logo

иҷтимоиёт

ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ. РӮ БА БЕҲБУДӢ

Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 5 маркази саломатии деҳот, 13 бунгоҳи саломатӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ эъмор гардида, барои 11 муассисаи тандурустӣ аз сарчашмаҳои мухталиф беш аз 20 навъ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ гардид.
Сайдулло Маллазода, сардори раёсати тандурустии вилоят, бо таъкиди маълумоти зерин гуфт, ки ин ҳама тадбирҳо аз ҳидоятҳои Президенти кишвар, ки дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олӣ ва зимни вохӯрӣ бо фаъолон дар ноҳияи Данғара садо дода буданд, маншаъ мегирад.
Ӯ зикр кард, ки ба гунаи мисол, баҳри таъмини муоинаю муолиҷаи босифат барои Беморхонаи вилоятии № 2 - и ба номи А. Ҳақназаров ба маблағи 2236211 сомонӣ дастгоҳу асбобҳои тиббӣ дастрас карда шуда, дар мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара беморхонаи минтақавии дорои 15 кат дари худро ба рӯйи корафтодагон боз кард. То ин муддат мардум маҷбур буданд, ки 56 километрро паймуда, пасон аз хидмати духтурони беморхонаи ноҳиявӣ баҳравар гарданд.
Бо мақсади бароварда сохтани эҳтиёҷоти сокинони маркази маъмурии вилоят бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бунгоҳҳои саломатии Зарбдор, Зархез ва Гулистон бунёд ва ба истифода дода шуд. Сохтмони марказҳои саломатии деҳотии К. Маркс, Андреев дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ва Дӯстию Қулобод дар ноҳияи Ёвон, ки бо харҷи умумии 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бомаром ҷараён дорад, тасмим аст, то охири сол ба анҷом расад. 
Дар ин муддат малакаи кормандони соҳа низ боло бурда шуд. Ҳоло барои аввалин бор дар шуъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воҳидов бо усули лапароскопӣ буридану васли рӯдаи сигмашакл зимни бемории долихосигма, найчагузории роҳи талхарав бо усули лапароскоп ба роҳ монда шудааст. Қаблан ниёзмандон баҳри дарёфти ин хидматҳои мушкили тиббӣ ба мутахассисони пойтахти кишвар муроҷиат мекарданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 413

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед