logo

иҷтимоиёт

«ОБОДОН КӮЛКАНД» ВА ОБОДӢ ДАР ДЕҲОТИ КӮЛКАНД

Мардуми Ҷамоати деҳоти Кӯлканд имрӯз аз роҳҳои обод, ниҳолҳои сарсабзу гулҳои рангоранги қад - қади ҷӯйбору гузаргоҳҳо, тозаву озодагии истгоҳҳои нақлиёт хеле хушҳоланд. Дар ин ободию зебоӣ  кормандони корхонаи хизматрасонии хоҷагии манзили «Ободон Кӯлканд» низ саҳми назаррас доранд. Муассиса давоми солҳои охир бо фаъолияти ободонӣ ба мактаби таҷрибаи пешқадам табдил ёфта, мавриди таваҷҷуҳи дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд гаштааст.

- Мавзуна Шарофиддинова - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Кӯлканд ташаббускори таъсис додани чунин як  муассисаи хизматрасонӣ дар деҳот аст. Фаъолияти худро кормандони муассисаи навтаъсис аз таъмири 4 километр роҳи мошингарди дохили деҳот шурӯъ намуданд. Пас аз ин муроҷиати аҳолӣ ҷиҳати анҷом додани корҳо ба муассиса рӯз аз рӯз зиёд шуд. Акнун номгӯйи корҳои муассиса, оғоз аз таъмири роҳу ниҳолшинонӣ, тоза кардани партовгоҳҳо, чароғонкунӣ то таъмири манзилу корҳои дигари рӯзгори мардум афзоиш ёфт, - мегӯяд Абдумавлон Ҷӯраев, раиси ҷамоати номбурда.
Тавассути васеъ гардидани домани фаъолияти корхона нафарони зиёд, бошандагони деҳа соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Муассиса ба худ мақоми корхонаи воҳиди давлатии «Ободон Кӯлканд» гирифта, соҳиби бинои маъмурӣ, техникаҳои муосир шуд ва дар масоҳати 3 гектар партовгоҳ бунёд кард.
 Ба шарофати фаъолияти босамари кормандони корхона дар деҳоти Кӯлканд ҳама ҷой тозаву озода, гулпӯшу чароғон аст. Мутахассисони корхона  дар таъмиру тармими роҳҳо, тоза кардани партовҳои маишӣ, ободию сарсабзӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани дигар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Исфара ва баргузории маъракаҳои мардум ҳиссагузоранд.
 Раёсати корхона тасмим гирифтааст, ки  ҷиҳати коркарди партовҳо, корхонаи махсус  бунёд намояд, то самараи кори кормандон дучанд гардад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 360

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед