logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. ТАНЗИМ ВА САХОВАТ ДАР КОРҲОИ ХАЙР

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол сипарӣ шуд. Дар давраи амали қонуни мазкур  пеши роҳи зиёдаравиҳо, зоҳирпарастии беасос, таассубу хурофот ва хароҷоти беҳуда  гирифта шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид. Сокинони ноҳияи Нуробод моҳияти ин қонуни миллиро ба хубӣ дарк намуда, ба ҷойи маъракаҳои пурдабдаба, қишри ниёзманди аҳолиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Давлат Қувватов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳия ба маблағи 113 ҳазору 200 сомонӣ ва дар рӯзи Иди саиди Фитр 8815 сомонӣ кумаки яквақтаи моддӣ расонда шуд. Ҳамзамон, дар филиали ҶСК «Агроинвестбонк» барои 17 ятими кулл суратҳисоб кушода, ба ҳар нафар ба маблағи 2466 сомонӣ интиқол гардид. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бошад, ҶДММ «Шири Нуробод» ба 381 нафар эҳтиёҷманд ба маблағи 22890 сомонӣ, соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Муҷихарф 61242 сомонӣ, шахсони саховатманди Ҷамоати деҳоти Сафедчашма 7355 ва як нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба 35 нафар оилаи ниёзманд ба маблағи 9000 сомонӣ ёрӣ расонданд. Шахсони саховатпеша маблағи садақаи фитрро низ ба муҳтоҷон доданд, ки тақрибан 220 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин давра, дар ноҳия 207 тӯйи домодию арӯсӣ, 5 хатнасур, 95 маъракаи чил ва 19 сол баргузор гардид, ки хароҷоти умумии онҳо 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, дар давраи сипаригашта ҳолатҳои аз ҷониби шахсони алоҳида риоя нагардидани муқаррароти қонун сабт гардид. Масалан, аз ҷониби 55 комиссияи ҷамъиятӣ 7 протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, аз қонуншиканҳо бо ҳукми суд 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Давлат Қувватов зикр кард, ки ба бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 10 мавод оид ба риоя нагардидани талаботи моддаи 474 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадриси бе иҷозати динӣ, адои намоз дар ҷойи ғайримуқаррарӣ ворид гардида, баъди баррасӣ, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ҷарима дар ҳаҷми 9940 сомонӣ муқаррар карда шуд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 369

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед