logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. САМАРИ ЯК ИҚДОМ

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозии боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишию солимгардонӣ барои кӯдакону наврасон дар шаҳри Душанбе вусъат меёбад. Дар баробари мақомоти масъули давлатӣ соҳибкорони алоҳида низ баҳри ободонии Душанбешаҳр камари ҳиммат бастаанд. Дар маҷмӯъ дар гӯшаю канори пойтахт корҳои ободонию хуррамгардонӣ бо маром ҷараён доранд.
Ҳар кас бо дидани майдончаҳои навсохт хушнуд мегардад. Ҷавонону наврасон пас аз ин навсозиҳо вақтҳои холии худро ба беҳудагардӣ сарф накарда, дар майдончаҳои нав ба варзиш машғул мешаванд.
Сохтмони чунин иншооти варзишӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» дар арафаи анҷомёбист. Иншоот аз майдончаҳои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва бозии кӯдакон иборат аст. Дар атрофи майдонча дарахтҳои ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинондаанд, ки ин маконро ба як гӯшаи диданӣ табдил додааст.
Сафар Каримзода, директори муассиса чунин иброз дошт: "Мо баҳри ободию зебоӣ ва ҷолиб гардондани симои пойтахт сохта ба истифода додани ин гуна иншоотро қарзи ватандории хеш медонем. Ҳоло барои иҷрои пурраи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо, кабудизоркунӣ ва сохтани майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла сохтмони майдончаи варзишии қитъаи № 104 дар маҳаллаи 64, кӯчаи Фирдавсӣ, назди биноҳои 59 ва 63 дар масоҳати 1200 метри муррабаъ, ки онро мо ба зимма гирифтаем, сохтмончиён шабу рӯз заҳмат мекашанд. Аллакай марказ сохтмони майдончаро ба пуррагӣ сохта ва ба хизмати мардум пешкаш намудааст. Ин созандагиҳо имконият медиҳанд, ки шаҳри Душанбе боз ободу зеботар гардад. Пеш аз ҳама барои ба варзиш машғул шудани кӯдакону наврасон шароит муҳайё мегардад".
Сокинони биноҳои назди майдончаи варзишию фароғатӣ зимни суҳбат аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар изҳори хушнудӣ намуданд. Мақсад аз ин чорабиниҳо фароҳам овардани зиндагии шоиставу арзанда барои мардум мебошад. Бинобар ин, сокинони пойтахт дар навбати худ вазифадоранд, ки бо риояи  фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ ба қадри ин заҳмату талошҳо расанд.
Шаҳбоз АБРОР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 607
09.04.2020


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ. ОБОДОНӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ КИШОВАРЗӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ БУЗУРГИ "ИСТИҚЛОЛ" ДАР ОҒОЗИ МАВСИМ

07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед