logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Падрудаш бо дунё ногаҳонӣ буд, агарчи бар вақти худ, яъне дар вақти худ буд. Мегуфт, ки ман аз умри дароз метарсам.

Ҳаштоду ҳашт сол зист. Метарсид, ки аз ин бештар, бештару бештар мезияд. Дардҳо ранҷаш медоданд ва ба рӯзгори рафта мебурдандаш. Ёду пеши назар овардани он рӯзгори мудҳишро ҳеҷ намехост. Аммо гоҳе, ки  он гиребонашро мегирифт, чашмаш пуроб мешуд. Он рӯзгор иборат аз чанд рӯзе набуд, чанд сол буд, чанд соле, ки асари бадаш ба тамоми зиндагии баъдияш низ расид.
Дар пеши чашмаш сад китобашро сӯхтанд, рӯған рехтанду сӯхтанд, то ӯ бештар бисӯзад, зудтар бисӯзад. Ёдовар мешуд, ки чӣ хел намесӯзӣ, вақте мебинӣ, ки «Қуръон» месӯзад, «Гулистон» - у «Бӯстон» - у «Ал – қонун» - у «Девон»- ҳои бузургон месӯзад. Аз ин ҳама мегуфт ва мо даҳшати он рӯзгору солҳоро тасаввур мекардем.
Соли 1927 таъқиби падараш оғоз шуд. Пас  аз он ӯро таъқиб карданд. Ниҳоят зиндонияш намуданд. Даҳ солро дар зиндон бо ранҷу машаққатҳои бурунию дарунӣ пушти сар кард. Соли 1944 озод шуд. Соли 1951 боз ҳабсаш намуданд. Бояд понздаҳ сол дар зиндон менишаст, аммо баъди чор солу нуҳ моҳу сездаҳ рӯз, яъне моҳи ноябри соли 1955 афв шуд. Баъди озодӣ ба шаҳри Кӯлоб омад ва ба сифати посбон кор кард. «Қувватам барои иҷрои кори дигар намерасид. Пойҳоям дард пайдо карда буданд», - мегуфт ӯ.
Соли 1967 дар ин шаҳр маҳфили адибонро таъсис дода буданд. Чил нафар аз шумори шоирон бо навбат дар хонаи ҳамдигар ҷамъ меомаданду маҳфилро гарм медоштанд. Онро низ баъдҳо бастанд, ба ин баҳона, ки суҳбатҳои динӣ меороянд.
Аз ашъори пурсӯзи ӯст:
Дар зери меғи марг ниҳон офтоб шуд,
З-ин ғуссаву алам ҷигари халқ об шуд.
Оташ забона зад, дили мардум кабоб шуд,
Чанги аҷал ба мақсади худ комёб шуд.
Фарзанд рафт, дидаи равшан хароб шуд,
Дил об шуд, бирехт, ҷигарҳо кабоб шуд.
Фарзандаш Абдуқаҳҳор дар хидмат, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, берун аз ин кишвар вафот кард. «Бо пойи худ рафту бо пойи дигарон омад. Пас аз бист рӯзи он фарзанди дигарам Абдулвадудро бар хок супурдам», - мегуфт ӯ. Ва ҳам мегуфт, ки аз «Дафтари сабз» - аш  бихонем. Ба ҳар бор, ки онро мекушодам, чашмам нахуст ба ин мисраъҳо меафтод:
Дареғо, нури чашмам рафт, қувват рафту дармонам,
Ба шоми бекасӣ дар кунҷи узлат дидагирёнам.
Ба гардун мерасад ҳар шаб садои оҳу афғонам,
Зи ошӯби ғамат селоби хун резад зи мижгонам.
Ҷигарбандам, азизам,
меҳрубонам, риштаи ҷонам,
Куҷо қасди сафар кардӣ, суроғатро намедонам.

Чашмони обраву хаставу дардмандаш дигар хатро намедид.
Оре, сухан дар бораи Сомеъ Одиназода, он шоири маъруф, олими раббонӣ, хатоти моҳир, тарғибгари маърифат аст, ки бисту ду сол пеш дунёро падруд гуфт. Фасли хазон он замон ҳукм меронд ва дарахтон барг мерехтанд.
Ӯ ба ҳангоми видои дӯстону наздикон, агар ҳам барои чанд рӯз мебуд, ҳамеша  бо муҳаббату самимият мегуфт:
Эй дӯст, биё, ки мо туроем,
Бегона машав, ки ошноем.
Аммо имрӯз мисли ин аст, ки мо бегона шудаем. Чанд рӯз пештар ӯ яксаду даҳсола шуд. Ин санаро фаромӯш кардем ва бо баргузории маҳфиле, ҳамоише  аз ин инсони шариф ёд наёвардем, ҳатто дар шаҳри Кӯлоб. Ёди он барои тарбияи насли наврас, шинохти таърихи миллат ва ҳувияти миллӣ зарур аст, балки бисёр зарур.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 341

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед