logo

иҷтимоиёт

АНҶОМИ КОРҲО ВАҚТ МЕХОҲАД...

(Посух ба мақолаи журналист Ҷовиди Аштӣ “Гулистон. Гуфтаниҳои ногуфта”, “Ҷумҳурият” № 108, аз 31 майи соли 2017)
Нахуст аз рӯзномаи писандида ва маъруфи кишвар “Ҷумҳурият” ва кормандони он ташаккур мегӯем, ки пайваста дар радифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба шаҳри Гулистон низ таваҷҷуҳ менамоянд ва аз навгониҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мақолаҳо чоп мекунанд. Воқеан, рӯзнома оинаи зиндагии мардум аст ва тавассути он аҳли кишвар аз рӯзгори ҳамдигар ошно мегарданд. Мусаллам аст, ки дар зиндагии инсонҳо, аз ҷумла ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми шаҳру ноҳияҳо, дар радифи комёбӣ ва зебоиву ободиҳо камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки барои ислоҳу бартараф кардани онҳо мақомоти маҳаллӣ, муассисаву ташкилотҳои масъул ва ахиран шаҳрвандони дилсӯзу дӯстдори диёр саҳм мегузоранд. Аз ҷониби дигар, ҳар куҷо кор аст, он ҷо камбудӣ ҳаст ва ҳар ҷо камбудӣ ҳаст, ислоҳи он вазифаи масъулон маҳсуб мешавад.
Гузашта аз ин, ислоҳ ё бартараф кардани баъзе камбудиву нуқсонҳо бо сабабҳои объективию субъективӣ вақт мехоҳад. Аз гуфтаниҳое, ки дар мақолаи Ҷовиди Аштӣ зикр ёфтаанд, шаҳрдорӣ огоҳӣ дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар мавриди бартараф кардани камбудиҳо аз назари меъморӣ зимни нақшаи махсус корбарӣ мекунад ва анҷоми ин корҳо вақт мехоҳад. Давоми чанд соли охир бо таваҷҷуҳ ва дастури Ҳукумати кишвар Гулистон чеҳраи худро тамоман тағйир додааст,  аз ҷумла бунёди силсилаи зиёди биноҳо ва иншооти аҳамияти иҷтимоӣ дошта, коху марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки ба беҳдошти вазъи зиндагии мардум таъсири бузург расондаанд, Гулистонро ободтару зеботар гардондаанд.
Оқилзода Ғайрат АҲМАД,
муовини раиси шаҳри Гулистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 433

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед