logo

иҷтимоиёт

БА ДАХЛУ ХАРҶИ ХУД ҲАР ДАМ НАЗАР КУН

Ба он кадхудо зор бояд гирист,
Ки дахлаш бувад нуздаҳу харҷ бист.

Бале, агар ба умқи таърих, хусусан ба осори классикони тоҷику форс назар афканем, аён мегардад, ки дар ҳар давру замон исрофкорӣ зери мазаммат қарор мегирифтааст. Ба ин маънӣ Шайх Саъдӣ низ мефармояд:
Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.

Устод Садриддин Айнӣ низ дар «Ёддоштҳо» - яш он маъракаҳое, ки боиси хонахароб гардидани мардуми камбағал мешуд, тасвир намуда, гоҳо бо ҷиддият ва гоҳе бо ҳаҷву зарофати маънидор онҳоро маҳкум кардааст.
Пеш аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мавсуф тақлиду рақобати бемантиқ дар гузарондани тӯю маросим ва  дафну азодорӣ авҷ гирифта, касе аз каси дигар камхарҷтару хоксоронатар маърака гузаронад, гӯё назди дӯсту душман «сархам» мегардид. Тақлид аст, ки мардумро ба чоҳи ғафлат мебарад. Ба қавли Ҷалолиддини Балхӣ:
Мар маро тақлидатон барбод дод,
Эй дусад лаънат ба ин тақлид бод!

Ин соҳибназарии Пешвои муаззам ба ранги дигар гирифтани рӯзгори иҷтимоии мардум ва ба низом даромадани баргузории ҷашну маросимҳо сабаб гардид. Мардум ба талаботи  қонуни мазкур одат карда, пай бурданд, ки ҳадафи танзим танҳо осоиштагии рӯзгор ва сарфаву сариштакорӣ меорад. Баъди амалкарди ин қонуни ҳаётан муҳим баъзе аз кишварҳои ҳамсоя низ дар баргузории чандин маъракаву маросимҳои худ ислоҳ дароварданд.
Таҳлил ва омӯзиши риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» водор менамояд, ки  дар баробари усулҳои қонунии танзими маърака ва анъанаҳо ба роҳ мондани тарбияи иқтисодӣ ва маънавии шаҳрвандон, омӯзонидани ахлоқ, одоб ва моҳияти баргузории маъракаҳои оилавӣ  ба ҷавонон ва оини дурусти сарфаю сариштакорӣ аз овони наврасӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳар як  оила зарур аст.
Вақти он расидааст, ки аҳли илму адаб, ходимони дин бо амал ва баргузории маъракаҳои намунавии камхарҷ насли наврасро дар рӯҳияи сарфаю сариштакорӣ, масъулиятшиносӣ тарбия намоянд ва намунаи ибрати дигарон бошанд.
Зебунисо ИБРОҲИМОВА,
сармутахассис оид ба корҳои дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 314

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед