logo

иҷтимоиёт

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ СОҲИБКОРОНИ ЗАРАРДИДАРО АЗ ПАРДОХТПУЛИҲО ОЗОД КАРД

Дирӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони сохтору мақомоти дахлдори пойтахт дар робита ба  сӯхторе, ки шоми 2 июли соли ҷорӣ  дар бозори «Корвон» ба амал омад, ҷаласаи корӣ доир намуд.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд, дар ҷаласа, инчунин, беш аз 200 соҳибкори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозори Корвон» иштирок дошт.
Тибқи супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, соҳибкороне, ки аз сӯхтор зарар диданд, давоми ду сол аз  супурдани маблағи чинакпулии ҳаррӯза ва пардохти иҷорапулӣ озод  карда шуданд.
Ҳамчунин, муовини якуми раиси шаҳр М. Зувайдзода дар ҳамкорӣ бо сардорони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Хадамоти  давлатии оташнишонӣ, раисони ноҳияҳо ва  роҳбарони бозорҳои  пойтахт вазифадор гардиданд, ки  растаю дуконҳои бозорҳо, марказҳои савдо ва иншооти баландошёнаи шаҳри Душанберо  бо таҷҳизоти муосири  огоҳкунандаи  зидди сӯхтор таъмин намоянд.
Зикр гардид, ки дар муддати як моҳ  тамоми нуқтаҳо ва растаҳои   савдо, ки дар натиҷаи сӯхтор зарар дидаанд, бо риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ барқарор шуда, ба соҳибкорон пешниҳод мегарданд. Инчунин, дар муддати як моҳ дар ҳамкорӣ бо раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии  шаҳри Душанбе дар тамоми ҳудуди бозор таҷҳизоти худкори огоҳкунандаи сӯхтор насб карда мешаванд.
Ш. ШОКИР, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 371

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед