logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН. ДАР РОҲИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР САДДИ УСТУВОР МЕГУЗОРАД

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ маҷаллаи «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016»-ро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корпуси дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ муаррифӣ намуд.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода зикр сохт, ки «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» бо дастгирии лоиҳаи «Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя» ба табъ расидааст. Он давоми се сол дар рафти ҷаласаи Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Венаи Австрия ва чор соли охир дар шаҳри Душанбе муаррифӣ мешавад.
Маҷалла аз чор боб - мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; истеҳсоли  ғайриқонунии  маводи нашъаовар дар Афғонистон; чораҳои коҳиши талабот ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамкории байналмилалӣ ва амалисозии барномаҳои зиддимухаддиротӣ иборат аст.

Қонуншиканиҳои мухаддиротӣ
Ба таъкиди Шерхон Салимзода, вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз вазъияти мухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобастагӣ дорад. Таҳлили вазъи қонуншиканиҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии сабтшуда, соли 2016-ум 856 ҳолат буд, дар муқоиса бо панҷ соли пешин (соли 2011-ум 927 ҳолат)  коҳиш ёфтааст. Яъне, 7,7 дарсад ё 71 ҳолат кам шудааст. Зикр гардид, ки соли гузашта барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ 1119 нафар дастгир гардидааст, ки ин баландтарин нишондод дар панҷ соли охир буда, нисбат ба соли 2010 ба 32 дарсад афзудааст.

Фаъолияти 48 гурӯҳи ҷиноятӣ қатъ гардид
Барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша аз ҷониби агентӣ нисбат ба саркардагон ва аъзои онҳо чораҳои мушаххас андешида шуда, дар соли сипаришуда фаъолияти 48 гурӯҳи ҷиноятӣ, аз ҷумла чор гурӯҳи муташаккил ошкор ва қатъ гардид.
Пурзӯр кардани ҳимояи сарҳади давлатӣ, андешидани чораҳои ҷавобӣ бар зидди гурӯҳҳои нашъаҷаллоб, коҳиш ёфтани кишт ва истеҳсоли афюн дар Афғонистон, вусъат бахшидани корҳо дар самти пешгирии нашъамандӣ, тавсеаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ, аз омилҳои кам мусодира шудани мухаддирот ба шумор мераванд.

Боздошти шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон
Соли 2016 дар қаламрави Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ 21 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ, аз ин ҳабдаҳ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо 683 килограмм маводи мухаддир, ду шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо 30 килограмм ҳашиш, як шаҳрванди Федератсияи Русия бо 265 грамм ҳашиш ва як шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо 3 грамм ҳашиш дастгир шуданд.

Ба 100 ҳазор нафар 10 ҷиноят рост меояд 
Дар соли 2016 мисли чанд солҳои пеш дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии сабтшуда ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия яке аз пасттарин нишондиҳанда ба ҳисоб рафта, ҳамагӣ 10 ҷинояти мухаддиротиро ташкил медиҳад (соли 2015-ум 12 нафар). Ин нишондод дар Русия - 105 ҷиноят (2015 - 126), дар Ӯзбекистон - 16 (2015 - 16) ҷиноят, дар Қирғизистон - 24 (2015 - 32) ҷиноят, дар Қазоқистон - 12 (2015 - 20) ва дар Туркманистон - 9 (2015 - 10) ҷиноятро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи Тоҷикистон 22 дарсад
Соли гузашта дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 3 200 килограмм маводи гурӯҳи афюнӣ мусодира шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 30 дарсад кам мебошад (4 тоннаю 623 килограмм). Таҳлили мусодираи маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ дар солҳои 2015-2016 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ нишон медиҳад, ки мусодираи онҳо танҳо дар Ӯзбекистон ва Озарбойҷон афзуда, дар дигар давлатҳо коҳиш ёфтааст.  Дар соли 2016 аз ҳаҷми умумии мусодираи маводи гурӯҳи афюнии дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия мусодирашуда, ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 дарсадро ташкил медиҳад. 

Амалиёти «Кӯкнор» ва 562 парвандаи ҷиноятӣ
Соли 2016 дар доираи амалиёти  «Кӯкнор»  562 (соли 2015 - 441) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 1 тоннаю 997 килограмм (2015-ум 2 тоннаю 831 килограмм) воситаҳои нашъаовар, аз ҷумла 45 килограмм героин, 384 килограмм афюн, 1 тоннаю 568 килограмм воситаҳои нашъаовари гурӯҳи каннабис мусодира гардид, ки бо роҳи қочоқ аз Афғонистон ворид шуда буданд. Инчунин, 1,6 миллион ниҳоли рустаниҳои нашъаовари худрӯй несту нобуд шуданд. Дар ҷараёни ин амалиёт 793 нафар, ки дар кофтуков қарор дошт, дастгир гардид.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, иштирок дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, форматҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳо сурат мегирад. Аз соли 1999 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 17 созишномаи байниҳукуматӣ дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ба имзо расидааст. Ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаи ТD/TAJ/HO3 «Агентии назорати маводи нашъаовар - марҳилаи II», Барномаи минтақавии РСММ МНҶ барои кишварҳои ОМ барои солҳои 2015-2019, Лоиҳаи RER/F23 «Низоми ҳифзи ҳуқуқ барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи маълумоти оперативӣ дар соҳаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор», Барномаи CADAP-6, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ИМА «Оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия «Оид ба тақвияти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир» амалӣ гашта истодаанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 378

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед