logo

фарҳанг

БА ТАҚЛИД "САЛОМ" БИГӮЕМ?!

Матлаби «Ахлоқ. Беҳтарин тақлид!» - и Абдулқодири Раҳимро, ки 3 июни соли 2017 дар рӯзномаи дӯстдоштаам «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст, мутолиа кардам. Ин бор бо шинохти масъулияти бештар онро бо шогирдон баррасӣ намудем.
Масъала ҳаргиз масъалаи хурду одӣ нест ва нодида гирифтани он бунёди ахлоқи милливу динии моро хароб месозад. Пештар иддао мекардему бо ҳасрат мегуфтем, ки «ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод». «Ӯ» дар ин ҷо ишорат ба миллат аст. Ҳолиё хомӯшем. Чаро? Чунки «салом» моли моддӣ нест ва гирифтани онро ба чашми ақли камтар касон мебинанд.
Муаллиф дуруст таъкид месозад, ки агар дар ин бора лаб во бикунӣ ё содаат мехонанд ва ё қафомонда.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ бо ноогоҳиву ғафлат варзидан гавҳарҳои бас қимати маънавиётамонро аз даст медиҳем. Дар оянда ба ин вазъи ногувор чӣ гуна даъво карда метавонем, ки «салом» - ин гавҳари бас қимат моли мо аст? Оре, дар сурате аз он бегона мешавем. Мебинем, ки дар кишварҳои мутамаддину пешрафта гуфтани «салом» имрӯз бисёр роиҷ гардидааст. Бо табассуму чеҳраи кушода ҳамдигарро, агар ҳам мешиносанд ва агар ҳам намешиносанд, «салом» медиҳанд.
Наслҳои пешин ба ин масъала бештар диққат медоданд. Таъкид мекарданд, ки бар ҳамдигар «салом» бидиҳанд. Агар нафаре дар мавридаш «салом» намегуфт, бар ӯ эрод мегирифтанд ва мегуфтанд: «Адаб наомӯхтаӣ. Падар дорӣ?! Чаро бар ту «салом» - ро наомӯхтааст»?
Воқеан, пойдевори ахлоқ дар ҷомеа суст мешаваду бепарвоӣ зоҳир мекунем. Моро пештар дар тамоми дунё бо ин амал тавсиф менамуданд.
Барҳақ, дар он ҷое, ки  «салом» аз миён меравад, ваҳдат, дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва баракат намемонад. Дар «салом» изҳори меҳр, муҳаббат, амният ва таманноҳои нек аст.
Пешиниён ва аҳли илм ин ҳадисро зимни насиҳат ёдовар мешуданд: «Оё шуморо бар амале роҳнамоӣ накунам, ки василаи  издиёди муҳаббат миёни шумо хоҳад шуд»? Ҳамаи мо меандешидем, ки он чӣ гуна амал аст. Ҷавобро ба бетоқатӣ интизор мешудем. Мегуфтанд: «Ва он ин, ки саломро миёни якдигар роиҷ ва ом гардонед». Бар ин гуфта амал мекарданд. «Салом» - ро ом гардонданду роиҷ. Бо вучуди ин, ҳадиси мазкурро пайваста таъкид менамуданд, то масъулият барои рӯзе кам нашавад.
«Салом» дар навбати худ дуо аст. Бар якдигар аз Худо мехоҳӣ, ки ҳар навъ саломатӣ ва офиятро насиб гардонад. Барои фардҳои хурдтар аз худ ин калимаи шафқат маҳсуб мешавад.
Дуруст аст, ки таъсири хоси як амал замоне зоҳир мешавад, ки дар он рӯҳ вуҷуд дошта бошад. Пас, бояд бо меҳру муҳаббат, самимият бар якдигар «салом» бигӯем ва онро боз аз нав ому роиҷ бигардонем. Интизор набошем, ки кай таъсири бади он бештар мерасаду он гоҳ коре аз дастамон наояд.
Воқеан, барои миллати куҳанбунёди мо айб аст, ки бо тақлиди ғарбиён бар ҳамдигар «салом» - и худро бигӯему ифтихор ба тамаддуни дигар мамолик намоем.
Ҳалима ОТАБОЕВА,
омӯзгор, шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 387

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед