logo

иқтисод

МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛӢ: ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ОБШАВИИ ПИРЯХҲО

Тибқи маълумот, ҳамасола дар дунё 1 миллиард тонна сӯзишвории шартӣ сӯзонда, ба атмосфера 20 миллиард тонна гази карбон, 150 миллион тонна гази сулфат, бештар аз 40 миллион тонна чанги хокистар, тақрибан 600 миллиард тонна пасмондаҳои саноатӣ ва маишӣ афганда мешавад.

Ҳар сол 50 фоизи филизоти аз конҳо ба даст омада ва 30 фоизи маводи хоми кимиёӣ ба биосфера махлут мегардад. Чунин омилҳо раванди тағйирёбии босуръати иқлими сайёраро боз ҳам метезонанд ва мушкилот имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 июни соли 2017 дар ҳамоиши ҷаҳонии сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”, таъкид намуд: «Оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои ҷаҳду талошҳои аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур бо хушкӣ, дар роҳи расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд. Кишвари мо, бинобар хусусияти ҷуғрофии худ, зери таъсири пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим қарор дорад. Ҳамасола дар кишвар офатҳои гуногуни табиӣ рух медиҳанд, ки ба иқтисоди миллӣ ба маблағи садҳо миллион сомонӣ хисорот ворид намуда, сабабгори талафоти ҷонӣ низ мегарданд”.
Омили аcосии бештари офатҳои табиие, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд (сар аз обхезиҳо), проблемаи глобалии тағйирёбии иқлим мебошад. Мутаассифона, инсон яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад, зеро бо пешрафти илму техника ҳоло инсон ба муҳити зист таъсири зиёди зиёновар мерасонад. Ва боз вазъи ташвишовар инсонро водор месозад, ки қонунҳои табиатро ба инобат гирифта, ба ин восита ҳодисаҳои табиии аз таъсири инсон ба амаломадаро пешгирӣ намояд.
Пажӯҳишҳо собит менамоянд, ки хориҷ гардидани газҳои гулхонаӣ, пеш аз ҳама, ба кишварҳои рушдёфта рост меояд. Ҷумҳурии Мардумии Чин, ИМА ва Ҳиндустон ба сегонаи аввали кишварҳое дохиланд, ки ҳамасола  ҳаҷми зиёди газҳои гулхонаии барои инсон ва табиат хатаровар хориҷ месозанд. Гармшавии босуръат сабаби хуруҷи ҳар гуна бемориҳо дар фасли гармо мебошад. Коршиносон муайян намудаанд, ки дар шароити  тағйирёбии бошитоби  иқлим механизмҳои мутобиқшавии  инсон хаста шуда, бисёр вақт  наметавонанд  вокуниши зарурӣ нишон диҳанд, ки ин ҳолат  осебпазирии аҳолиро афзоиш мебахшад. Тавре профессори тоҷик Абдулҳамид Қаюмов дар китоби худ «Дар суроғи иқлим аз Душанбе то Антарктида» навиштааст, бо гармшавии обу ҳаво хатари бемориҳои  мавсимии баҳорӣ – тобистонӣ  ва тобистонӣ – тирамоҳӣ, аз қабили тиф, паратиф,  дизентерия, амебиаз, гелминтоз ва ғайра афзуда, имкон дорад, ки  дар натиҷаи  гармои аз ҳад  беш дар фасли тобистон, дар минтақаҳои  дорои иқлими  гарм  фавти кӯдакон ва калонсолон афзоиш ёбад». 
Дар даҳсолаи охир аз тағйир ёфтани иқлим кам шудани шумораи пиряхҳо ба мушоҳида мерасад. Обшавии зиёди пиряхҳо барои сайёра фоҷиаи бузург маҳсуб меёбад, зеро кам шудани пиряхҳо ба ҳаёти башарият таҳдид менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июни соли 2015 зимни баромади худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти  раванди татбиқи  амалии  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, дар 60 соли охир дар мавзеъҳои баландкӯҳи кишвар обшавии босуръати пиряхҳо ва нест шудани зиёда аз ҳазор пиряхро манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ намуда, таъкид доштанд: “Тибқи арзёбии коршиносон, чунин раванд дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат метавонад ба кам шудани ҳаҷми оби дарёҳо  боис гардад, ки ин на фақат барои Тоҷикистон, балки барои  тамоми  минтақа  пайомадҳои  ногувору хатарнок дорад”. Пиряхҳои Тоҷикистон дар ташаккули Аму ва Сир, ки калонтарин дарёҳои обёрикунандаи минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд, нақши муҳим мебозанд. Дар асоси пешгӯиҳои коршиносон, бо тағйир ёфтани иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво дар даҳсолаҳои наздик пиряхҳои нисбатан хурд рӯ ба нестшавӣ оварда, дар охири асри ХХI  пурра нест мешаванд.         
Аз ин рӯ, тағйирёбии иқлим имрӯз дар қатори муҳимтарин мушкилоти доғи сайёра ба масъалаи  глобалӣ табдил  ёфтааст.  Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли ин мушкилот кӯшиш менамояд, то хориҷшавии зиёди газҳои гулхонаиро ба ҳаво ва оқибатҳои хатарноки тағйирёбии иқлимро дар сатҳи ҷаҳонӣ пешгирӣ намояд.  Тоҷикистон, ки ба шашгонаи пешсафи кишварҳои истеҳсолкунандаи "Энергияи сабз”, даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар шомил аст ва яке аз кишварҳои пешоҳангест, ки камтар ба ҳаво газҳои гулхонаӣ ихроҷ мекунанд, таҳти роҳбарии сиёсатмадори барҷаста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи ташаббускорони ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим қарор дорад.
Манижа БАҲРОМЗОДА,
докторанти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 977
09.04.2020


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ. ОБОДОНӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ КИШОВАРЗӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ БУЗУРГИ "ИСТИҚЛОЛ" ДАР ОҒОЗИ МАВСИМ

07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед