logo

фарҳанг

МОДАР

Он вақт мактабхон набудам. Яъне, ҳанӯз ҳафт сол надоштам. Ҳамон айём, як саҳар рӯйи долони хокии хонаамон, ки навсохт буд, сари дастурхон, рӯ ба рӯйи модари бузургворам нишаста, наҳорӣ мехӯрдам. Чун аз тановул фориғ шудам,   фалахмонамро аз кисаам берун баровардам. Ба ин тарафу он тарафаш дида дӯхтам. Сипас, ба тӯри чарминаш санг андохтам.  Резини онро ду-се маротиба ба тарафи худам кашидаму  сар додам. Барои модарам пинҳон намонд, ки санг дорад ва бо оромӣ гуфт: – Бачаҷонам, шӯхӣ макун, мабодо санг аз дастат раҳо шаваду  ба ман расад». Ман ба ҳарфи ӯ эътибор надодам. Хислати якравӣ ва нозу эркагии фарзанди кенҷаи ӯ буданам маро иҷозат намедод, ки ҳамраъйи модарам бошам. Бозиамро идома додам. Билохира, тавре шуд, ки модарам пешгӯӣ карда буд, санг аз тӯр раҳо хӯрду рост ба чашмаш зад.
– «Оҳ, ҷигарат нарезад бача, кӯрам кардӣ», – гуфт модари бечораам ва даст ба чашмонаш бурд. Даступохӯрда шудам ман. Ҳарфе ба забон оварда наметавонистам, гӯё забонам гунг шуда буд. Моту мабҳут монда, гунаҳкорона ба модари озордидаам нигаристам, аз чашмонаш об мерафт. Таги чашми латхӯрдааш дар як лаҳза сипсиёҳ шуда буд. Аз кори шуда он қадар пушаймон шудам, ки он лаҳза мурданамро авло донистам.   Дилам барои модарам чунон сӯхт, ки гӯё дарунам дастаи оташ забона мезад. Инони гиряро сар додам. Чунон талх гиристам, ки модарам дарди ҷонкоҳи худро фаромӯш карду дастамро гирифта, маро ба оғӯшаш кашид. Сарамро ба қафаси синааш зер кард ва онро гаштаю баргашта сила  карду  бӯсиду ҳарфи тасаллӣ бароям хонду оромам намуд...
Он лаҳза дарк накардам, ки танҳо модар ба чунин афву бахшиш қудрат дорад, ҳама гуноҳи фарзандро мебахшад, ҳазор маротиба аз ӯ озор бинад ҳам, забонаш намегардад, ки ҳарфи бад дар ҳаққаш ба лаб орад. Бузургии модар низ дар ҳамин таҷассум меёбад.
Сироҷиддин ИКРОМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 271

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед