logo

иқтисод

БӮСТОН ШАҲРИ ДӮСТӢ

Шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро шаҳри дӯстии халқҳо меноманд. Зеро дар бунёди он намояндагони халқу миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Сокинони шаҳр имрӯзҳо дар фазои дӯстиву бародарӣ кору зиндагӣ мекунанд ва ҳамин ҳамдиливу ҳамраъйӣ аст, ки ин шаҳри зебоманзар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.

Рухсора Давлатзода, раиси шаҳри Бӯстон, дар суҳбат бо мо фароҳам будани муҳити хуби кору зиндагӣ ва дӯстии байни ақаллиятҳои миллиро яке аз омилҳои пешрафту дастовардҳои шаҳр арзёбӣ кард.
– Татбиқи босамари дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар чанд соли охир нишондиҳандаҳои истеҳсоливу иқтисодӣ суръати пешрафт касб намоянд. Бо иштироки фаъолонаи соҳибкорони маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои хурду миёнаи тавлидотӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, гулгашту хиёбонҳои шаҳр симои тоза гирифтанд, - изҳор дошт Рухсора Давлатзода.
- Бӯстон як пораи хоки Ватани азизам - Тоҷикистон аст, ки аз ҷон бештар дӯсташ медорам. Дар ҳамин ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушода, ба воя расидаам, ҳамин ҷо бахт ёфтаму фарзандонро дар рӯҳияи дӯстдории Ватан ба воя расондам. Маҳаллаи мо бесабаб «Ваҳдат» ном нагирифтааст. Дар ин ҷо намояндагони халқу миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳояшон ба шаҳри Бӯстон борҳо таъкид кардаанд, ки неруи мо аз ваҳдату дӯстист ва онро бояд чун гавҳараки чашм муҳофизат намоем, - мегӯяд Эзия Аблаева, раиси кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳр.
Яков Балабушкин, сокини дигари шаҳр, ки зиёда аз 41 сол ба ҳайси табиби кӯдакона кор кардааст, соҳиби эҳтироми умум гаштааст. Мардум ӯро барои муҳаббати самимиаш ба забони тоҷикӣ, анъанаҳои миллӣ, тарғиби табиати зебои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ эҳтиром мекунанд.
- Волидайнам ҳанӯз солҳои 30-юми қарни гузашта ба Тоҷикистон омада, ин сарзамини зеборо барои ҳамеша ҷойи зисти доимӣ ихтиёр карданд. - Ман дар яке аз деҳаҳои дурдаст ва ҳамзамон хушобу ҳавои ноҳияи Шаҳристон таваллуд шудаам. Дар шаҳрҳои зиёди кишварҳои хориҷӣ будам, бо намояндагони миллатҳои гуногун дӯстиву рафоқат дорам, аммо самимона иброз медорам, ки сарзамини биҳиштосоеро мисли Тоҷикистон дар ҳеҷ куҷо надидам, -  гуфт Яков Балабушкин.
 Ин марди табиатдӯст ва зебоипараст барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ манзараҳои  нотакрори диёр - Искандаркӯлу Ҳафткӯл, табиати афсонавии Шаҳристону Панҷакент, Исфараву Истаравшанро  аксбардорӣ карда, тавассути сайтҳо паҳн мекунад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 551
07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед