logo

иҷтимоиёт

МУХТОРИ ШУМО ЗИНДА АСТ!

Инсон ҳамеша барои зистан талош кардааст ва ҳатто баъди марг низ онро нахостааст. Чун шоир, нависанда, разманда, қаҳрамон, олим, рассом, файласуф, ҳунарпеша ва ҳамзамону ҳаммашраби ин ё он бузургвор пас аз марг низ вирди забон шудан хостааст.

 

Инро аз талоши як зани солхӯрда аз деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич Сабоҳат Розиқова бори дигар пай бурдем. Ӯ ба мо муроҷиат кард, ки додари хурдиаш Мухтор Розиқов соли 1995 ба ноҳияи Восеъ ба хизмати ҳарбӣ рафта, баъдан дар роҳи ҳифзи сохти конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонбозиҳо карда, ҳалок шудааст ва мехоҳад дар борааш ёддоште нависем.
Хоҳари сарбози беномунишоншуда хотираҳои он рӯзгорро чунин нақл кард: «Дар ёд дорам он рӯзеро, ки Мухторро ба хизмати ҳарбӣ мефиристодем. Хешу пайвандон, ҳамсояҳо ҷамъ шуда буданд, падарам дасти дуо бардошту модарам нон газонд. Он солҳо ҳарчанд вазъи кишвар нобасомон буду хабарҳои нохуш мешунидем, аммо камтар бовар мекардем. Ҳаргиз гумон надоштем, ки дар минтақаҳои Рашту Хатлон ва шаҳри Душанбе амният то ба ин ҳад рахна шуда. Баъди як соли хизмат як нома аз ӯ омад, ки то охири умр модарам онро мисли як муқаддасот бо худ медошт. Бо ҳамин соли 1997 хабар расид, ки ӯ фавтидааст. Албатта, ба ин шумхабар бовар накардем, махсусан модарам рӯйу мӯй меканду мегуфт: «Дурӯғ аст, дурӯғ! Мухтори ман зинда аст! Зинда-а-а!». Ҳанӯз ҳам фиғони ҷонхароши модар аз дару девораш садо медиҳанд.
Холаи Сабоҳат ба нақлаш идома медиҳад: «Сокини деҳаи Гулободи ноҳия Муҳаммад Рӯзиматов, ки ҳамяроқи додарам будааст, баъди ҷанг баргашта, ба комиссариати ноҳия расман маълумот дод, ки Мухтор ҳангоми муҳориба дар мавзеи Сағирдашти ноҳияи Тавилдара (имрӯза Сангвор) ҳалок шудааст. Падарам вақте ки хати вафоташро овард, бори дигар осмон омада ба замин часпид. Ёд дорам, 12 августи соли 1997 - ро. Ҷаноза эълон карда, барои Мухтори беномунишон мотам гирифтем. Аз ҳама аламовар он буд, ки рӯзи 17 август, яъне баъди ҳамагӣ чор рӯзи ҷанозаи Мухтор модарам низ аз ҳасрати ҷонкоҳи ҷигарбандаш ҷон ба ҷонофарин супурд.
Мухтор ҳафт моҳ қабл аз ба хизмат рафтанаш хонадор шуда буд. Як сол ҳам хонадорӣ накарда, ба хизмат рафт. Шояд бечора умед ҳам надошт, ки хизмат бо ҷанг мепайвандад. Инак, аз ӯ ному нишоне нест. Ҳамсарашро бо таассуф ба хонаи падар гуселонда, бахти сафеду саодати рӯзгорашро аз Парвардигор хостем. Тавассути ниҳодҳои дахлдор мазори шаҳидони ҷангро дар Сангвор муайян карданд ва бино ба тахминҳои пешакӣ хокҷои Мухтор низ он ҷо будааст. Модарам хост ба ҷустуҷӯи мазори писараш равад, аммо фарзандону пирони деҳа иҷозат надоданд ва бо ҳамин армон рахт аз дунё баст».
Дар охири суҳбат холаи Сабоҳат гиряро оғоз кард: «Хоҳиш мекунам, номи Мухтор гум нашавад. Дар газета менависед, дар радио эълон мекунед, хулоса номашро зинда нигаҳ доштанатонро мехоҳам. Кошки дар як гӯшаи мактаби таҳсилдидаи ӯ акс ва ҳолномааш овехта мешуд…» 
Аз дарвозаи соҳибхона баромада, ба андеша фурӯ рафтам: вақте ҷанг аст, дигар эҳсосу отифа, меҳру мурувват, раҳму шафқат ҷои худро ба разолату бераҳмӣ ва хунхориву ҷаҳолат медиҳад. Бале, ҷанги шаҳрвандии дар Тоҷикистон рухдода низ ҳамин воқеияти мудҳишро дар пай дошт. Мухтор Розиқов ҳамчун шаҳрванди бовиҷдони Тоҷикистон вазифаву уҳдадории худро иҷро кардааст ва ватандори асил будани худро собит сохтааст.
Акнун имрӯз вазифаи мо – шаҳравандони дар осудагию фароғат зиндагикунанда аз он иборат аст, ки ба хотири хуну ашкҳои рехташуда, армону интизориҳои модарони фарзандгумкарда, беваю бечораҳо, кӯдакони ятим озодиву ободии Тоҷикистон ва иттиҳоду ягонагии онро ба ҷон ҳимоя кунем. На танҳо бо яроқ, балки бо қалам, дониш, ҳунар низ ягонагию сарҷамъии халқи худро метавон нигаҳ дошт.
Имрӯз ба фиғони дили модари равоншоди Мухтор чунин посух гуфтанием: «Дуруст, Мухтор зинда аст! То рӯзе, ки дар Тоҷикистон Истиқлолият ва Ваҳдат пойдор аст, Мухтор ҳам намемирад!»
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 339

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед