logo

иқтисод

МОЙИНКАҶ. МУШКИЛ - ТАНҲО НАРАСИДАНИ ОБ

Зарфҳои бешумори  пластмассӣ ва зироатҳои сӯхтаю кабоб дар назди манзилҳои зисти маҳаллаи навбунёди Мойинкаҷи Ҷамоати деҳоти «Роҳатӣ» - и ноҳияи Рӯдакӣ  аз беобии бошандагони он дарак  медиҳад.  Сокинони  маҳалла дар номаи дастаҷамъии хеш ба унвони рӯзнома дар хусуси  камчинии об чунин изҳор намуданд:
«Мо аҳли 72 хонавода аз деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод ба деҳаи Моинкаҷи Ҷамоати деҳоти «Роҳатӣ»  - и ноҳияи Рӯдакӣ омада, зиндагӣ ба роҳ мондем. Аз роҳу барқ ва мактаб танқисӣ надорем. Мактаби замонавӣ, барқи доимӣ  ва роҳҳои мумфарш дорем.  Мутаассифона, зиёда аз 5 сол аст, ки мо, муҳоҷирони дохилӣ, аз норасоии оби нӯшиданию  полизӣ танқисӣ мекашем. Ду ҳафтаи охир муҳаррикҳои обкаши деҳа пурра аз кор монданду одамон  аз каме оби мавҷуда  низ маҳрум гаштанд. Ҳоло ҳатто оби нӯшиданӣ надорем. 17 майи соли равон намояндагони КВД «Обдеҳот» - и ноҳия ва масъулони муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО - и Роғун» бо сокинони ҷамоати деҳот  вохӯрӣ  намуда, навсозии муҳаррикҳо ва таъминоти дурусти оби нӯшиданиро ваъда доданд. Аммо бо гузашти ҳафтаҳо   на об омаду на муҳаррикҳо таъмир шуданд».
Хабарнигори рӯзнома барои аз наздик дидани ҳолати воқеӣ сӯйи деҳаи  номбурда  роҳ пеш гирифт. Ҳангоми ворид шудан ба маҳаллаи навбунёд роҳҳои мумфарш ва муассисаи таълимии дуошёна бо тарҳи муосир ба чашм расид, ки нишони фароҳам будани шароити зиндагии арзанда барои муҳоҷирон мебошад. Вале дар рафти боздид аз ин шаҳрак зироатҳои зиёди бо сабаби камобӣ пажмурда диққати моро ҷалб намуд. Ҳайратовар буд, ки дар чунин як маҳали ободу зебо чаро чунин мушкил ба вуҷуд омадааст?

Муҳаррикҳои обкаш зуд – зуд аз кор мемонанд
Вақте ба хонаи Ислом Тӯраев, яке аз сокинони маҳалла ва муаллифони мактуб, барои аҳволпурсӣ ворид гардидем,  лаҳзае нагузашта  шумораи зиёди истиқоматкунандагони деҳа  наздамон ҷамъ омада, аз беобӣ шиква намуданд. «Муҳаррикҳои обкаш зуд – зуд вайрон мешаванд. Аз беобӣ сабзавоту полизиҳоямон сӯхтанд. Намедонем, ки  тирамоҳу зимистон  аз куҷо хоҷагии худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоем? Дар ҷойи дигар замини кишт надорем. Ниҳолу дарахтони шинондаамон низ хушк шуда истодаанд», - арз намуданд Ислом Тӯраев,  Аъзам, Иззатов, Муҳаммадӣ Расулов, Гуландом Юсупова, Зикамо Юсупова ва дигар  сокинони маҳалла.
Дар аснои суҳбат  хабар расид, ки роҳбарони КВД «Обдеҳот», бахши муҳоҷирати ноҳияи Рӯдакӣ ва намояндаи муассисаи давлатии «Мудирияти зериобшавандаи НБО - и Роғун» барои насби муҳаррики обкаш ба маҳали ҷойгиршавии иншоот омаданд. Мо низ ҳамроҳ  бо чанд сокини деҳа барои дидани пойгоҳҳои обкашӣ  рафтем. Дидем, ки пойгоҳҳои мазкур, хеле фарсуда шудаанд. Неъматулло Шарифов, директори КВД «Обдеҳот» - и ноҳияи Рӯдакӣ, изҳор дошт, ки муҳаррикҳо дар натиҷаи афзудани  қуму шағали даруни чоҳ  аз кор мондаанд. Айни замон  пойгоҳро таъмир намуда, ба кор даровардем ва тавассути лӯлаҳо оби даркорӣ ба маҳаллаи Моинкаҷ расонда мешавад. Ҳамчунин, рӯзҳои наздик хатҳои обе, ки дигарон ғайриқонунӣ аз ҳавзи обтақсимкунии маҳали зисти муҳоҷирон кашидаанд, бурида ва оби даркорӣ барои истифодабарандагони воқеӣ пурра таъмин мегардад.

Мушкил ду сол пеш вуҷуд надошт
- Барои таъмини оби нӯшидании муҳоҷирон ҳанӯз 5 сол пеш дар мавзеи номбурда чоҳҳои амудӣ канданд ва чор муҳаррики обкашӣ (бо назардошти шумораи  истифодабарандагон) насб карданд.  Иқтидори ҳар кадоми  онҳо кашиши 16 метри мукааб об дар як соат аст ва муҳоҷирони маҳаллаи номбурдаро барзиёд бо об  таъмин намуда метавонанд.  Ду соли аввал назорату тақсимоти оби маҳаллаи Моинкаҷ  бар дӯши мо буд ва мушкили норасоии об вуҷуд надошт. Муҳоҷирон талаб намуданд, ки  кори истифодаи обро ба зиммаи хеш гиранд. Онҳо ин масъулиятро 3 сол боз худ бар дӯш доранд.   Аммо солҳои охир шаҳрвандони дигар дар атрофи маҳаллаи навбунёд манзили зист сохта,  аз ҳавзу хатҳои об ба таври ғайриқонунӣ истифода намуданд. Дар натиҷаи амали ғайриқонунӣ - обдуздӣ ҳаҷми оби нӯшидании 72 хонаводаи  муҳоҷир  дар Моинкаҷ  кам шуда,  мушкили норасоии об рӯ зад. Соли  гузашта, пойгоҳҳои обкашӣ ба тавозуни ноҳияи Рӯдакӣ  супурда шуданд, - гуфт  Иброҳим Раҷабзода, муовини якуми директори МД «Мудирияти зериобшавандаи НБО - и Роғун».
Агар аз ҷониби масъулон назорату таъмини об дар маҳаллаи навбунёди Моинкаҷ  дуруст ба роҳ монда нашавад, арзу доди истиқоматкунандагони он поён нахоҳад ёфт. Сокинон  надоштани замини киштро муҷиби мушкилоти норасоии об медонанд. Онҳо оби мавҷударо барои истеъмол ва ҳам барои парвариши зироат истифода мекунанд, ки барояшон хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, масъулон бояд масъалаҳои номбурдаро  мавриди баррасӣ қарор диҳанд.  Ҳамчунин, сохта шудани манзилҳои зист аз ҷониби шаҳрвандони дигар дар ин минтақа, ки боиси мушкилоти беобии муҳоҷирон гардидааст, аз мақомоти дахлдор тафтишоти амиқро тақозо менамояд.  Набудани  хати оби нӯшиданӣ, шабакаи обёрӣ, роҳу гузаргоҳи берабт  ва заъфи инфрасохтори дигар дар мавзеи ҷойгиршавии манзилҳои зисти мазкур қонунӣ  сурат гирифтани сохтмони хонаҳоро зери шубҳа қарор медиҳад, ки мавзӯи дигар аст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 587

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед