logo

фарҳанг

ШАРОРАҲО АЗ ГУЛХАНИ ХОТИРАҲО

Ҳамон соле, ки ман таваллуд шудам, устод Садриддин Айнӣ чанд моҳ қабл аз дунё даргузашта буданд. Ба ҷуз аз барномаҳои таълимӣ ва он чи муаллимон дар бораи асосгузори  адабиёти навини  муосир нақл мекарданд, ман устодро аз асарҳои худашон, пеш аз ҳама «Ёддоштҳо», кашф намудам. Борҳо ин асарро ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо русӣ дар тарҷумаи  Сергей Бародин хондам. Агарчи ягон бор дар зодгоҳи устод  - деҳаи Соктаре набудам, аммо ҳама кӯчаю паскӯчаҳои он, ҳамчунин, Маҳаллаи Боло, ки як муддати  даврони бачагии устод он ҷо гузаштааст, чун кӯчаю хиёбонҳои шаҳраки Вахш бароям гӯиё ошно буданд. Гӯиё ҳамроҳи  ҷӯраҳои устод ман ҳам дар биёбон регкӯчиро тамошо мекардаму ҳамроҳашон гӯсфандчаронӣ мерафтам. Вақте падари устод ба он кас аз дур  шоир Исоро нишон  медиҳад, ман ҳам гӯиё он ҷо ҳузур доштам. Чунин буд таъсири «Ёддоштҳо» ба камина. Сипас,  ман гӯиё аз дунболи Садриддини  ташнаи дониш  ба Бухоро рафтам, ҳуҷраҳои тангу тори  мадрасаи Мири Арабро дидам, бо Махдуми Гаву Пирак ва дигарон шинос шудам, аз таҷрибаи нахустини луғатномасозӣ завқ бурдам, дар лаби Ҳавзи Девонабегӣ сайру гашт  мекардам. Такроран мегӯям, ки ин ҳама таҳти таассуроти бардоштаам аз «Ёддоштҳо» буд. Баъдан ман бо дигар  асарҳои нависанда шинос шудам, шахсият ва нақши сухани миллатсози устод Айнӣ дар даврони  пурихтилофи  пас аз инқилоб бароям бештар аён гардид. Хотираҳои зиёдеро ҳам дар бораи устод Айнӣ хондаам, алалхусус очерки сафарии Сотим Улуғзода  аз боздиди Бухоро ҳамроҳи устод Айнию Ҷалол Икромӣ, бисёр хушам омад.
Ҳамчунин, бо гузашти вақт ман бо одамоне шинос шудам, ки устод Айниро дида, ҳатто бо он кас суҳбатҳои хотирмон доштаанд. Баъзе ҳикоёти онҳоро, ки шояд на ҳама донанд, аз забони он нафарон ба дафтарам сабт карда будам. Яке аз онҳо ҳамшираи аллома Бобоҷон Ғафуров Тоҷинисо Ғафурова мебошад. Касби ӯ  рӯзноманигорию тарҷумонӣ буда, дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон низ кор кардааст. Боре ҳангоми ба чоп омода сохтани повести  «Ятим» - и С. Айнӣ зарурате пеш меояду Тоҷинисо Ғафурова ба номи устод ба шаҳри Самарқанд нома ирсол менамояд. Устод бетаъхир ҷавоб мегардонанду зимни миннатдорӣ ба  муаллифи он вақтҳо ҷавон эрод мегиранд, ки санаи фиристодани мактуб зикр наёфтааст. Ба ақидаи нависандаи бузург ин яке аз шартҳои муҳими  жанри мукотиба мебошад. «Ин панди устодро  ман як умр дар ёд дорам», - он замонро ба хотир оварда гуфта буд Т. Ғафурова.
Боре дар як маҳфили адабӣ дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон омӯзгори куҳансол Солеҳ Бобизода аз Ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ чунин нақл карда буд:
- Он солҳо ман дар  Донишгоҳи омӯзгории Душанбе таҳсил мекардаму якҷо бо як ҳамсабақам поинтари хонаи устод С. Айнӣ, ки нав президенти Академияи илмҳо таъ-йин шуда буданд, манзили ориятӣ доштем. Баъзан устод барои гирифтани ҳавои тоза аз дарвозаашон баромада рӯи курсича асо бар даст менишастанд. Дар яке аз чунин рӯзҳо мо аз шафати хонаи устод равон будем, боадабона салом дода гузашта рафтанӣ шудем. Устод бо ишорати  даст моро аз роҳ боздоштанд.
- Маркаби ман ташна, ҷонвар забон надорад, ки «об» гӯяд, - оҳиста ба сухан даромаданд устод. - Дар хона сатил бо чӯби обкашӣ ва ду кӯза ҳаст, агар шумо аз дарё об оварда, кӯзаҳоро лабрез мекардеду як тағораи пуробро пеши маркаб мегузоштед, савоб мегирифтед.
Мо аз дилу ҷон супориши устодро иҷро кардем. Он кас ба мо ташаккур гуфта, боз пурсупос намуданд ва аз куҷо будани моро фаҳмидан хостанд.
Чун донистанд, ки ман аз маҳаллаи воқеъ дар назди  Мазори Мавлоно Яъқуби Чархиам, андаке ба фикр фурӯ рафтанд.
- Шумо медонед, - гуфтанд устод, - Мавлоно аз намоёнтарин чеҳраҳои  тариқати нақшбандия ҳастанд, олиму фозилу донишманд буданд, Қуръонро тафсир  карданд. Шиори пайравони ин тариқат «Дил ба ёру даст ба кор» буд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳама кас, аз ҷумла аҳли дин ризқу рӯзиро бояд аз ҳисоби меҳнати ҳалоли худ ёбанд. Ба зиёрати он бузургвор ҳатто Мавлоно Ҷомӣ ҳам омадаанд. Ман ҳам азм дорам, ки аз он ҷо дидан кунам. Шумо метавонед фалон рӯз омада маро ба деҳаатон раҳнамоӣ  намоед? - пурсиданд устод. Ман бо аломати ризо сар ҷунбондам ва дар вақти таъйингардида ҳозир шудам. Устод маркабсавору ман пиёда ба роҳ даромадем. Устод мошини хизматӣ доштанд, аммо аз чӣ бошад, бо маркаб рафтанро афзал донистанд. Вақте расидем, устод аввал оромгоҳи Мавлоноро зиёрат карданд, зери чанорҳои азими чандасра хеле андешамандона нишаста, баъд роҳи бозгаштро пеш гирифтанд.
Маро шарафи шиносоӣ бо писари устод, фозилу суҳбаторое чун Камолиддин Айнӣ низ насиб гардида буд. Боре ӯ аз ман пурсид, ки хатмкардаи кадом мактабам. Гуфтам, ки мактаби рақами якуми шаҳраки  Вахш.
Ӯ боз гуфт, ки сокинони ин водии  зархез бештар аз манотиқи гуногун омада муқимӣ гаштаанд. Пурсид, ки асли  шумо аз куҷо? Гуфтам, ки падару модарам аз деҳаи Рарзи болооби Зарафшонанд. Ҳамсуҳбатам чизеро ба ёд овард ва хушҳол гашта посух дод, ки борҳо дар ин деҳа будааст. Дафъаи дигар аз кифаш сурати зардшудаеро бароварда гуфт: «Дар ин ҷо пирони деҳаи Рарз акс ёфтаанд, аксро худам гирифтам. Шояд онҳо бароятон шинос бошанд».
Ман ба акс нигаристаму аз миёни чеҳраҳои нуронӣ касеро шинохта натавонистам. К. Айнӣ ба яке аз мӯйсафедон ишорат карда гуфт: «Ин кас Сангин - тағо. Ба деҳаи Рарз назди  ҳамин кас мерафтам. Ин касро ман аз бачагӣ мешинохтам». Аз нақли  К. Айнӣ фаҳмидам, ки Сангин ном рарзӣ дар замони худ бо дигар ҳамдеҳагонаш барои мардикорӣ ба Самарқанд мерафтааст. Чунин иттифоқ афтодааст, ки ӯ чандин сол дар ҳавлии устод хизмат карда, корҳои хоҷагии он касро пеш мебурдааст. «Сангин - тағо барои мо мисли як хешу табор гардида буданд, - ба ёд овард он рӯз К. Айнӣ. - Домулло (К. Айнӣ падарашонро ҳамин хел меномид. - М. С.), бо Сангин - тағо бисёр суҳбат мекарданд, баъзе калимаҳои лаҳҷавиро пурсида мегирифтанд, мегуфтанд, ки забони кӯҳистониён чун чашмаҳояшон поку беолоиш мондааст».   Як мисол: калимаи «арбада» - ро, ки домулло архаистӣ мепиндоштанд, аз суҳбат бо чунин деҳотиёни кӯҳистонӣ пайдо карда, ба забони адабӣ ворид сохта буданд. Ҳангоми тартиб додани луғати тафсирӣ ҳам, домулло аз қайдҳои худ зимни суҳбатҳояшон бо мардуми одӣ истифода мекарданд. Баъд аз хизмат рафтани Сангин-тағо ҳам омадурафти мо  то вақти фавти он кас канда нашуд.
Камол Айнӣ боз як қиссаи ҷолибро аз рӯзгори устод ҳикоят карда буд. Ҳанӯз пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳукумат ба устод як мошини сабукрави «Победа» - ро туҳфа мекунад, ронанда ҳам таъйин менамоянд, то ба устод хизмат расонад. «Вақте устод Абулқосим Лоҳутӣ бори аввал ба Самарқанд, ба дидорбинии устод меоянд,- гуфта буд К. Айнӣ, - мо он касро аз вокзали роҳи оҳан бо ҳамин мошин ба хона овардем». Замоне, ки ҷанг сар мешавад, устод ба хулосае меоянд, ки мошинро ба ихтиёри фронтчиён фиристанд. «Ҳоло вақти кайфу сафо нест, - гуфтаанд устод, - дар майдони ҷанг ба сарбозони мо кумак шавад, беҳтар»...
М. САМИМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 357

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед