logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ ТАНЗИМ. БАРРАСИИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ДАР ВМКБ

Давоми даҳ соли мавриди амал қарор гирифтанаш  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар бораи  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросимҳо  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон”  дар  самти  баланд  бардоштани  некуаҳволии  мардум, пешгирии   зиёдаравиҳо  дар  баргузории  маъракаҳо  ва  аз байн бурдани баъзе  нишонаҳои  хурофотпарастӣ  хизмати  босазое  намуд. Бо суоли “Ин  қонун  дар  шаҳру  ноҳияҳои   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  чӣ  тавр  амалӣ  мегардад?” ба Сардорбек  Азорабеков,  мудири     шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана  ва ҷашну маросимҳои миллии вилоят муроҷиат намудем.

- Аз  қабули  қонун  имсол  10  сол  сипарӣ  гардид.  Дар  ин  давра   дар  самти пешгирии ҳар гуна зиёдаравиҳо дар баргузории  маъракаву  чорабиниҳо  корҳои  зиёде   анҷом  дода  шуд.
Қабули  қонун  ба  он  мусоидат  намуд, ки  номгӯи ҷашну  маъракаҳои  расмӣ  аз 70  то 15 адад кам гашта, ба маъракаю маросимҳои серхароҷот ва дигар чорабиниҳои пурдабдаба хотима гузошта  шавад. Ин  боис  гардид, ки  сатҳи  некуаҳволии  мардум  рӯ ба беҳбудӣ биёрад. Имрӯз  замоне  фаро  расидааст, ки   бо  пешниҳоди  мардум  вобаста ба талаботи замон ба  қонун  тағйирот   ворид  карда  шаванд. Тавре  аз   суҳбату  вохӯриҳо  бо   сокинони   шаҳру  деҳоти  вилоят  бармеояд,  мардум  асосан  талаб  доранд, ки  қонун  дар  таҳрири  нав  ҳатман моддаҳоеро, ки пеши роҳи харҷи барзиёдро  мегиранд,  нигоҳ  дошта, масъулиятро  дар  ин  самт  пурзӯр  намояд. Зеро  ҳоло  ҳам  шаҳрвандони алоҳида бо  мақсади  ҷилваи  “мақому  мартаба” – и худ маъракаҳои  пурдабдаба   барпо  мекунанд. Ин  тоифа одамон барои  кирдорашон   тибқи  қонун  ҷазо  ҳам  мегиранд, вале  он  ба  назарашон  кам  метобад, - иброз дошт ӯ.
Дар  баробари  ин, сокинони  вилоят доир  ба ташкили  баъзе  суннатҳои  мардумӣ   таклифу пешниҳодҳои худро  баён  менамоянд. Масалан, дар ноҳияи Дарвоз маъракае бо номи «гаҳворабарон»  анъана шудааст, ки барои тифли навзод аз ҷониби волидони духтар анҷом дода  мешавад. Гаҳворабарон хароҷоти зиёдеро ба бор меорад, зеро ҳамроҳи гаҳвора ҷиҳози зиёде бо ҳамроҳии теъдоди муайяни меҳмонон ба хонаи навзод бурда мешавад. Хуб мешуд, ки ин маърака бо гаҳворабандон, ки дар моддаи 9 – и қонун нишон дода шудааст, якҷо  ва   дар доираи оила  аз тарафи писардор гузаронда шавад. Мисли  ҳамин, таклиф  аст, ки  моддаи  10 - и  қонун  доир  ба   додани  туҳфа  ба навхонадорон мукаммал  карда  шавад. Яъне, айни  ҳол,  иҷозат  аст, ки ба навхонадорон туҳфа дода шавад, вале  миқдору намуди  он  муайян  карда  нашудааст. Аз  ин  рӯ,  дар додани  туҳфа  ва  ҷиҳози  арӯсӣ  ҳоло ҳам як  навъ  мусобиқа  ба  назар  мерасад.
Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки ба сокинони вилоят барои  гузарондани маъракаҳои хурсандии хоси мардуми Бадахшон, ба монанди саршӯён, хостгорӣ, сартарошони шаҳмард бо иштироки хешу табори наздик дар доираи то 15 нафар ва муборакбоди тифли навзод  то 50 нафар иҷозат дода шавад.  Бо  назардошти   риояи  суннатҳои  мардумӣ пешниҳод мешавад, ки ба  моддаи  11 – и боби 3  низ  тағйирот  ворид  карда  шавад.  Зеро  мардуми мо аз давраҳои пеш ба хотири арвоҳи гузаштагон маросимҳои «се», «ҳафт», «чил» ва «сол»  надода, ба ҷойи инҳо садақа ба ниёзмандон, рӯза гирифтан ва хизмати ифтихорӣ роиҷ буд. Бинобар ин, хуб мешуд, ки  ин масъала  дар  қонун   инъикос гардад. 
Боварии  комил  дорем, ки   қабули  қонун  дар  таҳрири  нав  ва   пурзӯр  намудани  талабот  дар иҷрои  он  ба пешрафти ҳамаҷонибаи  ҷомеаи  мо  мусоидат  хоҳад  кард.
Раҳмони  ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 319

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед