logo

фарҳанг

АГАРЧИ АЗ ДИДАҲО РАФТ...

Дили Ӯлмас Ҷамол, рӯзноманигор ва шоири маъруфи ӯзбекзабони кишвар, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, 27 июни соли 2017 дар синни 83 аз тапидан боз монд.

Ӯ 17 майи соли 1934 дар шаҳри Ургути Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Соли 1947 ба Тоҷикистон омад ва минбаъд кору зиндагияшро то ба охир бо он пайваст. Дар ҳамин ҷо соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ гардид. Инчунин, дар ин кишвар баъди хатми факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баҳои аъло, яъне соли 1961 ба гирифтани маълумоти олии касбӣ мушарраф шуд. Чанд муддат ба шогирдони мактаб дарс дод.
Фаъолияти рӯзноманигорияш аз соли 1961 оғоз меёбад. Ду сол котиби масъули рӯзномаи «Регар» (шаҳри Турсунзода), корманди шуъбаи ӯзбекии Радиои Тоҷикистон буд. Аз соли 1963 то соли 2012, яъне расидан ба синни нафақа дар рӯзномаи «Халқ овозӣ» фаъолияти чашмрас дошт. Бо шеърҳои баландғоя ва матлабҳои рӯзноманигорияш дар тарбияи ҷомеа, рушду шукуфоии кишвар саҳми асосӣ ва арзанда мегирифт.
Маҷмӯаҳои ашъораш бо номҳои «Чашмаи муҳаббат», «Гӯш ба дил», «Даъват ба дуродур», «Дар васфи офтоб», «Фасли некукорӣ», «Эҳсос», «Ситораи орзу», «Гули ороста», «Дӯстнома», «Ҳаёт ва эҷодиёт», «Сарҳисоб», «Як нигоҳ» дар дохил ва берун аз кишвар ба табъ расидаанд. Китоби «Писари офтоб» - аш бо забони русӣ соли 1986 дар шаҳри Маскав аз дасти чоп баромад. Шеърҳояш ба забонҳои тоҷикӣ, украинӣ ва қирғизӣ низ тарҷума шудаанд.
Ин шоири шаҳир соҳиби чаҳор «Девон»-и мукаммал бо номҳои «Сурур», «Масрур», «Манзур» ва «Маъмур» мебошад, ки дар асри навин нашр гардидаанд.
Соли 1993 қиссаи «Ҷоми шароб» - аш чоп шуд, ки чун ҳамаи асарҳои ӯ аз ҷониби хонандагон гарм истиқбол ёфтанд.
Охирин асари таълифкардаи шоир «Исён» ном дорад, ки дар дасти чоп мебошад.
Ӯлмас Ҷамол шеърҳои шоирони тоҷик Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Қутбӣ Киром, Меҳмон Бахтӣ ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Инчунин, бисёр асарҳои насрӣ ва драмавии адибони тоҷикро туфайли тарҷума дастраси хонандагони ӯзбекзабон гардондааст. Дар тарҷумаи ашъори шоирони шаҳири дигар халқҳо, аз қабили Сергей Михалков, Евгений Евтушенко, Лев Ошанин, Расул Ҳамзатов ба забони ӯзбекӣ муваффақ шудааст. Ӯ дар тарбияи насли нави шоирон ва тарҷумонҳои ӯзбекзабон саҳми асосӣ ва арзандаро гирифт.
Чун инсони ҳалиму мушфиқу ғамхор аз маҳбубияти хос бархӯрдор буд.
Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Хидматҳояш бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ шудааст.
Ӯлмас Ҷамол агарчи аз дидаҳо рафта бошад ҳам, аз дилҳо нарафтаву намеравад.
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 332

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед