logo

иҷтимоиёт

ПЕШНИҲОД. ПЕШГИРИИ ТАҚЛИД БА ФАРҲАНГИ БЕГОНА МЕЪЁРИ ҚОНУН ШАВАД

Расму оин ва ҷашну маросимҳо чун як шакли шуури ҷамъиятӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо дониста шудааст. Бо гузашти айём баъзеи онҳо зери таъсири омилҳои гуногун моҳият ва аҳамияти худро гум карда, сабаби худнамоӣ ва таассуфу хурофотпарастӣ гардиданд.

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мо асосан аз ду манбаъ - тамаддуни ориёӣ ва исломӣ ташаккул ва такомул ёфтаанд. Тибқи маълумоти таърихӣ тамаддуни ориёӣ ва исломӣ дар ибтидо хусусияти хонаводагӣ доштанд ва анъанаву расму оинҳо танҳо бо иштироки пайвандону наздикон таҷлил мегардиданд. Вале дар давраҳои минбаъда аз ин доира берун рафтанд. Масалан, то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баъзе маъракаҳо то ҳазор нафар ширкат меварзид. Маросими азодорӣ ба минбари худнамоӣ табдил ёфта буд.
Агар аз як ҷониб  раванд ва таҳаввулоти сиёсию фарҳангӣ ва таассубу хурофоти динӣ вазъи зиндагии мардумро дигар сохта бошанд, аз ҷониби дигар таъсири равандҳои геосиёсӣ низ то андозае боиси поймол ва аз байн рафтани арзишҳои миллӣ, суннатҳои ниёгон,  меъёрҳои ахлоқӣ, фармудаҳои шариатӣ гардиданд. Чунин раванд дар дигаргунсозии фарҳанги миллӣ, ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум бетаъсир намонда, боиси гузарондани ҷашну маросимҳои дабдабанок гашт.
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият дорад. Аъзои комиссияи ҷамъиятӣ байни ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён ҷиҳати камхарҷ ва дар доираи қонуни амалкунанда гузарондани расму оин, ҷашну маросим ва санаҳои таърихӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳию ташвиқотӣ мебарад.
Баҳри риоя ва иҷрои бечунучарои қонун чанд пешниҳод манзур медорем: пурзӯр кардани назорати мутасаддиёни қонун дар шаҳраку ҷамоатҳои деҳот, ки аксаран қонуншиканиҳои маъракадоронро ба ивази зиёфат ё маблағ рӯйпӯш менамоянд; ба қонуни танзим илова кардани банди махсус оид ба фарҳанги либоспӯшӣ,  пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона; ба фаслҳои сол мутобиқ гардондани вақти баргузории ҷашну маросимҳо; гузарондани маросимҳои азодорӣ (се, ҳафт, чил, сол, ёдбуд) бе додани таом ё дар доираи оила.
Амонулло САЛИМЗОДА,
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 435

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед