати ислоҳи он чораандешӣ менамояд. Шаҳрвандон эрод аз он доранд, ки ҳангоми бақайдгирии маъракаҳо бо мақсади пешбурди дурусти ҳисобҳои оморӣ ва гирифтани тавсияномаҳо ҳамин амал сурат мегирад. Кумита аз аввали соли равон навори видеоиро аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ дар давоми се моҳ пахш намуд, ки  муҳтавои он ройгон будани сабти маърака ва гирифтани тавсиянома мебошад. Ба шаҳрвандон тавсия мегардад, ки дар сурати тамаъи маблағ намудани корманди ваколатдор ҳатман ба мақомоти салоҳиятдор  муроҷиат намоянд. Ба ин васила пеши роҳи ин амали номатлуб гирифта мешавад.

- Яқин, ки таҷлили 10 - солагии қонуни танзим рухдоди неки таърихӣ хоҳад шуд. Бистсолагии онро бо чӣ дастовардҳо ҷашн мегирем?
- Аз нигоҳи таърих даҳ сол муддати зиёд ҳам набошад, аммо вақт ҳамчун довари ҳақбин собит сохт, ки иқдоми Пешвои муаззами мо ҷиҳати қабули чунин қонуни тақдирсоз саривақтӣ ва дармони дарди ҷомеа будааст. Ман орзуи онро дорам, ки то санаи 20 - солагии амали қонуни мазкур тамоми талаботи моддаҳои қонун ба урфу одати мардум мубаддал гардад ва зарурати дар куфтан  ба хотири назорати қонун аз байн биравад.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 317

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед