logo

сиёсат

ИЛМУ ДАВЛАТ НАЗМИ КОРИ МИЛЛАТ АСТ

Таассурот аз мақолаи профессор С. Ятимов «Илм ва амният» // "Ҷумҳурият". – 2017. – 30 май. – №107 (23188). – С. 2-3.
Илму давлат назми кори миллат аст,
Илму давлат эътибори миллат аст.
Муҳаммад Иқбол.

Давлат ҳамчун категорияи таърихӣ шакли ташкили сиёсии ҷомеа, пеш аз ҳама, ниёз ба амният дорад, зеро бидуни амният парокандагӣ ва таназзул таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, давлат барои таъмини амният васоити ҳифозат ва иҷборсозӣ низ дорад ва он, пеш аз ҳама, лашкар ва аҳли сипар – милитсия аст. Давлати миллӣ, ки ҳатто аз номи он пайдост, пеш аз ҳама, ба арҷгузории арзишҳои миллӣ ва дифои онҳо саъй мекунад ва дар ҳамин замина шаклҳои дигари шуури ҷамъиятиро рушд мебахшад ва ин ҳама танҳо тавассути амнияти сиёсӣ даст медиҳад, ки дар заминаи истиқлолияти сиёсӣ сабзидааст. «Амнияти давлат, – менависад профессор С. Ятимов, – мафҳуми системавӣ мебошад. Он аз ячейкаи одии давлат оғоз ва дар олитарин муассисаҳои давлатӣ ба тарзи принсипиалӣ таҷассум меёбад. Муҳтавои ин масъала дар Қонуни асосии ҳар кишвар сабт гаштааст. Тибқи он дар давлат нафар, муассиса, корхонае вуҷуд надорад, ки амали вай берун аз манфиатҳои таъмини амнияти давлат мавриди назар гирифта шавад. Субъектҳои дорои ҳуқуқ, ҳамзамон, вазифаҳои муайян дар самти таъмини амнияти давлатро доранд».
Шакли шуури фаъол, ки боиси шинохти ҳақиқат тавассути қиёсу таҳлил даст медиҳад, илм аст. Аз ин хотир, дар каломи ҳунарӣ – адабиёти бадеӣ, ки ифодагари сатҳи тафаккури миллӣ аст, мафҳумҳои ифодагари аркони меҳварии бақои миллату давлат таҷассум ёфтаанд. Фаразан, дар осори адабии асримиёнагӣ ва муосири миллии мо сайфу қалам кор гирифта шудааст, ки манзур аз он лашкар ва зиёӣ аст. Яъне мурод таъмини бехатарию амният ва дигаре фарҳангу маънавият ва созандагии ҷомеа мебошад. Воқеан, аз таҷрибаи таърихӣ маълум аст, ки сайфу қалам ҷисму ҷони ҷомеа маҳсуб мешавад, ки яке бе дигаре фаъол нест.
Барои бақои амният ва ҷузъиёти он, таҳкими шуури миллӣ, ворастагӣ ва ваҳдати миллӣ, гиромидошти ватану миллат ва иттиҳоду воҳиди миллӣ мақоми каломи ҳунарӣ ва махсусан каломи ҳунарии манзум – шеър басо муҳим, меҳварӣ ва ҳатто калидӣ аст. Ба ин маънӣ қазовати ниҳоят ҷолиб ба профессор С. Ятимов мутааллиқ аст, ки басо мӯшикофона ва бо қиёсу мудаллал менависад: «Илм хосияти системаофаринӣ дорад. Аз натиҷаҳои дақиқи тадқиқоти илмӣ ҳар як ҷузъи системаи ягонаи таъмини амнияти миллӣ, дар вобастагӣ ба салоҳият, функсия ва вазифаҳояш истифода мекунад.
Адабиёт муҳимтарин ҷузъи ин система мебошад. Трансформатсияи (табдили) тадқиқоти илмӣ, ошкор кардани сабаб ва оқибат, моҳият ва зуҳуроте, ки таъмини амнияти миллиро зери хатар мебарад, зарур аст, тавассути инфрасохтори бадеӣ – одӣ, фаҳмо бо образҳо, ҷузъиёти марбути эмотсионалӣ ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ фаҳмонда шавад».
Дар ин қазоват ғолибан неруи каломи ҳунарӣ ҳамчун васоити муқаввои муассиркунанда баён шудааст.
Дар ҳақиқат, асолати каломи ҳунарӣ, ки марбут ба истеъдоди фитрӣ ва ҳунари эҷодкор аст, агар, воқеан, ҳунармандона эҷод шуда бошад, муассирии том дорад. Чунончи, дар ин қазовати Фаридуддини Аттори Нишопурӣ, ки сифати ҷавонмардии ҷавонмардонро таҷассум мекунад, омадааст:
Гуфт: назди ман ҷавонмард он бувад,
Камтарин кораш фидои ҷон бувад.
Албатта, манзур дифои миллат ва  марзу буми кишвар аст, ки ҷавонмардони боору номуси диёр дар дифои он истодаанд ва он, яъне марзу буми Ватан барои аҷнабии бадандеш қуллаи дастнорас маърифат мешавад, зеро дар дифои он чизе дареғ дониста намешавад.
Дар хусуси муассирии каломи ҳунарӣ профессор С. Ятимов баҳс ба миён оварда, хоса, дар симои персонажҳои манфӣ таҷассум намудани амалҳои зишти бадандешон ва алорағми онҳо овардани накукориҳо ва хисоли ҳамидаи қаҳрамонҳои мусбат ва қиёсан омӯхтани ин образҳоро тавассути адабиёти бадеӣ чунин муҳокима меронад: «Ҳамзамон барои ҳаматарафа нишон додани қаҳрамонони мусбат, тарафҳои манфӣ – сабаб ва натиҷаҳои аъмоли ашхосеро, ки роҳи созанда ҳаёти имрӯзаро сарфи назар мекунанд, муваффақиятҳои бузурги давлати миллии моро дар кӯтоҳтарин давраи таърихӣ нодида мегиранд, ба ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм рӯ овардаанд, ба номи давлат ва миллат иснод меоранд, ошкор созанд.
Бузургии тафаккури бадеӣ дар тавони дидани воқеоти реалӣ, ҳодисаҳо, равандҳои ҷомеа дар маҷмӯъ, ягонагӣ дар алоқамандӣ бо ҳамдигар мебошад. Он чизеро, ки дар ифода карданаш илм мувоҷеҳ бо мушкилот мегардад, сухани бадеӣ хеле сода, одӣ ба таври оммафаҳм, заминӣ ифода мекунад».
Воқеан, як нуктаро метавон хотиррасон кард, ки дар мақолаи «Илм ва амният»-и профессор С. Ятимов мо нигоҳи бунёдӣ ва комилан тоза дар хусуси маърифати илм ва анвои он – ҳам улуми ақлӣ ва ҳам илмҳои нақлӣ ё манқулро мебинем ва зиёда аз он, дар ҳамаи бахшҳои мақолаи мазкур бо муҳтавои комилан муқаввои сиёсӣ ба проблемаҳои «Давлат ва амният», «Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ», «Илм – информатсия ва амният», «Манфиат ва амният», «Илм: адабиёт ва амният» дахл карда шудааст, ки ҳам масъалагузорӣ, принсипҳои маърифату бардошт аз онҳо, баррасии мушкилоти фавқуззикр, ҳадаф аз гузориши онҳо, хоса дар шароити ҷаҳони пуртазоди муосир ва натиҷагириҳою хулосабарориҳо аз инҳо нахустиқдом аст. Махсусан дар мақола роҷеъ ба илм, адабиёт, амнияти миллӣ ва сиёсат баҳси комилан бунёдӣ сурат гирифтааст, ки нигоҳи тоза ва оройи фалсафии олим бо қавитарин қиёсҳои илмӣ – мантиқӣ баррасӣ гардидаанд, барои ҳамаи қишри ҷомеа ва ҳамаи мардумони касбу кори гуногун пурманофеъ ва арзишманд аст.
Абдулҳай МАҲМАДАМИНОВ,
Мирзо СОЛЕҲОВ,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 455

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед