logo

иқтисод

СЕМЕНТ. КОРХОНАИ БУЗУРГИ ИСТЕҲСОЛӢ БУНЁД МЕЁБАД

Ба замми корхонаҳои азими  семент, аз ҷумла ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»,  «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент», «Тоҷ Чайна 2013» , ҶСК «Сементи тоҷик»,    дар ноҳияи Қубодиён  корхонаи калонтарини семент бо иқтидори солонаи истеҳсолии  2 миллион тонна бунёд меёбад.

Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохтмони корхонаи мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби бонки тиҷоратии кишвар  – ҶСК «Ориёнбонк» якҷо бо сармоягузорони чинӣ дар майдони 65 гектар бунёд хоҳад ёфт.   Рӯзҳои  наздик сохтмони бинои сеошёнаи маъмурӣ  барои будубоши мутахассисон  оғоз меёбад.  Барои бунёди   пурраи  корхона беш аз 160 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав  2500 тонна сементи навъи М - 400  ва  2500 тонна навъи ба сулфат тобовар,   дар маҷмӯъ 5 ҳазор тонна дар як шабонарӯз  ва соле  2 миллион тонна мебошад.  Дар оянда он бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон хоҳад шуд. 
Сармоягузорони корхонаи нави семент - ҶСК «Ориёнбонк», ширкатҳои «Исмоили Сомонӣ» ва  «Хенан Чжун-Я», ҳамчунин, истеҳсоли ширеши саноатӣ, кафел ва шакарро таҳрезӣ намудаанд. Бунёди корхонаи номбурда  бо  ду хати истеҳсолӣ ва дар заминаи он оянда ба роҳ мондани тавлидоти масолеҳи дигари сохтмонӣ натиҷаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла молҳои сохтмонӣ,  тақвияти иқтидори содиротии  кишвар ва  таъсиси ҷойҳои нави кор аст.
Айни замон ҳиссаи истеҳсоли семент  дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии мамлакат   8,8 дарсадро ташкил медиҳад.  Ҳоло дар зиёд шудани тавлиди он  саҳми ширкатҳои «Хуаксин Ғаюр семент» 38 дарсад,  «Чунгтсай Моҳир семент» 28  ва  «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» 16,6 дарсад мебошад. 
Солҳои гузашта  аксар сохтмонҳои кишвар  бо истифода аз сементи истеҳсоли давлатҳои дигар, махсусан Покистону Чин, сурат мегирифт ва ҳолати вобастагӣ аз сементи воридотӣ ба ҷараёни  бонизоми  сохтмон халал ворид менамуд. Хушбахтона, иқдоми Ҳукумати мамлакат баҳри таъсиси корхонаҳои истеҳсоли семент, мушкилоти норасоии онро аз байн бурд. Имрӯз мардуми кишвар на танҳо бо ин масолеҳи сохтмон дастрасӣ доранд, балки зиёд гардидани истеҳсоли он воридоти сементро аз хориҷ коҳиш додааст.  Ҳамчунин,  корхонаҳои ватанӣ тавассути истеҳсоли сементи  аълосифат  дар минтақа эътибори баландро соҳиб гаштаанд
Ба гуфтаи Шамсиддин Иброҳимов, сардори раёсати масолеҳи сохтмонии Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат,  давоми нимсолаи гузашта  корхонаҳо  ба  ҷумҳуриҳои дуру наздик қариб 350 ҳазор тонна семент фурӯхтанд. Ҳаҷми содироти ин маҳсулоти сохтмонии ватанӣ   беш аз 30  дарсади истеҳсоли онро  ташкил медиҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 534

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед